https://sputnik.tj/20230407/but-tramp-tavsiya-rusiya-kuch-bandad-1056298433.html
Бут ба Трамп тавсия дод, ки ба Русия кӯч бандад
Бут ба Трамп тавсия дод, ки ба Русия кӯч бандад
Sputnik Тоҷикистон
Виктор Бут ба раисҷумҳури пешини Амрико тавсия додааст, ки ба Русия кӯч бандад ва роҳбарии ҳаракати зиддиглобалиро бар уҳда бигирад
2023-04-07T19:55+0500
2023-04-07T19:55+0500
2023-04-07T19:55+0500
дар русия
доналд трамп
виктор бут
барқия
даъват
сиёсат
раисҷумҳур
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/13/1053620759_0:12:3073:1740_1920x0_80_0_0_3b0172fbbb2706449789699cb3d4cb36.jpg
Ходми ҷамъиятии Русия Виктор Бут, аз раисҷумҳури пешини ИМА Доналд Трампро даъват кард, ки ба Русия биёяд ва аз он ҷо шӯриши зиддиглобалиро роҳбарӣ кунад.Ахиран оқои Бут аз бинои телеграфи марказӣ ба Доналд Трамп дар бораи чӣ гуна зинда мондан дар зиндони Амрико барқия фиристод.Вай иқрор шуд, ки "медонад, ки дар бораи чӣ гап мезанад", зеро тақрибан 15 солро дар зиндони Иёлоти Муттаҳида сипарӣ кардааст."Имрӯз ман ба раисҷумҳури пешини ИМА Доналд Трамп барқия фиристодам. Бовар дорам, ки ҷони ӯ дар хатар аст. Мурофиаи оғозшуда бо ҳамин тамом нахоҳад шуд. Эҳтимол дорад, ӯро кушанд. Мехоҳам ӯро ба Русия даъват кунам. Дар инҷо ӯ метавонад дар амн бошад ва шӯриши зидди глобализатсияро роҳбарӣ кунад", - гуфт Бут пас аз ирсоли барқия ба хабарнигорон.Чанде пеш Доналд Трампро ба 34 тақаллуби сабтҳои тиҷорӣ дар иртибот бо пардохт ба ду зан, аз ҷумла ҳунарпешаи порнографӣ Сторми Даниэлс барои хомӯшӣ дар бораи иртиботи эҳтимолии онҳо муттаҳам шуд.Ёдовар мешавем, ки дар Додгоҳи ҷиноии Манҳеттан алайҳи собиқ раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои тақаллуби сабтҳои тиҷоратӣ аз рӯи 34 модда айб эълон карда шуд.Ҳадди аксари ҳукми эҳтимолие, ки ба президенти пешини ИМА Доналд Трамп аз рӯи маҷмӯи иттиҳомоти эълоншуда алайҳи ӯ, 136 соли зиндонро ташкил медиҳад.Доналд Трамп аввалин президенти собиқ дар таърихи ИМА шуд, ки боздошт шудааст, ҳарчанд ҳамагӣ барои 2 соат.Дар суди ҷиноии Манҳеттани Ню-Йорк, Трампро барои қалбакӣ кардани сабтҳои тиҷоратӣ аз рӯи 34 банд айбдор карданд.Ба гуфтаи додситони Манҳеттан, Алвин Брегг раисиҷумҳури собиқ ва шарикони ӯ дар соли 2015 ба мувофиқа расида, нақшаи ҷилавгирӣ аз иттилооти манфӣ ба хотири пирӯзӣ дар интихоботи президентии соли 2016-ро таҳия кунанд.Зидди Трамп инчунин барои "номаҳои таҳдидкунандаю суханронӣ" ва паёмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба унвонии додгоҳҳо ва додситонҳои шаҳри Ню Йорк айб эълон шудаст.
https://sputnik.tj/20230405/tahdid-soli-zindon-tramp-1056191248.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/13/1053620759_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_5f1fc71e78cde0265a8ff080f13cb9f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, трамп, виктор бут, има, зиндон, барқия, зиддиглобалӣ, роҳбарӣ
русия, трамп, виктор бут, има, зиндон, барқия, зиддиглобалӣ, роҳбарӣ
Бут ба Трамп тавсия дод, ки ба Русия кӯч бандад
Виктор Бут ба раисҷумҳури пешини Амрико тавсия додааст, ки ба Русия кӯч бандад ва роҳбарии ҳаракати зиддиглобалиро бар уҳда бигирад
Ходми ҷамъиятии Русия Виктор Бут, аз раисҷумҳури пешини ИМА Доналд Трампро даъват кард, ки ба Русия биёяд ва аз он ҷо шӯриши зиддиглобалиро роҳбарӣ кунад.
Ахиран оқои Бут аз бинои телеграфи марказӣ ба Доналд Трамп дар бораи чӣ гуна зинда мондан дар зиндони Амрико барқия фиристод.
Вай иқрор шуд, ки "медонад, ки дар бораи чӣ гап мезанад", зеро тақрибан 15 солро дар зиндони Иёлоти Муттаҳида сипарӣ кардааст.
"Имрӯз ман ба раисҷумҳури пешини ИМА Доналд Трамп барқия фиристодам. Бовар дорам, ки ҷони ӯ дар хатар аст. Мурофиаи оғозшуда бо ҳамин тамом нахоҳад шуд. Эҳтимол дорад, ӯро кушанд. Мехоҳам ӯро ба Русия даъват кунам. Дар инҷо ӯ метавонад дар амн бошад ва шӯриши зидди глобализатсияро роҳбарӣ кунад", - гуфт Бут пас аз ирсоли барқия ба хабарнигорон.
Чанде пеш Доналд Трампро ба 34 тақаллуби сабтҳои тиҷорӣ дар иртибот бо пардохт ба ду зан, аз ҷумла ҳунарпешаи порнографӣ Сторми Даниэлс барои хомӯшӣ дар бораи иртиботи эҳтимолии онҳо муттаҳам шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Додгоҳи ҷиноии Манҳеттан алайҳи собиқ раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои тақаллуби сабтҳои тиҷоратӣ аз рӯи 34 модда айб эълон карда шуд.
Ҳадди аксари ҳукми эҳтимолие, ки ба президенти пешини ИМА Доналд Трамп аз рӯи маҷмӯи иттиҳомоти эълоншуда алайҳи ӯ, 136 соли зиндонро ташкил медиҳад.
Доналд Трамп аввалин президенти собиқ дар таърихи ИМА шуд, ки боздошт шудааст, ҳарчанд ҳамагӣ барои 2 соат.
Дар суди ҷиноии Манҳеттани Ню-Йорк, Трампро барои қалбакӣ кардани сабтҳои тиҷоратӣ аз рӯи 34 банд айбдор карданд.
Ба гуфтаи додситони Манҳеттан, Алвин Брегг раисиҷумҳури собиқ ва шарикони ӯ дар соли 2015 ба мувофиқа расида, нақшаи ҷилавгирӣ аз иттилооти манфӣ ба хотири пирӯзӣ дар интихоботи президентии соли 2016-ро таҳия кунанд.
Зидди Трамп инчунин барои "номаҳои таҳдидкунандаю суханронӣ" ва паёмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба унвонии додгоҳҳо ва додситонҳои шаҳри Ню Йорк айб эълон шудаст.