https://sputnik.tj/20230403/razmoish-mushtarak-tojikiston-rusiya-1055934704.html
Размоиши муштараки Тоҷикистону Русия дар наздикии марз бо Афғонистон
Размоиши муштараки Тоҷикистону Русия дар наздикии марз бо Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Нерӯҳои Тоҷикистону Русия муштаракан нобудсозии дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро, ки дар шароити куҳистон ба ҷумҳурӣ ҳуҷум намудаанд, тамрин карданд
2023-04-03T17:15+0500
2023-04-03T17:15+0500
2023-04-03T17:15+0500
дар русия
амният ва мудофиа
тамрин
размоиш
пойгоҳи 201
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/15/1052344837_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_c97a2eee4dc4e04904a2e37e347960fc.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Размоиши муштараки Русия ва Тоҷикистон дар тамрингоҳи кӯҳӣ-саҳроии Ҳарбмайдони вилояти Хатлон оғоз гардид, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳавзаи низомии марказии ФР. Ба иттилои манбаъ, ин тамрингоҳ дар наздикии марз бо Афғонистон воқеъ буда, низомиён пас гардондани ҳамлаи ҷангиёни ғайриқонунӣ тамрин мекунанд. "Дар марҳалаҳои амалӣ воҳидҳои низомии Русия ва Тоҷикистон масъалаҳои омодагӣ ва баргузории амалиёти муштарак барои маҳви дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар шароити кӯҳистонро машқ мекунанд", - омадааст дар иттилоия. Зимни размоиш аз ҷумла ҳамоҳангии фармондеҳӣ ва назорати воҳидҳои қувваҳои муштарак дар ҷараёни муҳосира ва нобудсозии гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ коркард мешавад. Интизор меравад, ки машқҳои муштараки Тоҷикистону Русия то 7 апрел идома кунанд. Асоси ҳайати низомии Русияро дар ин размоиш воҳидҳои пойгоҳи низомии 201 бо теъдоди умумии беш аз 300 нафар ташкил медиҳанд. Ба ҳайати иштирокдорон аз ҷониби Русия воҳидҳои кӯҳӣ, савора, танкӣ, артиллерия, воҳидҳои муҳофизатӣ ва гурӯҳҳои мобилии муборизаи радиоэлектронии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ дохил гардидаанд. Пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст. Он дар ду шаҳри Тоҷикистон - Душанбе ва Бохтар ҷойгир буда, нерӯҳои таъйиноти гуногунро дар бар мегирад.
https://sputnik.tj/20230108/nerugoh-poygohi-tojikiston-tamrin-1054049397.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/15/1052344837_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_60346737e4f7783a4456787308e94775.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тамрин, муштарак, нерӯ, тоҷикистон, русия
тамрин, муштарак, нерӯ, тоҷикистон, русия
Размоиши муштараки Тоҷикистону Русия дар наздикии марз бо Афғонистон
Нерӯҳои Тоҷикистону Русия муштаракан нобудсозии дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонуниро, ки дар шароити куҳистон ба ҷумҳурӣ ҳуҷум намудаанд, тамрин мекунанд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Размоиши муштараки Русия ва Тоҷикистон дар тамрингоҳи кӯҳӣ-саҳроии Ҳарбмайдони вилояти Хатлон оғоз гардид, иттилоъ дод дафтари матбуоти ҳавзаи низомии марказии ФР.
Ба иттилои манбаъ, ин тамрингоҳ дар наздикии марз бо Афғонистон воқеъ буда, низомиён пас гардондани ҳамлаи ҷангиёни ғайриқонунӣ тамрин мекунанд.
"Дар марҳалаҳои амалӣ воҳидҳои низомии Русия ва Тоҷикистон масъалаҳои омодагӣ ва баргузории амалиёти муштарак барои маҳви дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар шароити кӯҳистонро машқ мекунанд", - омадааст дар иттилоия.
Зимни размоиш аз ҷумла ҳамоҳангии фармондеҳӣ ва назорати воҳидҳои қувваҳои муштарак дар ҷараёни муҳосира ва нобудсозии гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ коркард мешавад.
Интизор меравад, ки машқҳои муштараки Тоҷикистону Русия то 7 апрел идома кунанд.
Асоси ҳайати низомии Русияро дар ин размоиш воҳидҳои пойгоҳи низомии 201 бо теъдоди умумии беш аз 300 нафар ташкил медиҳанд.
Ба ҳайати иштирокдорон аз ҷониби Русия воҳидҳои кӯҳӣ, савора, танкӣ, артиллерия, воҳидҳои муҳофизатӣ ва гурӯҳҳои мобилии муборизаи радиоэлектронии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ дохил гардидаанд.
Пойгоҳи 201-уми низомии мустақар дар Тоҷикистон бузургтарин таъсисоти низомии Русия дар берун аз марзи ин кишвар аст. Он дар ду шаҳри Тоҷикистон - Душанбе ва Бохтар ҷойгир буда, нерӯҳои таъйиноти гуногунро дар бар мегирад.