Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Пешниҳоди ИМА ба Киев дар мавриди Артёмовск маълум шуд

© AP / LibkosУкраинские войска ведут артиллерийский огонь в районе Бахмута
Украинские войска ведут артиллерийский огонь в районе Бахмута - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2023
Обуна шудан
Аз ҳуҷҷатҳои махфии хадамоти иктишофии Амрико, бармеояд, ки муваффақиятҳои Русия "қобилияти Украинаро барои нигоҳ доштани Артёмовск зери суол гузоштаанд"
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Киевро аз эҳтимоли муҳосираи нирӯҳояш дар Артёмовск ҳушдор дода, пешниҳод карда будаанд, ки шаҳрро тарк кунад.
Дар ин бора нашрияи Washington Post бо такя ба асноди махфии хадамоти истихборотии Амрико, ки ба интернет роҳ ёфтаанд, иттилоъ дод.
Тибқи асноди махфии мақомоти иктишофии ИМА, ки қаблан гузориш нашуда буд, тахминҳои ИМА дар мавриди Арёмовск дар моҳи январ даҳшатнок буданд.
Нашрия менависад, ки тибқи баҳоргузориҳо бо қайди "хеле махфӣ" ҳушдор дода шуда буд, ки дастовардҳои "устувор"-и Русия "қобилияти Украинаро барои нигоҳ доштани шаҳр зери хатар мегузоранд".
Ҳушдор дода шуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина "агар дар давоми як моҳи оянда ақиб нанишинанд, хатари муҳосира шуданашон мумкин аст".
Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2023
Путин дар самти Херсон: вазъияти фаврӣ дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ
Дар як санади дигар гуфта мешавад, ки ба Украина пешниҳод шудааст, ки рӯҳияи низомиёни Русияро коста кунад ва ҳамчунин тавсия дода шавад, ки ба онҳо бо кӯмаки "лавозимоти ҷангии мукаммалшуда" зарба занад.
Сухан дар бораи якҷоя кардани артиллерия ва ракетаҳои "замин - ҳаво" барои пас гардондани мавҷхои хуҷумкунанда меравад.
Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳангоми ақибнишинӣ аз Артёмовск чаҳор бинои баландошёнаро тарконданд.
Ёдовар мешавем, ки Артёмовск дар шимоли Горловка дар Донетск ҷойгир аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Донбасс аст. Бештар аз ним сол аст, ки барои шаҳр муҳорибаҳоши шадид давом доранд.
Лентаи хабарҳо
0