https://sputnik.tj/20230220/orban-avrupo-jang-tavarrum-muboriza-1055047581.html
Орбан: Агар Аврупо ҷанг мехоҳад, бигзор бо таваррум мубориза барад
Орбан: Агар Аврупо ҷанг мехоҳад, бигзор бо таваррум мубориза барад
Sputnik Тоҷикистон
Маҷористон ҳеч гоҳ аз таҳримҳо алайҳи Русия ҳимоят нахоҳад кард, чун онҳо аллайҳи Маскав равона шудаанд, аммо зиёнашонро Аврупо мебинад
2023-02-20T09:00+0500
2023-02-20T09:00+0500
2023-02-20T09:00+0500
иқтисод
зарба
дар ҷаҳон
таҳрим
амалиёт
маҷористон
сарвазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/03/1053992893_0:0:3078:1731_1920x0_80_0_0_a7b535c9a845c7c6c3a35e388d2e7cbd.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев - Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо бояд ба мубориза бо таваррум тамаркуз кунад, на ҷорӣ кардани таҳримҳои нав, ки "силоҳи сиёсати низомӣ" алайҳи Русия аст, аммо ба Аврупо осеб мерасонанд. Ин нуктаро нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён дошт. Вай таъкид намуд, ки таҳримҳо аслиҳаи сиёсати низомии Брюссел мебошанд, ки нишонашон Русия буд, аммо Аврупо ҳадаф қарор гирифт. Ба гуфтаи ӯ, "таҳримҳои Брюссел" як "вирус" аст, ки боиси бемории бо номи "таварруми таҳримӣ" дар Аврупо шудааст. Орбан ёдовар шуд, ки Иттиҳодияи Аврупо "ваъда дод", ки таҳримҳо ба низоъ дар Украина хотима хоҳанд дод ва онҳо ба энержии Русия дахл нахоҳанд шуд, аммо дар ҳарду ҳолат ҳам кор сурати дигар гирифт. Дар баробари ин иттилоъ дод, ки дар Брюссел қимати газ ва қимати нерӯи барқро вобастаи ҳам карданд, ки болоравии қимати газ фавран бо болоравии нархи нерӯи барқ дар пай дорад. Мақомоти Маҷористон қаблан борҳо гуфта буданд, ки аз ҳеҷ гуна таҳримот алайҳи энержии Русия пуштибонӣ нахоҳанд кард. Ғарб ба далели амалиёти вижа дар Украина фишори таҳримот алайҳи Русияро афзоиш додааст. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан гуфта буд, ки сиёсати боздошт ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ задаанд.
https://sputnik.tj/20230218/sholts-zelenskiy-zamon-poyon-nizo-ukraina-rozi-nest-1055030751.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/03/1053992893_347:0:3078:2048_1920x0_80_0_0_0e4d452d44a882689cbe25495e3311e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
орбан, зиён, таҳрим, русия, аврупо
орбан, зиён, таҳрим, русия, аврупо
Орбан: Агар Аврупо ҷанг мехоҳад, бигзор бо таваррум мубориза барад
Маҷористон ҳеч гоҳ аз таҳримҳо алайҳи Русия ҳимоят нахоҳад кард, чун онҳо аллайҳи Маскав равона шудаанд, аммо зиёнашонро Аврупо мебинад
ДУШАНБЕ, 20 фев - Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо бояд ба мубориза бо таваррум тамаркуз кунад, на ҷорӣ кардани таҳримҳои нав, ки "силоҳи сиёсати низомӣ" алайҳи Русия аст, аммо ба Аврупо осеб мерасонанд.
Ин нуктаро нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан дар саҳифааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баён дошт.
"Агар Брюссел мехоҳад дар ҳар сурат мубориза барад, пас бояд бо таваррум мубориза барад. Ин корро намекунад", - гуфт Орбан.
Вай таъкид намуд, ки таҳримҳо аслиҳаи сиёсати низомии Брюссел мебошанд, ки нишонашон Русия буд, аммо Аврупо ҳадаф қарор гирифт.
Ба гуфтаи ӯ, "таҳримҳои Брюссел" як "вирус" аст, ки боиси бемории бо номи "таварруми таҳримӣ" дар Аврупо шудааст.
Орбан ёдовар шуд, ки Иттиҳодияи Аврупо "ваъда дод", ки таҳримҳо ба низоъ дар Украина хотима хоҳанд дод ва онҳо ба энержии Русия дахл нахоҳанд шуд, аммо дар ҳарду ҳолат ҳам кор сурати дигар гирифт.
Дар баробари ин иттилоъ дод, ки дар Брюссел қимати газ ва қимати нерӯи барқро вобастаи ҳам карданд, ки болоравии қимати газ фавран бо болоравии нархи нерӯи барқ дар пай дорад.
Мақомоти Маҷористон қаблан борҳо гуфта буданд, ки аз ҳеҷ гуна таҳримот алайҳи энержии Русия пуштибонӣ нахоҳанд кард.
Ғарб ба далели амалиёти вижа дар Украина фишори таҳримот алайҳи Русияро афзоиш додааст. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан гуфта буд, ки сиёсати боздошт ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ задаанд.