“Оташи дӯзах”: ҳукми қиматфурӯшон дар Ислом

© Sputnik / Амир ИсаевБазар в Кулябе
Базар в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2023
Обуна шудан
Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, ба таври сунъӣ боло бурдани нарх дар бозор дар моҳи Рамазон амали бадест, ки дар дини Ислом шадидан маҳкум шудааст
ДУШАНБЕ, 9 апр – Sputnik. Ҳамасола дар моҳи Рамазон сокинони Тоҷикистон аз болоравии нархи маводи ғизоӣ шадидан интиқод ва изҳори норизоиятӣ мекунанд, ки чунин интиқодот бештар дар шабакаҳои иҷтимоиву расонаҳо бозтоб мешавад.
Тоҷирону фурӯшандагон низ далоили худро барои боло бурдани нархҳо доранд. Қабл аз ҳама, болоравии қимати маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон мушоҳида мешавад ва дар аввали баҳор ҳам истеҳсол поён мераваду ҳам захираҳо коҳиш меёбанд.
Бо ин вуҷуд, маводи ғизоие низ ҳастанд, ки дар дохил истеҳсолу истеъмол мешаванд ва болоравии қимати онҳоро дар арафа, давом ва иди Рамазон бидуни мушкил метавон мушоҳида кард. Оё дар дини Ислом ҳукми онҳое, ки дар тиҷорати Рамазонӣ ҳамён фарбеҳ мекунанд, чист?
Овощи на экономической выставке-ярмарке СУГД-2019 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2023
Маҳсулоти дастрас дар моҳи Рамазон: баргузории ярмарка дар чаҳор минтақаи Душанбе
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мутаассифона, баъзе тоҷирону соҳибкорон ва фурӯшандагон ба хотири дарёфти манфиати бештар нарху навои маводи ғизоии мардумро баланд мебардоранд.
“Онҳо медонанд, ки аксарияти мардуми рӯзадор дар ин моҳ ба хайроту эҳсонкорӣ, аз қабили ифтори ҷамъӣ ва маъракаҳое ба хотири Рамазон, машғул мешаванд, аз ин хотир, талош мекунанд аз ин ниёти неки мусалмонон сӯистифода кунанд”, - гуфт Ҷамолиддин Хомӯшӣ.
Вай афзуд, баъзе тоҷирон молу маҳсулоташонро қасдан пинҳон намуда, маҳз дар Рамазони шариф бо нархи гарон ба фурӯш мебароранд.
“Дар дини Ислом ин гуна шахсиятҳоро мӯҳтакир мегӯянд, ки аз қавли Пайғамбари гиромӣ, Худованд онҳоро лаънат хондааст. Дар ҳадисе, ки Умар ибни Хаттоб (р) ривоят кардааст, Пайғамбар (с) фармудаанд: “Ҷалбкунанда (воридкунандаи маводи ғизоӣ) баҳраманд ва муҳтакир (захираандӯз) малъун аст” (Ривояти Ибни Моҷа), - гуфт сардори Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон.
Вай дар тақвияти ин гуфтаҳо ҳадиси дигареро аз қавли Абдуллоҳ ибни Умар (р), аз саҳобагони Пайғамбари Худо (с) меорад, ки фармудааст: “Ҳар касе ба муддати чил шабонарӯз таомеро эҳтикор ва захираандӯзӣ кунад, дар воқеъ аз Худо безорӣ ҷустааст ва Худо низ аз ӯ безор шудааст” (Ривояти Аҳмад ва Ҳоким).
Женщина мусульманка молится, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Раҳмати ғизоӣ дар моҳи Рамазон: Ифтори мусалмонони ҷаҳон дар акс
Ҷамолиддин Хомӯшӣ мегӯяд, эҳтикор ва захираандӯзии маводи ғизоӣ аз нигоҳи фиқҳи исломӣ макрӯҳи таҳримӣ аст, зеро ин амал сабаби боло рафтани нархҳо гардида, мардум лавозимоти рӯзмарраи зиндагиашонро бо мушкилоти зиёде дастрас мекунад.
“Аз ҳамин ҷиҳат хулафои рошидин кӯшиш мекарданд, то касе эҳтикор накунад ва болоравии сунъии молу мавод пешгирӣ карда шавад. Аз ҷумла, Умари Форуқ, халифаи дуввуми мусулмонон, дар шаҳр гаштугузор мекард ва вазъи нарху наворо таҳти назорат қарор медод”, - гуфт вай.
Сардори Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон аз “Мухтасару-л-виқоя”, китоби муътабари фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ мисол меорад, ки бино ба он, “Эҳтикори маводи истеъмолии мардум ва ҳайвонот аз қабили гандум, ҷав ва коҳ дар шаҳре, ки сабаби зарари сокинони он мегардад, макрӯҳи таҳримӣ аст, зеро Расули Акрам (с) фармудаанд: “Фақат шахси гунаҳгор ба эҳтикор даст мезанад”.
Вай афзуд, яке аз вижагиҳои Рамазон ин аст, ки мардум дар ин моҳ бояд зиёд хайру эҳсон ва садақа кунанд, чун Муҳаммади Мустафо, пайғамбари Ислом (с) фармудаанд: “Боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад".
“Ин садақа на аз хотири шӯҳрату ном, балки аз рӯи имони қавӣ, бо дасту дили кушод ва баҳри ризои Худованд бояд анҷом дода шавад”, - афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, анҷом додани ҳар амале, ки ба хайроту садақа марбут аст, мувофиқ ба имконоти иқтисодии мардум сурат мегирад ва ҷолиб ин аст, ки бештарини онҳое, ки бояд ин амалро дар моҳи Рамазон анҷом медиҳанд, ҳамон тоҷирону соҳибкоронанд, ки шояд дар боло бурдани нарху навои маводи ғизоӣ саҳм гирифта бошанд.
Рамазан–2023 в Таджикистане:
расписание поста по дням - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2023
Рамазон - 2023: тақвими рӯза
Ҷамолиддин Хамӯшӣ мегӯяд, Худованд хайру эҳсони ҳамчунин тоҷирону соҳибкоронро қабул намекунад, аммо онҳоеро, ки ҳангоми хариду фурӯш саҳлу осонгир ва сахиву ҷавонмарданд, мавриди раҳмати хеш қарор медиҳад ва дар ин хусус ҳадисе аз Пайғамбари ислом (с) вуҷуд дорад, ки бино ба он, “Тоҷири ростгӯ ва амин бо пайғамбарон, сиддиқон ва шаҳидон барангехта хоҳад шуд”.
Ҳамзамон дар шакл гирифтани қиматҳо на фақат онҳое, ки маводи ғизоӣ ё дигар лавозимотро дар бозор ё мағозаҳо нишаста савдо мекунанд, балки воридкунандаву дастраскунандагон ё миёнаравон низ саҳим ҳастанд.
Сардори Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, хатти онҳое, ки ба хизматрасонии мардум масъулият доранд ва кори худро тибқи фармудаҳо ва аҳлоқи исломӣ анҷом медиҳанд, ҷудост, аммо онҳое, ки ба хотири фоидаи бештар гирифтан ба таври сунъӣ нархҳоро боло мебаранд, муртакиби гуноҳи бузург мешаванд, чун Паёмбари ислом (с) фармудааст: “Агар касе дар нархгузории ризқу рӯзии мусулмонон дахолате намояд, ки сабаби боло рафтани қимати онҳо шавад, Худованд ҳатман фардо рӯзи қиёмат ӯро дар оташи дӯзах қарор хоҳад дод”.
Уламои ислом Рамазонро моҳи имтиҳони на фақат ҷисму парҳез аз ғизо, ё ба истилоҳ, закоти тан, балки санҷиши имон ва покизагии нияту аъмол арзёбӣ ва ҷанбаи тарбиявӣ ва тақвияти шахсиятии онро беш аз ҳама таъкид мекунанд.
Саидмукаррам Абдулкодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2022
Абдулқодизода ба онҳое, ки аз Рамазон суистифодаву гаронфурӯшӣ мекунанд: поёнаш нокомист
Дар ҳамин ҳол, тоҷирону соҳибкорон ба боло рафтани қимати амволи дар кишвари истеҳсолкунанда ё масорифи деҳқонону тавлидкунандагони дохилӣ ва ҳам дигар хароҷоти то ба мағозаву бозор расидани мол суҳбат мекунанд.
Ин ҳарфи имрӯзу дирӯз нест, балки солҳо ба ин сӯ, бахусус, дар моҳи Рамазон ин гуфтугузорҳо ба авҷи худ мерасанд. Ҳукумат ҳам борҳо барои танзими нархҳо иқдом кард, аммо тавре дида мешавад, ба натиҷае даст наёфта, худи вазъ ровии воқеиятҳост.
Дар чунин вазъ рӯ ба имону дин овардани мардуме, ки бештар аз ҳама аз ин таҳаввулот осебпазиранд, бештар мешавад. Аммо аз он чӣ уламои ислом мегӯянд, мешавад ба ин натиҷа расид, ки ҳамоно боло бурдани сунъии нархҳо ба мусулмонӣ ва тасмими худи тоҷирону соҳибкорон ва фурӯшандагон бастагӣ дорад, ки бино ба фармудаҳои динашон оташи дӯзахро интихоб мекунанд ё ҳамсафарӣ бо паёмбарону шаҳидонро.
Лентаи хабарҳо
0