https://sputnik.tj/20230306/diplomat-rusiya-saad-shsh-mushtarakoti-ziyod-1055324891.html
Дипломати Русия: СААД ва СҲШ муштаракоти зиёд доранд
Дипломати Русия: СААД ва СҲШ муштаракоти зиёд доранд
Sputnik Тоҷикистон
Созмони Ҳамкориҳои Шанхай зарфияти зиёде барои таҳкими ҳамкорӣ дорад, чун дар қаламрави он нисфи аҳолии Замин иқомат доранд ва ин на ба ҳама писанд аст
2023-03-06T09:40+0500
2023-03-06T09:40+0500
2023-03-06T09:40+0500
дар русия
амният ва мудофиа
ҳамкорӣ
созмони ҳамкории шанхай
созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102344/46/1023444670_0:0:963:541_1920x0_80_0_0_1f0b9d11c4d11f30351bdf3ffe7970ce.jpg
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пайвандҳои зиёде доранд, изҳор дошт намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури СҲШ дар мусоҳиба бо ҷамъи хабарнигорон. Ба гуфтаи фиристодаи вижаи расиҷумҳури Русия, кишварҳои узви ин ду созмон зидди ҳам намебароянд. "Яке аз самтҳои асосии фаъолияти СҲШ мубориза бо терроризм аст. Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ хеле муассир фаъолият мекунад ва бо бисёре аз сохторҳои махсусгардонидашуда, аз ҷумла дар низоми СММ ҳамкориҳо дорад. СҲШ бо дигар созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкорӣ мекунад", - гуфт Ҳакимов. Дар посух ба суол дар бораи мизони ҳамкориҳои СҲШ ва СПАД изҳор дошт, ки миёни ин созмонҳо ҳанӯз соли 2007 ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расида буд, ки бар асоси он равобити доимӣ ба роҳ монда шудааст. "Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва СҲШ, инчунин ИДМ пайвандҳои зиёде доранд ва раҳбарони мақомоти иҷроияи ин сохторҳо мунтазам мулоқот мекунанд", - илова намуд дипломат. Ҳакимов таъкид намуд, ки СҲШ зарфияти зиёде дорад, чун дар қаламрави ин созмон қариб нисфи аҳолии кураи Замин иқомат доранд. Ба ҳамин далел ба гуфтаи ӯ, талошҳои зиёде сурат мегиранд, то ба фаъолияти ин созмон халал ворид карда шавад. Дар зимн таваҷҷуҳи кишварҳои шарик ба фаъолияти ин созмон рӯзафзун арзёбӣ мешавад. СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.
https://sputnik.tj/20230305/saad-kohishi-tanish-qalamrav-barrasi-1055318707.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102344/46/1023444670_83:0:804:541_1920x0_80_0_0_79a2c298a339cfe634e6f6bec9372719.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бахтиёр ҳакимов, созмон, ҳамкорӣ, саад, сҳш
бахтиёр ҳакимов, созмон, ҳамкорӣ, саад, сҳш
Дипломати Русия: СААД ва СҲШ муштаракоти зиёд доранд
Созмони Ҳамкориҳои Шанхай зарфияти зиёде барои таҳкими ҳамкорӣ дорад, чун дар қаламрави он нисфи аҳолии Замин иқомат доранд ва ин на ба ҳама писанд аст
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай пайвандҳои зиёде доранд, изҳор дошт намояндаи вижаи раисиҷумҳури Русия дар умури СҲШ дар мусоҳиба бо ҷамъи хабарнигорон.
Ба гуфтаи фиристодаи вижаи расиҷумҳури Русия, кишварҳои узви ин ду созмон зидди ҳам намебароянд.
"Яке аз самтҳои асосии фаъолияти СҲШ мубориза бо терроризм аст. Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ хеле муассир фаъолият мекунад ва бо бисёре аз сохторҳои махсусгардонидашуда, аз ҷумла дар низоми СММ ҳамкориҳо дорад. СҲШ бо дигар созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкорӣ мекунад", - гуфт Ҳакимов.
Дар посух ба суол дар бораи мизони ҳамкориҳои СҲШ ва СПАД изҳор дошт, ки миёни ин созмонҳо ҳанӯз соли 2007 ёддошти ҳусни тафоҳум ба имзо расида буд, ки бар асоси он равобити доимӣ ба роҳ монда шудааст.
"Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва СҲШ, инчунин ИДМ пайвандҳои зиёде доранд ва раҳбарони мақомоти иҷроияи ин сохторҳо мунтазам мулоқот мекунанд", - илова намуд дипломат.
Ҳакимов таъкид намуд, ки СҲШ зарфияти зиёде дорад, чун дар қаламрави ин созмон қариб нисфи аҳолии кураи Замин иқомат доранд. Ба ҳамин далел ба гуфтаи ӯ, талошҳои зиёде сурат мегиранд, то ба фаъолияти ин созмон халал ворид карда шавад.
Дар зимн таваҷҷуҳи кишварҳои шарик ба фаъолияти ин созмон рӯзафзун арзёбӣ мешавад.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка ҳастанд.