https://sputnik.tj/20230426/amaliyot-yazghulom-tafsilot-toza-malumot-afghoniston-1056703027.html
"Амалиёти Язғулом" – тафсилоти тоза аз манобеъ дар Тоҷикистону Афғонистон
"Амалиёти Язғулом" – тафсилоти тоза аз манобеъ дар Тоҷикистону Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Ба ҷуз 2 террористе, ки дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар Ванҷ ба ҳалокат расиданд, як тани дигар ба дарё ғарқ шуда, 3 нафари дигарро толибҳо боздошт кардаанд
2023-04-26T16:10+0500
2023-04-26T16:10+0500
2023-04-26T16:25+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
толиб
язгулом
ванҷ
кдам
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/01/1043863929_0:155:3363:2047_1920x0_80_0_0_a8fce1031558eeada545b9a2235ee2cb.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Гуруҳи террористоне, ки марзро дар ноҳияи Ванҷ убур кардаанд, аз 6 нафар иборат буда, бархеяшон фирор кардаанд, иттилоъ доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон. Ахиран Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз кушта шудани 2 узви созмони байнулмилалии террористӣ хабар дода буд. Манобеи Sputnik Тоҷикистон аз минтақа хабар медиҳанд, ки дар пайи амалиёти муштараки нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ аз гурӯҳи шашнафараи террористоне, ки марзро убур карда буданд, як нафар ҳангоми фирор ба Афғонистон дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст ва 3 нафари дигар ба Афғонистон паноҳ бурдаанд. “Аз ду нафаре, ки кушта шудаанд, яке шиносоӣ шудааст. Ӯ сокини ноҳияи Язғулом буда, зоҳиран, раҳбалади ин гурӯҳ аст. Нафари дигари кушташуда ҳам шаҳрванди Тоҷикистон аст, аммо шахсияти ӯ маълум карда нашудааст. Дасти кам ӯ эҳтимолан аз ин минтақа нест”, - гуфт манбаъ.Дар ҳамин ҳол, манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Афғонистон мегӯянд, 3 нафар аз ин гурӯҳро истихбороти толибҳо дар қаламрави вулусволии Нусай боздошт карда, ба Раёсати исхбороташон дар ин вилоят дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон интиқол додаанд. Онҳо таҳти таҳқиқ қарор доранд, гуфт манбаъ. Қаблан КДАМ хабар дод, ки субҳи 26 апрел, дар пайи амалиёти муштараки нерӯҳои амниятии кишвар дар ноҳияи Ванҷ 2 узви ташкилоти байналмилалии террористӣ, ки бо мақсади анҷом додани амали террористӣ аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шуда буданд, кушта шудаанд.Бино ба ин манбаъ, ин афрод хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии "Дарвоз", воқеъ дар деҳаи Дашти Язғуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон убур намуда буданд. “Дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2 тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид”, - омадааст дар хабари КДАМ. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, ҳанӯз маълум нест, ки ин афрод марбути кадом гурӯҳ буданд, аз ҷумла “Ҷамоати Ансоруллоҳ”* ё ДОИШ*, зеро аз шаш нафаре, ки ба Тоҷикистон убур карда буданд, чаҳор тани онҳо, ба шумули ду кушта, шаҳрванди Тоҷикистон будаанд. Ду нафари дигар шаҳрванди давлати дигар ҳастанд ва аз ҷумла бино ба иттилои ин манобеъ, нафаре, ки ба дарё ғарқ шудааст, шаҳрванди Тоҷикистон набудааст.*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия
https://sputnik.tj/20230426/kdam-tojikiston-terrorist-musallah-marzshikan-yazgulom-1056691224.html
https://sputnik.tj/20230320/guzorish-prokuror-pul-qonunshikani-sarhad-rustam-1055634874.html
афғонистон
язгулом
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/01/1043863929_634:0:3363:2047_1920x0_80_0_0_c05b67415e71b9f49ffeaf71bdba942e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тафсилот, амалиёт, тоза,
"Амалиёти Язғулом" – тафсилоти тоза аз манобеъ дар Тоҷикистону Афғонистон
16:10 26.04.2023 (Навсозишуда: 16:25 26.04.2023) Ба ҷуз 2 террористе, ки дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ дар Ванҷ ба ҳалокат расиданд, як тани дигар ба дарё ғарқ шуда, 3 нафари дигарро толибҳо боздошт кардаанд
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Гуруҳи террористоне, ки марзро дар ноҳияи Ванҷ убур кардаанд, аз 6 нафар иборат буда, бархеяшон фирор кардаанд, иттилоъ доданд манобеи Sputnik Тоҷикистон.
Ахиран Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз кушта шудани 2 узви созмони байнулмилалии террористӣ хабар дода буд.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон аз минтақа хабар медиҳанд, ки дар пайи амалиёти муштараки нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ аз гурӯҳи шашнафараи террористоне, ки марзро убур карда буданд, як нафар ҳангоми фирор ба Афғонистон дар дарёи Панҷ ғарқ шудааст ва 3 нафари дигар ба Афғонистон паноҳ бурдаанд.
“Аз ду нафаре, ки кушта шудаанд, яке шиносоӣ шудааст. Ӯ сокини ноҳияи Язғулом буда, зоҳиран, раҳбалади ин гурӯҳ аст. Нафари дигари кушташуда ҳам шаҳрванди Тоҷикистон аст, аммо шахсияти ӯ маълум карда нашудааст. Дасти кам ӯ эҳтимолан аз ин минтақа нест”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, манбаи Sputnik Тоҷикистон аз Афғонистон мегӯянд, 3 нафар аз ин гурӯҳро истихбороти толибҳо дар қаламрави вулусволии Нусай боздошт карда, ба Раёсати исхбороташон дар ин вилоят дар шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон интиқол додаанд. Онҳо таҳти таҳқиқ қарор доранд, гуфт манбаъ.
Қаблан КДАМ хабар дод, ки субҳи 26 апрел, дар пайи амалиёти муштараки нерӯҳои амниятии кишвар дар ноҳияи Ванҷ 2 узви ташкилоти байналмилалии террористӣ, ки бо мақсади анҷом додани амали террористӣ аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шуда буданд, кушта шудаанд.
Бино ба ин манбаъ, ин афрод хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отряди сарҳадии "Дарвоз", воқеъ дар деҳаи Дашти Язғуломи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон убур намуда буданд.
“Дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2 тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид”, - омадааст дар хабари КДАМ.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои манобеъи Sputnik Тоҷикистон, ҳанӯз маълум нест, ки ин афрод марбути кадом гурӯҳ буданд, аз ҷумла “Ҷамоати Ансоруллоҳ”* ё ДОИШ*, зеро аз шаш нафаре, ки ба Тоҷикистон убур карда буданд, чаҳор тани онҳо, ба шумули ду кушта, шаҳрванди Тоҷикистон будаанд.
Ду нафари дигар шаҳрванди давлати дигар ҳастанд ва аз ҷумла бино ба иттилои ин манобеъ, нафаре, ки ба дарё ғарқ шудааст, шаҳрванди Тоҷикистон набудааст.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистону Русия