Маҳсулоти дастрас дар моҳи Рамазон: баргузории ярмарка дар чаҳор минтақаи Душанбе

© Sputnik / Стас ЭтвешОвощи на экономической выставке-ярмарке СУГД-2019
Овощи на экономической выставке-ярмарке СУГД-2019 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2023
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе хабар додааст, ки дар чор ноҳияи пойтахти кишвар ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Аз 11 то 21 апрел дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал гузаронида мешавад, иттилоъ додааст шаҳрдории Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, ярмаркаҳои мазкур дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин пешгирии болоравии нархи маводи озуқа доир карда мешаванд.
Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар КВД "Бозори Меҳргон"-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, буриши кӯчаҳои Ҳусейнзода ва Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), дар майдончаи назди бозори "Қарияи боло"-и ноҳияи Сино ва дар майдончаи назди КВД "Бозори Саховат"-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил карда мешавад.
Репчатый лук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.02.2023
Дар Суғд кишти пиёзро зиёд мекунанд: нархи маҳсулот арзон мешавад?
Инчунин дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои доимамалкунанда фаъолият менамоянд, ки дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешаванд.
Ярмаркаҳои доимамалкунанда ҳамарӯза дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва хусусии пойтахт фаъолият мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0