https://sputnik.tj/20220626/vazorat-mudofia-severodonetsk-nazorati-jml-1049518606.html
Вазорати мудофиа: Северодонетск таҳти назорати ҶМЛ гузашт
Вазорати мудофиа: Северодонетск таҳти назорати ҶМЛ гузашт
Sputnik Тоҷикистон
Ҷангҳо бароои шаҳр дар вилояти Луганск беш аз як моҳ идома карданд, нерӯҳои украинӣ бо талафоти бузург тасмим гирифтанд манотиқи Северодонетскро тарк кунанд
2022-06-26T16:00+0500
2022-06-26T16:00+0500
2022-06-27T14:52+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
донбасс
ҷмл
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048642435_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_a67119dc0d74df0dc33ad701efdc8b7e.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Северодонетск, инчунин деҳаи Боровское ва шаҳракҳои Вороново ва Сиротино таҳти назорати пурраи ҶМЛ қарор гирифтанд. Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар дод.Бар хабари манаъ, масоҳати умумии қаламрави озодшуда 145 километри мураббаъ аст, тақрибан 108 ҳазор нафар дар шаҳракҳое, ки дар зери назорати нерӯҳои ҶМЛ қарор доштанд зиндагӣ мекунанд.Далели он, ки низомиёни украинӣ тасмим гирифтанд, ки шаҳрро тарк кунанд, рӯзи дигар маълум шуд. Раҳбари маъмурияти низомии вилояти Луганск Сергей Гайдай қайд кард, ки инфрасохтори шаҳр вайрон шуда, 80-90 дарсади хонаҳо тахриб ё осеб дидаанд.Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Қодиров аз озод шудани минтақаи саноатии Северодонетск хабар додНерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
https://sputnik.tj/20220626/shaygu-rusiya-neruho-taftish-video-1049516120.html
украина
донбасс
ҷмл
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/17/1048642435_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_006c6f75b57446065232504ec9da9f77.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати мудофиа северодонетск ҷмл
вазорати мудофиа северодонетск ҷмл
Вазорати мудофиа: Северодонетск таҳти назорати ҶМЛ гузашт
16:00 26.06.2022 (Навсозишуда: 14:52 27.06.2022) Ҷангҳо барои ин шаҳр дар вилояти Луганск беш аз як моҳ идома карданд, нерӯҳои украинӣ бо талафоти бузург тасмим гирифтанд, манотиқи Северодонетскро тарк кунанд
ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Северодонетск, инчунин деҳаи Боровское ва шаҳракҳои Вороново ва Сиротино таҳти назорати пурраи ҶМЛ қарор гирифтанд. Дар ин бора Вазорати дифои Русия хабар дод.
Бар хабари манаъ, масоҳати умумии қаламрави озодшуда 145 километри мураббаъ аст, тақрибан 108 ҳазор нафар дар шаҳракҳое, ки дар зери назорати нерӯҳои ҶМЛ қарор доштанд зиндагӣ мекунанд.
Далели он, ки низомиёни украинӣ тасмим гирифтанд, ки шаҳрро тарк кунанд, рӯзи дигар маълум шуд.
Раҳбари маъмурияти низомии вилояти Луганск Сергей Гайдай қайд кард, ки инфрасохтори шаҳр вайрон шуда, 80-90 дарсади хонаҳо тахриб ё осеб дидаанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.