Комиссияи Аврупо барои "озодию демократия" дар Тоҷикистон миллионҳо евро медиҳад

© Pixabay Деньги на столе
Деньги на столе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2023
Обуна шудан
Сиёсатмадорони аврупоӣ қасд доранд, барои бунёди "ҷомеаи демократӣ" дар Тоҷикистон ва ҳамкорӣ бо ҷавонону созмонҳои ғайриҳукуматӣ 3 млн евро харҷ кунанд
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Комиссияи Аврупо нақшаи амалӣ кардани лоиҳаҳоро дар Тоҷикистон эълон кард, ки ҳадафи он бунёди "ҷомеаи одилонатар ва демократӣ" гуфта мешавад, иттилоъ дод RT.
Ба иттилои манбаъ, барои татбиқи ин ташаббусҳо аз буҷаи Аврупо тақрибан 3 млн евро ҷудо карда мешавад.
Комиссияи аврупоӣ шарҳ додааст, ки вазифаи иҷрокунандагони лоиҳа, ки бояд сохторҳои ғайритиҷоратӣ бошанд, аз дастгирии созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон иборат аст.
Ҳамзамон, Комиссияи Аврупо пешниҳод мекунад, ки ба кор бо ҷавонон, мубориза бо маълумоти бардурӯғ ва мусоидат ба озодии ВАО таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шавад.
Встреча секретаря Совбеза России Н. Патрушева и заведующего канцелярией комиссии по иностранным делам ЦК Компартии Китая Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2023
Патрушев гуфт, ИМА ба кишварҳои собиқ шӯравӣ фишор меорад
Ҳамин тариқ, интизор меравад, ки иҷрокунандагон бо мақсади таъмини озодии ВАО барои рӯзноманигорони ҳирфаӣ, нерӯҳои амниятӣ ва мақомоти судӣ тренингҳои такмили ихтисос гузаронанд.
Қаблан раиси собиқи дастгоҳи президенти Русия Сергей Иванов гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мунтазам инқилобҳои ранга дар саросари ҷаҳонро таҳрик медиҳад ва айни замон махсусан дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъол аст.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз як сол аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ, Амрико "ба истилоҳ, ба озмоиши нахустин ҷумҳурии собиқи шӯравӣ, заифтарин ҳалқаи он замон" - Тоҷикистон шурӯъ карда буд.
Лентаи хабарҳо
0