https://sputnik.tj/20230418/sistema-mudofia-ziddihavo-rusiya-qirghiziston-1056543368.html
Системаи мудофиаи зиддиҳавоии Русия ва Қирғизистон: ҳадафҳо ва воситаҳо
Системаи мудофиаи зиддиҳавоии Русия ва Қирғизистон: ҳадафҳо ва воситаҳо
Sputnik Тоҷикистон
Ду давлат системаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоиро барои самаранок муҳофизат намудани ҳудудҳои фазоӣ-кайҳонии худ аз таҳдидҳо аз самти ҷануб ташкил намудаанд
2023-04-18T19:55+0500
2023-04-18T19:55+0500
2023-04-19T18:39+0500
дар русия
амният ва мудофиа
қирғизистон
муштарак
ҳавоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0b/1031883972_0:107:2923:1751_1920x0_80_0_0_4486f75221b139b885c6b8e216e72c88.jpg
Қарори ду давлат бобати дигаргунсозӣ “аз нав насб намудан”-и ҳамаи системаҳои мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои муштаракулманофеъро инъикос менамояд.Ҳукумати ФР ба президент Владимир Путин созишнома дар бораи таъсиси Системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ байни Русияву Қирғизистонро барои тасдиқ дар Думаи давлатӣ пешниҳод намуд. Сухан дар бораи он ҳуҷҷате меравад, ки 16 августи соли 2022 дар Маскав ба имзо расонида шуда буд.Пештар созишномаи ҳамсони Русия бо Ҷумҳуриҳои Қазоқистон (2013), Арманистон (2015), Беларус (2016) ва Тоҷикистон (2021) амалӣ гардидааст. “Аз нав насб намудан”-и Системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии байни кишварҳои иштирокчӣ, ки моҳи феврали 1995 байни ин давлатҳо такил шуда буд, чӣ зарурият дорад?Система тасдиқ намуд, ки устувор аст, аммо, бо мурури замон дагаргуниҳои технологӣ ба миён омаданд, дар ҳайати Системаи муттаҳида бошад аз 10 давлат 6 давлат боқӣ монд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон.Системаи мудофиаи зиддиҳавоӣ - мудофиаи зиддимушакиро тибқи дурнамо ҷаҳиши баланд ва сабқати чашмрас интизор аст. Зарурияти пурзӯр намудани имкониятҳои Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои ИДММ фаҳмост - ин тезонидани азнавсозии техникӣ ва мукаммалсозии таркибӣ, боз ҳам возеҳтар намудани вазифаҳои функсионалии ҳар як аъзо ва аниқ намудани масъулияти ҳар аъзо мебошад. Президенти Русия Владимир Путин бори аввал дар ин хусус моҳи ноябри соли 2013 эълон дошта буд.Моҳияти дигаргунсозии Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои ИДММ – ин тавҳиди Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ дар самтҳои стратегии амнияти дастаҷамъӣ дар қисми Аврупои шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи марказӣ мебошад.Дар замони осоишта системаи мудофиаи зиддиҳавоӣ ё худ ба истилоҳ – ПВО, дар ин давлатҳо дар реҷаи маъмулӣ, дар алоҳидагӣ кор мекунанд. Дар марҳилаи таҳдиди бевоситаи таҷовуз, барои идора намудани ин системаи минтақавӣ ба таври таъҷилӣ фармондеҳии муттаҳида ташкил карда мешавад ва амали кишварҳои иттифоқчиро Нуқтаи ягонаи фармондеҳӣ ҳамоҳанг месозад. Пойгоҳи боэътимод – асоси муваффақияти азнавсозӣ аст.Ба Системаи муттаҳидаи мудофиавии зиддиҳавоии кишварҳои ИДММ 19 қисмҳои низомии авиатсионӣ, 38 қисмҳои низомии мушакии самтурраъсӣ, 15 қисмҳои низомии радиотехникӣ, 9 бригадаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ва се қисмҳои низомии муборизаи радиоэлектронӣ дохил мешаванд.Қувваю воситаҳо инҳоро дарбар мегиранд:- қӯшунҳои мушакӣ, 15 қисмҳои қӯшунҳои радиотехникӣ, 9 бригадаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, ва се қисми муборизаи радиоэлектронӣ;- истгоҳҳои радиолокатсионии “Днепр”(Қазоқистон), “Волга” (Беларус), “Воронеж-ВП” ва ғайра;- маҷмӯи мушакии зенитӣ ва системаҳои С-200, С-300 "Фаворит", С-350 "Витяз", С-400 "Триумф", С-500 "Прометей" ва маҷмӯи силоҳи мушакии "Пантсир-С1";- тайёраҳои авиатсияи қиркунандаи Су-27, Миг-29, МиГ-31, тайёраҳои бомбаандози Су-24, тайёраҳои ҳуҷумкунандаи Су-25, тайёраҳои дурпарвози Ту-22М3, Ту-160, Ту-95МС, чархболҳои Ка-27, Ми-8.Хусусиятҳои шаклгирӣИттиҳодияи минтақавии ситемаи мудофиаи зиддиҳавоии Русия ва Қирғизистон як қисми Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии ИДММ боқӣ мемонад, аммо имкон медиҳад бе расмиятпарастӣ, тӯли дақиқаҳои бошумор ба таҳдидҳои самти стратегии ҷануб вокуниш нишон дода шавад. Ҳайати қӯшунҳо ва қувваҳоро дар системаи муттаҳидаи мушакии мудофиаи зиддиҳавоӣ мақомотҳои ваколатдори ду давлат тасдиқ менамоянд. Барои ҷойгиркунии зерсохторҳо дар замони амали созишнома Қирғизистон ба Русия дар асоси бебозгашт панҷ гектар замин медиҳад.Мустаҳкам гардидани иқтидори мудофиавии Қирғизистон пурра ба манфиатҳои Русия ҷавобгӯ мебошад.Таҳдидҳои умумӣ дар самти стратегии ҷануб ҳамкории низомӣ ва низомӣ-техникии Бишкек ва Маскавро зичтар менамоянд.Пештар Русия пойгоҳи СААД-ро дар Кант бо бесарнишинҳо ва воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ пурзӯртар намуда буд. Бобати фаро гирифтани сарҳадҳои дури Қирғизистон бо мушакҳои зенитии маҷмӯи С-300 созишнома ба тавсиб расидааст. Дар ҳудудҳои наздик бошад бехатариро ЗРПК "Пантсир-С1" таъмин менамоянд.Пойгоҳи муттаҳидаи авиатсионии “Кант”, ки аз сарҳади Афғонистон 600 километр дур аст, асоси ҳамкории мудофиавии (мӯҳлати иҷора - то соли 2058) Русия ва Қирғизистон ва дигар кишварҳои Осиёи марказӣ мебошад. Маскав ва Бишкек 10 сол пеш созишномаи байнидавлатиро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ-техникӣ ба имзо расонида буданд, ки дар чаҳорчӯбаи он Русия ба ҷумҳурӣ яроқу техникаи замонавӣ ба маблағи 1 миллиард доллар ҷудо менамояд.Тасодуфӣ нест, ки маҷаллаи The Economist дар феҳрасти “дӯстони Путин” Қирғизистонро ба сифати иттифоқчии калидии геополитикии Русия ва чун аъзои СААД дар мақоми фахрии сеюм гузоштааст.Иқтидори афзудаистодаи системаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ дар қаламрави ИДММ Ғарбро басо асабонӣ мекунад. Ғарберо, ки мехоҳад барои худ ҳуқуқи бе ягон ҷазо бар “кишварҳои шарманда” ва ё худ бар “диктаторҳо”-и алоҳида зарбаи ҳавоӣ заданро нигоҳ дорад. Аммо ҷаҳони бисёрқутба инро қабул надорад.Ба Системаҳои муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ дар кишварҳои Осиёи марказӣ, Кафказ ва Аврупои шарқӣ лозим меояд бисёр муаммоҳоро ҳал кунанд. Аммо вазъияти номураттаби низомиву сиёсӣ дар ҷаҳон “гӯшона” мезанад, ки ҳеҷ кас дар АвроОсиё аз маҷбуркунӣ ба иҷро намудани “қоидаҳо”-и Вашингтон ва аз “ҷорӣ намудан”-и “тартибот” аз ҷониби қувваҳои НАТО эмин нест. Беҳтараш ба чунин амалҳои ҳамояҳоямон аз ҳамин сайёра саривақту пешакӣ омода бошем.Сохтори ташкилӣ-воҳидии системаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои ба Русия дӯсти ИДММ дар баробари васеъшавии гуруҳҳои кайҳонии Вазорати дифои ФР, дар баробари рушди зудҳаракативу безаволӣ, баландшавии сатҳи ноаёниву дараҷаи автоматикунонӣ, рушди иқтидори оташандозӣ, доманадоршавии ҳудуди зарбазанӣ ва кӯтоҳшавии вақти вокуниши маҷмааҳои мушакии Вазорати дифои Русия рушд меёбанд.
https://sputnik.tj/20220626/vazorat-mudofia-severodonetsk-nazorati-jml-1049518606.html
https://sputnik.tj/20230403/razmoish-mushtarak-tojikiston-rusiya-1055934704.html
https://sputnik.tj/20230331/saad-omodagi-barodarii-jangi-1055873261.html
https://sputnik.tj/20230306/diplomat-rusiya-saad-shsh-mushtarakoti-ziyod-1055324891.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0b/1031883972_91:0:2820:2047_1920x0_80_0_0_fe35edfad46b0573920374101e5b27a4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
аҳдоф, маскав, бишкек, ташкил, мудофиа
аҳдоф, маскав, бишкек, ташкил, мудофиа
Системаи мудофиаи зиддиҳавоии Русия ва Қирғизистон: ҳадафҳо ва воситаҳо
19:55 18.04.2023 (Навсозишуда: 18:39 19.04.2023) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Ду давлат системаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоиро барои самаранок муҳофизат намудани ҳудудҳои фазоӣ-кайҳонии худ аз таҳдидҳо аз самти ҷануб ташкил намудаанд
Қарори ду давлат бобати дигаргунсозӣ “аз нав насб намудан”-и ҳамаи системаҳои мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои муштаракулманофеъро инъикос менамояд.
Ҳукумати ФР ба президент Владимир Путин созишнома дар бораи таъсиси Системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ байни Русияву Қирғизистонро барои тасдиқ дар Думаи давлатӣ пешниҳод намуд. Сухан дар бораи он ҳуҷҷате меравад, ки 16 августи соли 2022 дар Маскав ба имзо расонида шуда буд.
Пештар созишномаи ҳамсони Русия бо Ҷумҳуриҳои Қазоқистон (2013), Арманистон (2015), Беларус (2016) ва Тоҷикистон (2021) амалӣ гардидааст. “Аз нав насб намудан”-и Системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии байни кишварҳои иштирокчӣ, ки моҳи феврали 1995 байни ин давлатҳо такил шуда буд, чӣ зарурият дорад?
Система тасдиқ намуд, ки устувор аст, аммо, бо мурури замон дагаргуниҳои технологӣ ба миён омаданд, дар ҳайати Системаи муттаҳида бошад аз 10 давлат 6 давлат боқӣ монд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон.
Системаи мудофиаи зиддиҳавоӣ - мудофиаи зиддимушакиро тибқи дурнамо ҷаҳиши баланд ва сабқати чашмрас интизор аст.
Зарурияти пурзӯр намудани имкониятҳои Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои ИДММ фаҳмост - ин тезонидани азнавсозии техникӣ ва мукаммалсозии таркибӣ, боз ҳам возеҳтар намудани вазифаҳои функсионалии ҳар як аъзо ва аниқ намудани масъулияти ҳар аъзо мебошад.
Президенти Русия Владимир Путин бори аввал дар ин хусус моҳи ноябри соли 2013 эълон дошта буд.
Моҳияти дигаргунсозии Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои ИДММ – ин тавҳиди Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ дар самтҳои стратегии амнияти дастаҷамъӣ дар қисми Аврупои шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи марказӣ мебошад.
Дар замони осоишта системаи мудофиаи зиддиҳавоӣ ё худ ба истилоҳ – ПВО, дар ин давлатҳо дар реҷаи маъмулӣ, дар алоҳидагӣ кор мекунанд.
Дар марҳилаи таҳдиди бевоситаи таҷовуз, барои идора намудани ин системаи минтақавӣ ба таври таъҷилӣ фармондеҳии муттаҳида ташкил карда мешавад ва амали кишварҳои иттифоқчиро Нуқтаи ягонаи фармондеҳӣ ҳамоҳанг месозад.
Пойгоҳи боэътимод – асоси муваффақияти азнавсозӣ аст.
Ба Системаи муттаҳидаи мудофиавии зиддиҳавоии кишварҳои ИДММ 19 қисмҳои низомии авиатсионӣ, 38 қисмҳои низомии мушакии самтурраъсӣ, 15 қисмҳои низомии радиотехникӣ, 9 бригадаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ва се қисмҳои низомии муборизаи радиоэлектронӣ дохил мешаванд.
Қувваю воситаҳо инҳоро дарбар мегиранд:
- қӯшунҳои мушакӣ, 15 қисмҳои қӯшунҳои радиотехникӣ, 9 бригадаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, ва се қисми муборизаи радиоэлектронӣ;
- истгоҳҳои радиолокатсионии “Днепр”(Қазоқистон), “Волга” (Беларус), “Воронеж-ВП” ва ғайра;
- маҷмӯи мушакии зенитӣ ва системаҳои С-200, С-300 "Фаворит", С-350 "Витяз", С-400 "Триумф", С-500 "Прометей" ва маҷмӯи силоҳи мушакии "Пантсир-С1";
- тайёраҳои авиатсияи қиркунандаи Су-27, Миг-29, МиГ-31, тайёраҳои бомбаандози Су-24, тайёраҳои ҳуҷумкунандаи Су-25, тайёраҳои дурпарвози Ту-22М3, Ту-160, Ту-95МС, чархболҳои Ка-27, Ми-8.
Иттиҳодияи минтақавии ситемаи мудофиаи зиддиҳавоии Русия ва Қирғизистон як қисми Системаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии ИДММ боқӣ мемонад, аммо имкон медиҳад бе расмиятпарастӣ, тӯли дақиқаҳои бошумор ба таҳдидҳои самти стратегии ҷануб вокуниш нишон дода шавад.
Ҳайати қӯшунҳо ва қувваҳоро дар системаи муттаҳидаи мушакии мудофиаи зиддиҳавоӣ мақомотҳои ваколатдори ду давлат тасдиқ менамоянд. Барои ҷойгиркунии зерсохторҳо дар замони амали созишнома Қирғизистон ба Русия дар асоси бебозгашт панҷ гектар замин медиҳад.
Мустаҳкам гардидани иқтидори мудофиавии Қирғизистон пурра ба манфиатҳои Русия ҷавобгӯ мебошад.Таҳдидҳои умумӣ дар самти стратегии ҷануб ҳамкории низомӣ ва низомӣ-техникии Бишкек ва Маскавро зичтар менамоянд.
Пештар Русия пойгоҳи СААД-ро дар Кант бо бесарнишинҳо ва воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ пурзӯртар намуда буд. Бобати фаро гирифтани сарҳадҳои дури Қирғизистон бо мушакҳои зенитии маҷмӯи С-300 созишнома ба тавсиб расидааст. Дар ҳудудҳои наздик бошад бехатариро ЗРПК "Пантсир-С1" таъмин менамоянд.
Пойгоҳи муттаҳидаи авиатсионии “Кант”, ки аз сарҳади Афғонистон 600 километр дур аст, асоси ҳамкории мудофиавии (мӯҳлати иҷора - то соли 2058) Русия ва Қирғизистон ва дигар кишварҳои Осиёи марказӣ мебошад.
Маскав ва Бишкек 10 сол пеш созишномаи байнидавлатиро дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ-техникӣ ба имзо расонида буданд, ки дар чаҳорчӯбаи он Русия ба ҷумҳурӣ яроқу техникаи замонавӣ ба маблағи 1 миллиард доллар ҷудо менамояд.
Тасодуфӣ нест, ки маҷаллаи The Economist дар феҳрасти “дӯстони Путин” Қирғизистонро ба сифати иттифоқчии калидии геополитикии Русия ва чун аъзои СААД дар мақоми фахрии сеюм гузоштааст.
Иқтидори афзудаистодаи системаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ дар қаламрави ИДММ Ғарбро басо асабонӣ мекунад. Ғарберо, ки мехоҳад барои худ ҳуқуқи бе ягон ҷазо бар “кишварҳои шарманда” ва ё худ бар “диктаторҳо”-и алоҳида зарбаи ҳавоӣ заданро нигоҳ дорад. Аммо ҷаҳони бисёрқутба инро қабул надорад.
Ба Системаҳои муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ дар кишварҳои Осиёи марказӣ, Кафказ ва Аврупои шарқӣ лозим меояд бисёр муаммоҳоро ҳал кунанд.
Аммо вазъияти номураттаби низомиву сиёсӣ дар ҷаҳон “гӯшона” мезанад, ки ҳеҷ кас дар АвроОсиё аз маҷбуркунӣ ба иҷро намудани “қоидаҳо”-и Вашингтон ва аз “ҷорӣ намудан”-и “тартибот” аз ҷониби қувваҳои НАТО эмин нест. Беҳтараш ба чунин амалҳои ҳамояҳоямон аз ҳамин сайёра саривақту пешакӣ омода бошем.
Сохтори ташкилӣ-воҳидии системаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои ба Русия дӯсти ИДММ дар баробари васеъшавии гуруҳҳои кайҳонии Вазорати дифои ФР, дар баробари рушди зудҳаракативу безаволӣ, баландшавии сатҳи ноаёниву дараҷаи автоматикунонӣ, рушди иқтидори оташандозӣ, доманадоршавии ҳудуди зарбазанӣ ва кӯтоҳшавии вақти вокуниши маҷмааҳои мушакии Вазорати дифои Русия рушд меёбанд.