https://sputnik.tj/20230320/guzorish-prokuror-pul-qonunshikani-sarhad-rustam-1055634874.html
Гузориши прокурори генералӣ аз пулситониву қонуншиканиҳо дар сарҳад: оммавӣ шудааст
Гузориши прокурори генералӣ аз пулситониву қонуншиканиҳо дар сарҳад: оммавӣ шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Додситони куллӣ Тоҷикистон дар як ҳисобот аз вазъи густурдаи қонуншиканӣ дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард
2023-03-20T15:04+0500
2023-03-20T15:04+0500
2023-03-20T15:04+0500
дар тоҷикистон
рустами эмомалӣ
прокуратураи генералӣ
қонуншиканӣ
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/33/1030623316_0:234:3000:1922_1920x0_80_0_0_3ca2c25424e90f1779515e0de63c920b.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар фаъолияти баъзе сарҳадбонон ва гумрукчиён ҳолатҳои маблағситонӣ дар шуъбаҳои назорати сарҳадӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ характери оммавиро пайдо намудааст.Ин нуктаро Раҳмон ахиран зимни ҳисоботи солонааш ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон зери раҳбарии Рустами Эмомалӣ баён дошта афзуд, ки аз ҷлониби чунин афрод ҳамчунин ҳуқуқҳои шаҳрвандони чӣ мамлакат ва чӣ хориҷиён дағалона поймол карда мешаванд.Чунончи, ба гуфтаи ӯ чунин вазъ дар шуъбаи назорати сарҳадии “Душанбе”-и қисми ҳарбии 0121 ҚС КДАМ ба қайд гирифта шуд.Назоратчии калон оид ба тафтиши ҳуҷҷатҳо, лейтенанти калон Нажмудинов Қ. ва нозири дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирони гумруки “Майдони ҳавоӣ”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, лейтенанти Хадамоти гумрук Раҳмонзода А. аз шаҳрванди Покистон Муҳаммад Шабир барои бемамониат аз сарҳад гузаштан 400 сомонӣ ва 200 доллари ИМА талаб карда гирифтаанд.Ҳамчунин 7 сентябри соли 2022 назоратчии шуъбаи назорати сарҳадии “Душанбе”-и қисми ҳарбии 0121 Қӯшунҳои сарҳадӣ прапоршик Мирзоев З. аз шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ барои аз хати сарҳади давлатӣ гузашта, ба Русия рафтан, 500 сомонӣ талаб карда гирифтааст.Додситонӣ гуфтааст, ки нисбати номбурдагон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва пас аз тафтиш ба суд ирсол карда шудааст.Гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ, оид ба ин ҳолатҳо 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки 13 адади он коррупсионӣ мебошад.Ин изҳороти додситонӣ дар ҳолест, ки "ғорати" як профессори ҷопонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки ҳангоми убур 100 долларашро гирифтаанд, ахиран сару садоҳоро ба миён овард. Дар ин бора Ғуломалиев Ширалӣ, олими тоҷик, ки дар яке аз донишгоҳҳои Ҷопон кор мекнад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буд.Ҳамчунин ронандаи мошини боркаше аз Русия низ дар пайи сафараш сарҳади Тоҷикистонро фасодзадатарин марзҳое номид, ки аз он убур кардааст ва таъкид кард, ки дигар ба ин кишвар намеояд.Дар маҷмӯъ,оид ба ин ҳолатҳо 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки 13 адади он коррупсионӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20230217/rahmon-prokuror-vmkb-otashzani-dodsitoni-vose-1055004088.html
https://sputnik.tj/20230217/oshkori-jinoyati-korrupsion-sugd-maqomot-1055019150.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103062/33/1030623316_231:0:2902:2003_1920x0_80_0_0_0feb8fe67039f90480513ddd442afe41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гузориш прокурор генералӣ пулситонӣ қонуншиканӣ сарҳад
гузориш прокурор генералӣ пулситонӣ қонуншиканӣ сарҳад
Гузориши прокурори генералӣ аз пулситониву қонуншиканиҳо дар сарҳад: оммавӣ шудааст
Додситони куллӣ Тоҷикистон дар як ҳисобот аз вазъи густурдаи қонуншиканӣ дар гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, дар фаъолияти баъзе сарҳадбонон ва гумрукчиён ҳолатҳои маблағситонӣ дар шуъбаҳои назорати сарҳадӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ характери оммавиро пайдо намудааст.
Ин нуктаро Раҳмон ахиран зимни ҳисоботи солонааш ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон зери раҳбарии Рустами Эмомалӣ баён дошта афзуд, ки аз ҷлониби чунин афрод ҳамчунин ҳуқуқҳои шаҳрвандони чӣ мамлакат ва чӣ хориҷиён дағалона поймол карда мешаванд.
Чунончи, ба гуфтаи ӯ чунин вазъ дар шуъбаи назорати сарҳадии “Душанбе”-и қисми ҳарбии 0121 ҚС КДАМ ба қайд гирифта шуд.
Назоратчии калон оид ба тафтиши ҳуҷҷатҳо, лейтенанти калон Нажмудинов Қ. ва нозири дидбонгоҳи назорати гумрукии мусофирони гумруки “Майдони ҳавоӣ”-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе, лейтенанти Хадамоти гумрук Раҳмонзода А. аз шаҳрванди Покистон Муҳаммад Шабир барои бемамониат аз сарҳад гузаштан 400 сомонӣ ва 200 доллари ИМА талаб карда гирифтаанд.
Ҳамчунин 7 сентябри соли 2022 назоратчии шуъбаи назорати сарҳадии “Душанбе”-и қисми ҳарбии 0121 Қӯшунҳои сарҳадӣ прапоршик Мирзоев З. аз шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ барои аз хати сарҳади давлатӣ гузашта, ба Русия рафтан, 500 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Додситонӣ гуфтааст, ки нисбати номбурдагон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва пас аз тафтиш ба суд ирсол карда шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ, оид ба ин ҳолатҳо 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки 13 адади он коррупсионӣ мебошад.
Ин изҳороти додситонӣ дар ҳолест, ки "ғорати" як профессори ҷопонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки ҳангоми убур 100 долларашро гирифтаанд, ахиран сару садоҳоро ба миён овард.
Дар ин бора Ғуломалиев Ширалӣ, олими тоҷик, ки дар яке аз донишгоҳҳои Ҷопон кор мекнад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буд.
Ҳамчунин ронандаи мошини боркаше аз Русия низ дар пайи сафараш сарҳади Тоҷикистонро фасодзадатарин марзҳое номид, ки аз он убур кардааст ва таъкид кард, ки дигар ба ин кишвар намеояд.
Дар маҷмӯъ,оид ба ин ҳолатҳо 14 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки 13 адади он коррупсионӣ мебошад.