https://sputnik.tj/20230405/nato-ukraine-band-mond-1056207867.html
НАТО дар Украина банд монд
НАТО дар Украина банд монд
Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти кунунии сардорони идораҳои сиёсати берунаи давлатҳои узви НАТО, ки дар Брюссел баргузор гардида истодааст, амалан пурра ба Украина бахшида шудааст
2023-04-05T16:45+0500
2023-04-05T16:45+0500
2023-04-05T17:18+0500
дар русия
украина
нато
амният ва мудофиа
сиёсат
донбасс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101382/72/1013827257_0:0:2400:1350_1920x0_80_0_0_7da9b36b7656bb6e504186b68af7c496.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik, Елена Караева. Аз минбарҳои баланд бобати чӣ кор кардан мегӯянд, дар роҳравҳо бошад баҳс доранд, ки кӣ гунаҳгор аст.Будапешт аллакай ба он ишора дошт, ки метавонанд “фиристодан”-и “нерӯҳои сулҳхоҳ”-ро ба Украина муҳокима намояд, лекин огоҳ намуд, ки чунин амалҳо ба чӣ оварда мерасонанд. Он чи ки хати фронт - новобаста аз он, ки натогиёни умуммиаврупоӣ чӣ мегӯянд - ҳар рӯз ба сарҳадҳои Иттиҳоди Аврупо наздиктар мешавад, ҳатто барои соддалавҳон ҳам сир нест.Дар арафаи оғози мубоҳиса дар он хусус, ки чӣ гуна ва бо кадом таҷҳизот “муборизаи Украинаро барои арзишҳои аврупоӣ” дастгирӣ намудан мумкин аст, рӯзномаи фаронсавии Le Monde хабар дод, ки танҳо таи як ҳафта дар амалиёти вижаи низомӣ ду зархариди фаронсавӣ ҳалок гаштааст. Аз оғози амалиёти мазкур бошад чунин талафот аллакай 10 нафарро ташкил медиҳад.Барои муқоиса: дар даҳ соли гузаронидани амалиётҳои низомӣ дар Сахеле (қитъаи Африқо) талафоти артиши Фаронса 50 нафарро ташкил дод. Ва ин рақам барои афкори умум аз ҳад зиёд менамуд. Боз чӣ қадар қабрҳои фаронсавиҳо лозим, ки кӯмаки низомие, ки аз ҷониби Фаронса (ва ҳамаи эътилофи зиддирусиягӣ) ба Украина расонида мешавад, хотима ёбад? Барои фаҳмидани он, ки ин ҳудуд аллакай наздик аст, Кассандра будан лозим нест.Танкҳои сабуке, ки Фаронса ба минтақаи амалиёти вижаи низомӣ фиристодааст, ба андешаи таҳлилгарон, амалан бефоида будаанд. Ҳамин хел калимаи русӣ ҳаст raspoutitza – бероҳа - ин замонест, ки дар гил ва намӣ нафақат мӯзаҳо, балки чархи ана ҳамин танкҳо низ банд мемонанд.Танкҳои натогие, ки тасмачарханд, ҳоло дар роҳ ба Украинааанд.Бо техникаи ҳавоӣ ҳам корашон бебарор аст. Қиркунандаҳо - чӣ "Мираж", чӣ "Торнадо", чӣ "Еврофайтер" ва ғайра – бо назардошти дигар шароит, барои кашонидани дигар намуди бор ва барои сарнишинону ҳайати хизматрасони дигар ихтисос дошта сохта шудаанд. Ин ҷо боз ҳам натогиёни умумиаврупоӣ хато рафтанд.”Акела”-и НАТО бо он, ки ба Русия, ба омодагии ҷангии артишаш ва ба маҳорати халқи мо дар сафарбаркунӣ баҳои лозима надод, иштибоҳ намуд. Нафақат ба хати ҷабҳа сафарбар месозанд, балки китф ба китф бо ҷанговарон истода, эшонро ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд.Кӣ дар чунин ҳолат бар ба бари “нерӯҳои сулҳхоҳ”-и НАТО-ии фаразан ба Украина фиристода мешуда меистад (кадом калимаро ин ҷо нагирем, ҳамааш -“пухтагарнгона”)?Онҳое, ки аз сиёсати афзоиш ёфтани кӯмаки низомӣ ва хароҷоти Иттиҳоди Аврупо, ки ҳамааш равони дӯзах шудааст, ба ғазаб омадаанд? Ва ё шахсан Макрон, Мишель, фон дер Ляйен, Боррел ва Столтенберг?Дар маҷлиси брюсселӣ ҷанобону хонумон, гули сари сабади сиёсатмадорони Ғарби дастҷамъӣ аслан ташвиши дигар доранд.Ҳамагӣ як соли ҷанги бо дастони бегонагон бурдаистодаашон ва мухолифаташон бо Русия – ва иқтисоди пуриқтидорашон ба зону нишаст.Ҳамагӣ як соли муқобилияти сиёсӣ бо кишвари мо – ва аз ҳамаи шиору изҳоротҳояшон дар бораи “борони тири тӯп дар теппа”, аз ҳама ҳуқуқу озодиҳо фақат шоху дум монд.Ҳамагӣ як соли сабқати ғоявӣ ва арзишҳо – ва ҷаҳон (сайёравӣ, фарох, бо “миллиардҳои тиллоӣ” маҳдуд нашуда) роҳи ба Русия будан ва ё дар паҳлӯяш буданро интихоб намуд.Барои он, ки имтиёздорону сиёсатмадорони сатҳи баланд дар мехмонхонаҳои роҳат фаромӯш сохтанд, ки аҳолии Замин ба маротиб бештар аз онҳоеанд, ки асрҳо боз кӯшиш доранд ва ҳоло низ мекӯшанд намунаи ҳаёт ва сохтори сиёсии худро бо андешаи он, ки он “ҳаматарафа” аст, зӯран ба гардани ҳамагон бор кунанд.Ин ҷо боз ҳам тири шаҳрвандон-тарафдорони пешрафт ва “умумибашариҳо” хок хӯрд. Зарба ба нишон нарасид, аммо “кӯрон боз асо гум карданд”.Ин асогумкунӣ чӣ қадар давом мекунад, пешгӯӣ кардан душвор аст, аммо, вақте дар даст воқаен ҳам ҳамаи муқаддимоти заруриро дорем, мавридҳои зеринро қайд менамоем.НАТО имрӯз ва ҳоло - аввал пинҳонӣ ва баъдан намоишкорона - кӯшиши аз ҷанги ногувори бо дастони худашон афрӯхтааш баромаданро мекунад.Бо ғалаба анҷом додани он аниқ, ки имкон надорад, аққалан ба вазъияти "Березини" беҳтараш роҳ надиҳад ва ин чиз муболиға наметобад.Бинобар ин, суоли “кай гаваккашон рафтан” аллакай намеистад, суоли асосӣ дигар аст - “чӣ гуна гаваккашон дур шудан”. Бо табассум дар лаб, бо дастфишориҳо ва бо истифода аз фурсат – худнамоиву намоишкорӣ.Ин ҳама бо онҳо хоҳад буд.Дар мо – ором, дилпурона, ҷиддиву пухта ва эҳтиёткорона расидан ба ҳадафҳои гузошта. Ботартиб. Ҳалим. Дақиқ.Бо риояи хамаи ӯҳдадориҳои ба худ гирифта ва бо масъулият.Боз як бори дигар ёдовар шавем, зарар надорад, ки аврупоиён вақти ҳуҷуми Наполеон ҳар касеву чизе, ки дар роҳашон медиданд, мекуштанду месӯхтанд.Ҳангоми аз Фаронса рафтан бошад,фармондеҳони корпуси низомиёни рус граф Воронтсов аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш зарару қарзҳои аз ҷониби аскарону афсаронаш ба сокинони Париж расонидаву гирифтаро ҷуброн намуд. Ҳамин тавр, имрӯз ҳам аврупоиён дар паи анъанаҳои худанд, мо бошам - паи анъанаҳои худ. Ҳукмро дар бораи ҳаққонияти тарафҳо, аз афташ, таърих аллакай баровард.
https://sputnik.tj/20230331/nato-ukraina-mirazh-umed-mebandad-1055895466.html
https://sputnik.tj/20230327/ajalai-intiqol-abrams-ukraina-shikast-ukrain-nato-1055783700.html
https://sputnik.tj/20230226/makgregor-pushtiboni-nato-artish-ukraina-1055182944.html
https://sputnik.tj/20230107/dabiri-kulli-nato-rusiyavu-chin-tahdid-1054039061.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101382/72/1013827257_249:0:2141:1419_1920x0_80_0_0_e45cd226b96c42896fc5b6cf91b917a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, нато, банд, мулоқот, русия, сиёсат, амният, кишварҳои узв, ҷанг
украина, нато, банд, мулоқот, русия, сиёсат, амният, кишварҳои узв, ҷанг
НАТО дар Украина банд монд
16:45 05.04.2023 (Навсозишуда: 17:18 05.04.2023) Мулоқоти кунунии сардорони идораҳои сиёсати берунаи давлатҳо-аъзоёни НАТО, ки дар Брюссел баргузор гардида истодааст, амалан пурра ба Украина бахшида шудааст.
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik, Елена Караева. Аз минбарҳои баланд бобати чӣ кор кардан мегӯянд, дар роҳравҳо бошад баҳс доранд, ки кӣ гунаҳгор аст.
Будапешт аллакай ба он ишора дошт, ки метавонанд “фиристодан”-и “нерӯҳои сулҳхоҳ”-ро ба Украина муҳокима намояд, лекин огоҳ намуд, ки чунин амалҳо ба чӣ оварда мерасонанд. Он чи ки хати фронт - новобаста аз он, ки натогиёни умуммиаврупоӣ чӣ мегӯянд - ҳар рӯз ба сарҳадҳои Иттиҳоди Аврупо наздиктар мешавад, ҳатто барои соддалавҳон ҳам сир нест.
Дар арафаи оғози мубоҳиса дар он хусус, ки чӣ гуна ва бо кадом таҷҳизот “муборизаи Украинаро барои арзишҳои аврупоӣ” дастгирӣ намудан мумкин аст, рӯзномаи фаронсавии Le Monde хабар дод, ки танҳо таи як ҳафта дар амалиёти вижаи низомӣ ду зархариди фаронсавӣ ҳалок гаштааст. Аз оғози амалиёти мазкур бошад чунин талафот аллакай 10 нафарро ташкил медиҳад.
Барои муқоиса: дар даҳ соли гузаронидани амалиётҳои низомӣ дар Сахеле (қитъаи Африқо) талафоти артиши Фаронса 50 нафарро ташкил дод. Ва ин рақам барои афкори умум аз ҳад зиёд менамуд. Боз чӣ қадар қабрҳои фаронсавиҳо лозим, ки кӯмаки низомие, ки аз ҷониби Фаронса (ва ҳамаи эътилофи зиддирусиягӣ) ба Украина расонида мешавад, хотима ёбад? Барои фаҳмидани он, ки ин ҳудуд аллакай наздик аст, Кассандра будан лозим нест.
Танкҳои сабуке, ки Фаронса ба минтақаи амалиёти вижаи низомӣ фиристодааст, ба андешаи таҳлилгарон, амалан бефоида будаанд. Ҳамин хел калимаи русӣ ҳаст raspoutitza – бероҳа - ин замонест, ки дар гил ва намӣ нафақат мӯзаҳо, балки чархи ана ҳамин танкҳо низ банд мемонанд.Танкҳои натогие, ки тасмачарханд, ҳоло дар роҳ ба Украинааанд.
Бо техникаи ҳавоӣ ҳам корашон бебарор аст. Қиркунандаҳо - чӣ "Мираж", чӣ "Торнадо", чӣ "Еврофайтер" ва ғайра – бо назардошти дигар шароит, барои кашонидани дигар намуди бор ва барои сарнишинону ҳайати хизматрасони дигар ихтисос дошта сохта шудаанд. Ин ҷо боз ҳам натогиёни умумиаврупоӣ хато рафтанд.
”Акела”-и НАТО бо он, ки ба Русия, ба омодагии ҷангии артишаш ва ба маҳорати халқи мо дар сафарбаркунӣ баҳои лозима надод, иштибоҳ намуд. Нафақат ба хати ҷабҳа сафарбар месозанд, балки китф ба китф бо ҷанговарон истода, эшонро ҳаматарафа дастгирӣ менамоянд.
Кӣ дар чунин ҳолат бар ба бари “нерӯҳои сулҳхоҳ”-и НАТО-ии фаразан ба Украина фиристода мешуда меистад (кадом калимаро ин ҷо нагирем, ҳамааш -“пухтагарнгона”)?
Онҳое, ки аз сиёсати афзоиш ёфтани кӯмаки низомӣ ва хароҷоти Иттиҳоди Аврупо, ки ҳамааш равони дӯзах шудааст, ба ғазаб омадаанд? Ва ё шахсан Макрон, Мишель, фон дер Ляйен, Боррел ва Столтенберг?
Дар маҷлиси брюсселӣ ҷанобону хонумон, гули сари сабади сиёсатмадорони Ғарби дастҷамъӣ аслан ташвиши дигар доранд.
Ҳамагӣ як соли ҷанги бо дастони бегонагон бурдаистодаашон ва мухолифаташон бо Русия – ва иқтисоди пуриқтидорашон ба зону нишаст.
Ҳамагӣ як соли муқобилияти сиёсӣ бо кишвари мо – ва аз ҳамаи шиору изҳоротҳояшон дар бораи “борони тири тӯп дар теппа”, аз ҳама ҳуқуқу озодиҳо фақат шоху дум монд.
Ҳамагӣ як соли сабқати ғоявӣ ва арзишҳо – ва ҷаҳон (сайёравӣ, фарох, бо “миллиардҳои тиллоӣ” маҳдуд нашуда) роҳи ба Русия будан ва ё дар паҳлӯяш буданро интихоб намуд.
Барои он, ки имтиёздорону сиёсатмадорони сатҳи баланд дар мехмонхонаҳои роҳат фаромӯш сохтанд, ки аҳолии Замин ба маротиб бештар аз онҳоеанд, ки асрҳо боз кӯшиш доранд ва ҳоло низ мекӯшанд намунаи ҳаёт ва сохтори сиёсии худро бо андешаи он, ки он “ҳаматарафа” аст, зӯран ба гардани ҳамагон бор кунанд.Ин ҷо боз ҳам тири шаҳрвандон-тарафдорони пешрафт ва “умумибашариҳо” хок хӯрд. Зарба ба нишон нарасид, аммо “кӯрон боз асо гум карданд”.
Ин асогумкунӣ чӣ қадар давом мекунад, пешгӯӣ кардан душвор аст, аммо, вақте дар даст воқаен ҳам ҳамаи муқаддимоти заруриро дорем, мавридҳои зеринро қайд менамоем.
НАТО имрӯз ва ҳоло - аввал пинҳонӣ ва баъдан намоишкорона - кӯшиши аз ҷанги ногувори бо дастони худашон афрӯхтааш баромаданро мекунад.
Бо ғалаба анҷом додани он аниқ, ки имкон надорад, аққалан ба вазъияти "Березини" беҳтараш роҳ надиҳад ва ин чиз муболиға наметобад.
Бинобар ин, суоли “кай гаваккашон рафтан” аллакай намеистад, суоли асосӣ дигар аст - “чӣ гуна гаваккашон дур шудан”. Бо табассум дар лаб, бо дастфишориҳо ва бо истифода аз фурсат – худнамоиву намоишкорӣ.
Ин ҳама бо онҳо хоҳад буд.
Дар мо – ором, дилпурона, ҷиддиву пухта ва эҳтиёткорона расидан ба ҳадафҳои гузошта. Ботартиб. Ҳалим. Дақиқ.
Бо риояи хамаи ӯҳдадориҳои ба худ гирифта ва бо масъулият.
Боз як бори дигар ёдовар шавем, зарар надорад, ки аврупоиён вақти ҳуҷуми Наполеон ҳар касеву чизе, ки дар роҳашон медиданд, мекуштанду месӯхтанд.
Ҳангоми аз Фаронса рафтан бошад,фармондеҳони корпуси низомиёни рус граф Воронтсов аз ҳисоби маблағҳои шахсиаш зарару қарзҳои аз ҷониби аскарону афсаронаш ба сокинони Париж расонидаву гирифтаро ҷуброн намуд.
Ҳамин тавр, имрӯз ҳам аврупоиён дар паи анъанаҳои худанд, мо бошам - паи анъанаҳои худ. Ҳукмро дар бораи ҳаққонияти тарафҳо, аз афташ, таърих аллакай баровард.