Путин дар самти Херсон: вазъияти фаврӣ дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2023
Обуна шудан
Амали раисҷумҳури Русия дар хати пеш дар вилоятҳои Донбасс ва Херсон иродаи қавии Кремлро барои расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижаи низомӣ инъикос менамояд
Президенти Русия ва Сарфармондеҳи олӣ Владимир Путин 17 апрел аз ситоди гурӯҳҳои низомиёни русиягӣ дар самти Херсон "Днепр", ва дар вилояти Луганск – аз ситоди горди миллии "Восток" дидан намуд.
Гузоришҳои сарварони низомӣ Михаил Теплинский, Олег Макаревич ва Александр Лапинро қабул намуд, яъне ки дар маҳал вазъияти фавриро омӯхт, афзалиятҳои стратегии қувваҳои русиягиро дар самтҳои Херсон ва Запорожск аниқ намуд.
Бори аввал нест, ки Владимир Путин ба минтақаи амалиётҳои ҷангӣ меояд. Пештар ба Мариупол сафар намуда, ба рафти корҳои барқароркунӣ баҳо дода буд. Сафарҳои президент ба минтақаҳои нав мазмуни хоса доранд – барои худиҳо ва барои бегонагон.
Вобаста ба гузаронидани амалиёти вижаи низомӣ дар қаламравҳои ҶХЛ, ҶХД, вилоятҳои Запорожск ва Херсон аз моҳи октябри соли 2022 реҷаи вокуниши фаврӣ амал менамояд, ки дар замони амали он ҳукуматҳои минтақаҳо салоҳияти пурраи дар қонун “Дар бораи вазъияти чангӣ” пешбининамударо доранд.
Владимир Путин посетил штаб группировки войск «Днепр» на Херсонском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Боздиди Путин аз минтақаҳои амалиёти низомӣ - видео
Хузури шахсӣ дар хати пеши амалиёти вижаи низомӣ ва иштирок дар амалҳои низомӣ барои Владимир Путин шарт нест, аммо ин ифодаи боварибахши иродаи давлат ба расидан ба ҳадафҳо, ҳаракати барнагардандаи Русия ба худудҳои таърихии амнияти худ - ғарбтари Киев ва Лвов – мебошад.
Вазъияти фаврӣ дар минтақаи амалиёти вижа мураккаб боқӣ мемонад - қувва ва воситаҳои низомиёни русиягӣ ҳам аз ҷиҳати миқдор ва ҳам аз ҷиҳати сифат бартарӣ доранд, дар чунин ҳолат ҳам қувваҳом мусаллаҳи Украина дар нуқтаҳои алоҳидаи хати ҷабҳа кӯшиши ҳуҷуми ҷавобӣ доранд ва талафотҳои ҳангуфт дида истодаанд.
Авдеевка, Артемовск, Северск, Соледар, Маринка, Угледар, хати Сватово – Кременная мавзеъҳои аз ҳама доғ боқӣ мемонанд.
Дар уфуқҳои намоёни ҳаводис, дар қаноти шарқии НАТО – дар кишварҳои назди Балтика, Лаҳистон, Словакия, Венгрия, Руминия, Булғористон – Иёлоти Муттаҳида ва иттифоқчиёни онҳо боркашонии ин иттифоқи низомиро вусъаи додаву қӯшунҳои иловагиро ғун карда истодаанд.
Президент Украины Владимир Зеленский, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский иқрор шуд, ки ҳамлаи ҷавобии Украина ғайриимкон аст
Иттиҳодияҳои комплекси саноатӣ-низомиро бозсозӣ намуда истодаанд – мабодо бархӯрди бевоситаи низомӣ бо Русия рух диҳад.
Тибқи маълумоти The New York Times, НАТО нақша дорад дар ҳар яке аз ҳашт кишвари номбаршуда бригадаи пурраро - бо ҳайати то 5 ҳазор нафар хизматчӣ – ҷойгир намояд, то “боз доштан” “тӯлонитару боэтимодтар” бошад. Ҳашт гӯрӯҳи ҷангӣ аз ҷиҳати шумора то ба 40 ҳазор чанговар афзоиш меёбад, яъне ки чаҳор маротиба.
Нақшаҳои калон ҷиҳати рушд ва мукаммалсозии системаҳои мудофиаи зиддиҳавоии НАТО дар қаноти шарқӣ низ ҳастанд. Амалан, стратегияи НАТО аллакай ба ҳама ҷаҳон исбот намуд ва нишон дод, ки доман паҳн намудан ба шарқ – боз бо саргармии авомфиребона бобати амният - хатари маргзо дорад.
Шаби бар 18 апрел дар вилоятҳои Днепропетровск, Николаевск, Сумск, Полтавск ва Харков бонги хатари ҳавоӣ зада шуд.
Қувваҳом мусаллаҳи Русия оғоз аз 10 октябр (баъд аз амалиёти террористӣ дар пули Қрим) амалан ба иншоотҳои энергетикӣ, саноати ҳарбӣ ва алоқа ҳамарӯза зарбаҳои дақиқиашон баланди мушакӣ мезананд – дар тамоми қаламрави душман.
Премьер-министр Венгрии Виктор Орбан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2023
Орбан: Украина кишварест, ки вуҷуд надорад
Дар шабонарӯзи гузашта дар самтҳои Южно-Донетск ва Запорожск бо зарбаи фаврӣ тактикӣ ва авиатсияи низомӣ, аз тӯпҳо ва "Солнцепек"-ҳои гуруҳи низомиёни русиягии “Восток” зерсохторҳои украинӣ дар маҳалҳои аҳолинишини Угледар, Новопол ва Полтавка нобуд карда шуданд.
Дар наздикии Авдеевка нуқтаҳои идоракунии 25-уми десантӣ-ҳавоӣ ва 110-уми бригадаи механиконидашудаи Қувваҳои мусаллаҳи Украина нобуд карда шуданд. Ғайр аз ин, ду анбори душман дар нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Гуляйполе ва Червоная Кринитса вайрон карда шуданд.
Авиатсияи Русия бо истифода аз бомбаҳои ҳушманди УПАБ-1500 дар ғарби Артёмовск ба иншоотҳои барои қувваҳои мусаллаҳи Украина калидӣ ва ҳам ба роҳҳои баромад аз шаҳр зарба зада истодааст.
Ҳуҷумкунандагони ширкати хусусии низомии “Вагнер” бо дастгирии зерсохторҳои қӯшунҳои десантӣ-ҳавоӣ дар ғарби шаҳр ҳамарӯза ду маҳалларо озод менамоянд. Имрӯз низомиёни украинӣ ҳамагӣ на зиёдтар аз 10%-и қаламрави шаҳрро таҳти назорат доранд.
Дар самтҳои Авдеевск ва Маринск тӯпҳои калибрашон калон нуқтаҳои асосии ҷойгиршавии муваққатии бригадаҳои 59-уми механиконидашуда ва 79-уми десантиву ҳамлаварии артиши украиниро "сара кардан" доранд.
Военнослужащий РФ на Запорожском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Фармондеҳ: Нерӯҳои украинӣ дар самти Запароже фаъолтар шудаанд
Дар ноҳияи Северск ситемаҳои реактивии “оташи силсилавӣ”-и "Ураган" ва "Град" 2- и корпуси низомии Округи ҷанубии ҳарбӣ ба маҳалли ғуншавии қувваи зиндаи душман ва бригадаи 54-уми механиконидашуда зарбаҳои гурӯҳӣ заданд.
Дам ба дам намояндагони режими киевӣ (ба сарпарастони “лоиҳаи украинӣ”) дар бораи зарбаҳои ҷавобии миқёсан калони ба наздикӣ сурат мегирифта хабар медиҳанд, ки барои ташкили онҳо захираҳои ИМА ва НАТО намерасанд - оддитарин захираҳо яроқу аслиҳаро надоранд.
"Муборизаи титанӣ"-и ғарби дастҷамъона бо Русия дар театри амалиёти ҷангии Украина ҳоло ба ҳуштак табдил наёфтааст, аммо нашрияи испании El País аллакай пуриқтидории русиягӣ - “дандони аждаҳор” – ро бо андӯҳ муаррифӣ менамояд –дар хати ҳамхудуди ҷангӣ бо тӯли 800 километр.
Қувваҳои мусаллаҳи Украина бартарии секаратаи зарурӣ дар теъдоди аскарон, ҳамчунин - дастгирии тупиву ҳавоӣ надоранд, ва дар ягон самт зарбаи ҷавобии муваффақ зада наметавонанд.
Ғарб бешармона Украинаро дар муборизаи беақлона бо калонтарин мамлакати ядроии ҷаҳон ба марги пуразоб маҳкум намуда истодааст.
Лентаи хабарҳо
0