https://sputnik.tj/20220405/abdulqodizoda-ramazon-suistifodavu-garonfurushi-1047369962.html
Абдулқодизода ба онҳое, ки аз Рамазон суистифодаву гаронфурӯшӣ мекунанд: поёнаш нокомист
Абдулқодизода ба онҳое, ки аз Рамазон суистифодаву гаронфурӯшӣ мекунанд: поёнаш нокомист
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, афроде, ки аз моҳи Рамазон сӯистифода карда нархҳоро гарон мекунанд, маблағи бадастовардаашон ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе нахоҳад дод.
2022-04-05T17:10+0500
2022-04-05T17:10+0500
2022-04-05T19:14+0500
саидмукаррам абдулқодирзода
шӯрои уламои ҷт
иҷтимоъ
моҳи шарифи рамазон
бозор
нарху наво
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101674/18/1016741857_168:13:1600:819_1920x0_80_0_0_54c60ad1267b08d53932f4579a422544.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шӯрои уламои кишвар гуфт, Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони нерӯи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст. Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки барои хидматрасонӣ ба мардум масъуланд, гуфтааст ӯ дар суҳбат бо "Ховар".Ба таъкиди Абдуқодирзода, ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтаринест, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст.Раиси Шӯрои уламо мегӯяд, дар ин моҳ баъзе нафарон, соҳибкорон ва ё шахсоне, ки бозорнишинанд, ба таври сунъӣ боло бурдани нарҳо даст мезананд, дар ҳоле ки мо камбуди рӯған, орд, меваҷот надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост.Нафароне, ки нархро ба таври сунъӣ нархро боло мебардоранд, ба гуфтаи Абдуқодирзода, аз маблағе, ки ба даст меоранд, ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад. Раиси Шӯрои уламо аз тамоми бозорнишинон ва фурӯшандаҳо дархост кардааст, ки дар моҳи мубораки Рамазон хайру эҳсонро пеша кунанд, нархҳоро на боло, балки ба миқдоре поин фароранд, ки ин беподош нахоҳад монд.Саидмукаррам Абдуқодирзода мегӯяд, дини мубини Ислом танҳо дини эътиқод нест, балки дини эътиқоду амал аст ва мо дар ин моҳ бояд нисбат ба мардум хайрхоҳ бошем.Аз рӯи ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон, ба гуфти мавсуф, анҷом додани ҳар гуна амали хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат бояд хос ба хотири ризои Худованд бошад, на ба хотири дарёфти шуҳрату обрӯю эътибор миёни ҷомеа. Мавсуф мегӯяд, яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад.
https://sputnik.tj/20220405/shuro-ulamo-kiho-ruza-nagirand-1047367263.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101674/18/1016741857_253:1:1597:1009_1920x0_80_0_0_2bc2774b9b1f98837bcbe3c424365399.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
абдулқодизода рамазон суистифода гаронфурӯшӣ рамазон
абдулқодизода рамазон суистифода гаронфурӯшӣ рамазон
Абдулқодизода ба онҳое, ки аз Рамазон суистифодаву гаронфурӯшӣ мекунанд: поёнаш нокомист
17:10 05.04.2022 (Навсозишуда: 19:14 05.04.2022) Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, афроде, ки аз моҳи Рамазон сӯистифода карда؟ нархҳоро гарон мекунанд, маблағи бадастовардаашон ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе нахоҳад дод
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Саидмукаррам Абдуқодирзода, Раиси Шӯрои уламои кишвар гуфт, Рамазон на танҳо моҳи имтиҳони нерӯи ҷисмонӣ ва парҳез аз ғизо, балки имтиҳони вазъи рӯҳиву равонӣ ва покизагии нияту аъмол ҳам ҳаст.
Ин нукта ба онҳое дахл дорад, ки барои хидматрасонӣ ба мардум масъуланд, гуфтааст ӯ дар суҳбат бо "Ховар".
Ба таъкиди Абдуқодирзода, ба таври сунъӣ боло бардоштани нархи навои бозор ба хотири фоидаи бештар гирифтан дар ин моҳ амали бадтаринест, ки дар дини мубини ислом мавриди маҳкумият қарор гирифтааст.
Раиси Шӯрои уламо мегӯяд, дар ин моҳ баъзе нафарон, соҳибкорон ва ё шахсоне, ки бозорнишинанд, ба таври сунъӣ боло бурдани нарҳо даст мезананд, дар ҳоле ки мо камбуди рӯған, орд, меваҷот надорем, ҳама анборҳо пур аз ин неъматҳост.
"Ҳоло ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бардоштани нархи дигар маҳсулот, умуман суистифода аз моҳи мубораки Рамазон ё рӯзҳои мубораки ид бисёр гуноҳи азим буда, пайомадҳои нохуш низ дорад", - таъкид кардааст ӯ.
Нафароне, ки нархро ба таври сунъӣ нархро боло мебардоранд, ба гуфтаи Абдуқодирзода, аз маблағе, ки ба даст меоранд, ба онҳо ба ҷуз нигарониву нокомӣ ва парешониву ташвишҳо чизе намедиҳад.
Раиси Шӯрои уламо аз тамоми бозорнишинон ва фурӯшандаҳо дархост кардааст, ки дар моҳи мубораки Рамазон хайру эҳсонро пеша кунанд, нархҳоро на боло, балки ба миқдоре поин фароранд, ки ин беподош нахоҳад монд.
Саидмукаррам Абдуқодирзода мегӯяд, дини мубини Ислом танҳо дини эътиқод нест, балки дини эътиқоду амал аст ва мо дар ин моҳ бояд нисбат ба мардум хайрхоҳ бошем.
Аз рӯи ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон, ба гуфти мавсуф, анҷом додани ҳар гуна амали хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат бояд хос ба хотири ризои Худованд бошад, на ба хотири дарёфти шуҳрату обрӯю эътибор миёни ҷомеа.
Мавсуф мегӯяд, яке аз амалҳои хайру савобе, ки маҳз дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани он таъкид шудааст, садақа ба ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад.