“Тафтиши суқутҳо”: Нигаронии Пентагон аз вазъи баамаломадаи ҷангандаи F-35

CC BY-SA 2.0 / Mariordo59 / Aerial view of the Pentagon, Arlington, VAЗдание Пентагона в США
Здание Пентагона в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2023
Обуна шудан
Шуракои ИМА ҷангандаҳои навтарини сохти Амрико F-35-ро харидорӣ доранд. Аммо Пентагон дар бораи мушкилоти онҳо хабаре дорад?
ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik, Давид Нармания. Камтар аз сеяки тайёраҳои ин намуд ба иҷроиши ҳамаи намудҳои супоришҳои ҷангӣ омодаанд. Кадом “бемориҳои бачагона” то ҳол лоиҳаи қиматтарин дар таърихро таъқиб доранд – дар маводи РИА Новости.
Ғурури осебпазири Пентагон
Ба тозагӣ дар мазҳари ом тайёраҳои F-35 Lightning II ("Барқ")-ро муаррифӣ намуданд, ки иттифоқчиёни НАТО барои харидории он дар навбат истоданд. Рӯзҳои наздик рӯихати қариб аз бист давлат иборатбударо Руминия пурра намуд – воқеан, ба Бухарест лозим меояд, ки камаш 8 сол дар навбат истад.
Ин ҷанганда бояд барои ним аср барои НАТО ҷангандаи асосӣ мешуд. Бинобар ин, масалан, теъдоди муайяни қисмҳои эҳтиётии он берун аз Амрико истеҳсол карда мешаванд. Ҳамагӣ дар ин Лоиҳа 9 давлат иштирок доранд.
Талабот ба ин навъи тайёра баландтарин аст: ноаёнӣ дар фазо, суръати баланд, иқтидори зарбазанӣ, қудрати интиқол додани яроқи ядроӣ. Ҳамаи он чизҳое, ки генералҳо дар орзуяшон ҳастанд.
Представитель Госдепа США Джон Кирби - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2023
Кохи Сафед: ИМА талош барои ҷанг бо Эронро надорад
Намунаро бо се навъ таҳия намуданд:
F-35A — аз ҷиҳати технологӣ нисбатан оддӣ, аз ҳама арзон (наздик 80 миллион доллар барои як чунин мошин) ва нисбатан оммавӣ –кишварҳои иттифоқчӣ ният доранд 2,5 ҳазор адад чунин тайёраҳоро харидорӣ намоянд;
F-35B —барои пиёдабаҳрони амрикоӣ ва флоти британӣ - бо интихоби парвози кӯтоҳ ва нишасти амудӣ. Ба 25 млн. доллар қиматтар. Дар Пентагон ба нақша гирифтанд, ки чунин навъи тайёраҳоро дар киштиҳои десантии навъи "Америка", ки соли 2010 ба хизмат оғоз намудаанд, истифода баранд.
F-35С — барои саҳни киштиҳои чангакҳо барои ҳавопаймобарҳо дошта, бо болу қисми думи калонтар. Арзишаш - наздик 95 миллион доллар.
Ҳамагӣ ният доштанд то 3500 адад F-35 созанд. Аммо душвориҳо пеш омаданд.

Огоҳии аввал нест

Ин ҷангандаҳоро ҳанӯз соли 2007 - вақте, ки намунаи таҷрибавии он ба ҳаво баланд шуд, меросбари ҷангандаи F-16 номида буданд. Аввалин ин навъ мошинаҳои ҷангиро артиш пас панҷ сол гирифт
Ҳанӯз соли 2001 иттиҳодияи Lockheed ваъда дода буд, ки то соли 2010 фармоишҳои ҳангуфтро бо теъдоди 2852 адад ба иҷро мерасонад. Барои ин Lockheed 233 миллиард доллар маблағ пурсид. Дар соли 2004 ин нархнома ду баробар зиёд шуд.
Военнослужащий украинской армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Washington Post: Амрико ба муваффақияти "зиддиҳамла"-и Украина бовар надорад
Дар соли 2013 аз ҷадвал ба 7 сол ақиб монд. Соли 2022 арзиши лоиҳа то ба 1,7 триллион доллар зиёд карда шуд. Барои ҳар як соати парвози “сиву панҷум” андозсупорандагон 42 ҳазор доллар месупоранд, муайян намудааст Палатаи ҳисоби ИМА.
Аз ҳама асосиаш: ҷангандаи умедвориҳоро набаровард.
Ду сол пеш дар Пентагон хабар доданд, ки фақат 36%-и ин мошинҳо ба пуррагӣ қобили истифодабарианд. Аз он замон ин тараф нуқсонҳо зиёд шуданд.

Насли панҷум?

Рӯихати ноқисиҳову муаммоҳо аллакай аз даҳҳо неву аз садҳо банд иборатанд.
Аз ҳама душвортарин муаммо – нуқсони дастгоҳи ҳаракатоварӣ. Моҳи декабр дар пойгоҳи Форт-Уэрт ҳангоми нишасти амудӣ ба ҷурми ин ноқисӣ F-35B гирифтори садама гашту шикаст.
Ба сарнишин даст дод худро ҳаво диҳад, аммо таъминот ва парвозҳо барои қабулро барои ду моҳ боздоштанд. Моҳи март ширкати истеҳсолкунанда эълон дошт, ки муйян намуд, ки гап дар сари чист. Аммо бартараф намудани муаммо ба якборагӣ номумкин аст. Илова бар ин, камчинии худи муҳаррикҳо ба миён омад.
французский истребитель Мираж - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2023
НАТО дар Украина ба “Мираж”-ҳо умед мебандад
Ба назар мерасад, ки беҳуда нест, ки яке аз таъинотҳои ҷангандаҳои насли панҷум – ин павоз бо суръати фароовозӣ мебошад. Агар навъи F-35-и барои киштиҳои саҳндор муддати зиёд бо чунин суръат парвоз намоянд, руйпӯшҳояшон зарар мебинанду аёнияташонро гум мекунанд. Рӯйпӯшҳои намуди “стелс”-и ин тайёраҳо дамида варам мекунанд. Ҳамзамон, дар қисми думи ин мошини ҷангӣ мавҷгиракҳо аз кор мебароянд.
Пентагон қарор дод вақти парвоз бо суръати фароовозиро то ба чанд даҳсониягиро кӯтоҳ ташкил диҳад. Бартарафкунии ин нуқсро басо қимат ҳисобиданд.
Сарнишинҳо низ бо мушкилотҳо рӯ ба рӯ мешаванд.Ҳодисаҳои нарасидани ҳаво (ё худ гипоксия) аллакай дар 40 ҳолат ба қайд гирифта шудаанд – ва бештари ин ҳолатҳо дар тайёраҳои F-35А.
Моҳи маи соли 2020 бо ин сабаб яке аз тайёраҳо суқут кард - сарнишин наҷот ёфт. Чуноне, ки дертар маълум намуданд, маҷмааи интиқоли оксиген дуруст кор накардааст. Дар баробари ин, дар кабинаи сарнишин ҷаҳиши фишор рух медиҳад, ки боиси дарди гӯшу ҷароҳати пардаҳои гӯш мегардад.
Бо ҷурми носозӣ дар таъминоти барномавӣ якчанд тайёрахо суқут карданд. Бар замми ин, шикоятҳо бобати “дурахши сабз”-и экрани тоскулоҳи сарнишин ворид гардиданд. Дар омади гап: арзиши як чунин тоскулоҳ 400 ҳазор доллар - баробари арзиши сабукрави варзишӣ – мебошад.
Символ НАТО в Брюсселе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
НАТО дар Украина банд монд
Баъзе аз ҳодисаҳо умуман чун кинояи пурхашм метобанд – Пентагон парвозро ҳини раъду барқ манъ намуд. Аз барқи табиӣ “барқ”-ҳои дастсоз вайрон мешаванду мешикананд.
Истеҳсолкунандагон мукаммалсозии мошинаҳои ҷангиро идома дода истодаанд. Ин бошад хароҷоти иловагиро талаб мекунад, ҳарчанд бе ин ҳам арзиши лоиҳа – кайҳонист. Хулласи калом, он чиз шубҳаовар аст, ки шартномаҳоро дар мӯҳлаташон ба иҷро расонида метавонанд.
Чуноне, ки сенатори марҳум Ҷон Маккейн қайд намуда буд, F-35 намунаи бесалиқаву безеби ба ҳама маълуми он гаштааст, ки то чӣ андоза системаи амрикоии хариди мудофиавӣ шикаста аст. Бо вуҷуди ин, ба ҳар ҳол иттифоқчиёни ИМА маҷбуранд моли хосияташ номаълумро харидорӣ намоянду дар бисёр мавридҳо фанд хуранд.
Лентаи хабарҳо
0