https://sputnik.tj/20230426/kdam-tojikiston-terrorist-musallah-marzshikan-yazgulom-1056691224.html
КДАМ Тоҷикистон: 2 террористи мусаллаҳи марзшикан дар Язгулом нобуд карда шуданд
КДАМ Тоҷикистон: 2 террористи мусаллаҳи марзшикан дар Язгулом нобуд карда шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон аз нобуд кардани 2 марзшикани мусаллаҳ дар пайи амалиёти зиддитеррористӣ гуфта, афзуданд ягон корманди мақомот ва аҳолӣ осеб надидаст
2023-04-26T11:45+0500
2023-04-26T11:45+0500
2023-04-26T11:45+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
хизмат
амалиёт
террорист
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102724/51/1027245186_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_e259750500f925d29b57bfb018f2e253.jpg
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ду нафари мусаллаҳ аз Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ вориди Тоҷикистон шуда, қасди анҷоми амали террористӣ дар қаламрави ҷумҳуриро доштанд. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ҳодиса субҳи 26 апрел рух дод. Ба иттилои ин ниҳод, 2 узви ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амали террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отрядисарҳадии "Дарвоз" убур кардаанд. Манбаъ тавзеҳ дод, ки марзшиканӣ дар деҳаи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ рух додаст. КДАМ мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ террористон нобуд карда шуданд. Дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2 тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид, омадааст дар иттилоия. Манбаъ таъкид намуд, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои пурра муайян намудани шахсияти террористон ва дигар ҳаммаслакони онҳо чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишӣ идома дорад.Зимни гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоишта зарар надиданд, илова намуд КДАМ.
https://sputnik.tj/20230424/hikmatyor-amriko-afghoniston-nizo-oghoz-1056634223.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102724/51/1027245186_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_04c23b9db31d7079ec71859a2bcbbf18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амалиёт, зиддитеррористӣ, язгулом, кдам, тоҷикистон
амалиёт, зиддитеррористӣ, язгулом, кдам, тоҷикистон
КДАМ Тоҷикистон: 2 террористи мусаллаҳи марзшикан дар Язгулом нобуд карда шуданд
Мақомоти Тоҷикистон аз нобуд кардани 2 нафар дар Язгулом дар пайи амалиёти зиддитеррористӣ гуфта, афзуданд, ягон корманди мақомот ва аҳолӣ осеб надидаст
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ду нафари мусаллаҳ аз Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ вориди Тоҷикистон шуда, қасди анҷоми амали террористӣ дар қаламрави ҷумҳуриро доштанд.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ҳодиса субҳи 26 апрел рух дод.
Ба иттилои ин ниҳод, 2 узви ташкилоти байналмилалии террористӣ бо мақсади анҷом додани амали террористӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хати сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 11-уми Отрядисарҳадии "Дарвоз" убур кардаанд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки марзшиканӣ дар деҳаи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ рух додаст.
КДАМ мегӯяд, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштараки зиддитеррористии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ террористон нобуд карда шуданд.
Дар ҷойи ҳодиса 2 автомати Калашников, 2 тапончаи истеҳсоли хориҷӣ, 8 норинҷаки дастӣ, 12 тирдон бо тир, 19 баста моддаи тарканда, 2 воситаи махсуси алоқа ва 2 телефони мобилӣ, ки ба террористон тааллуқ дошт, дарёфт ва мусодира гардид, омадааст дар иттилоия.
Манбаъ таъкид намуд, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои пурра муайян намудани шахсияти террористон ва дигар ҳаммаслакони онҳо чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишӣ идома дорад.
Зимни гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сокинони осоишта зарар надиданд, илова намуд КДАМ.