https://sputnik.tj/20230405/tahdid-soli-zindon-tramp-1056191248.html
Таҳдиди 136 соли зиндон ба Трамп
Таҳдиди 136 соли зиндон ба Трамп
Sputnik Тоҷикистон
Дар Додгоҳи ҷиноии Манҳеттан алайҳи собиқ раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои тақаллуби сабтҳои тиҷоратӣ аз рӯи 34 модда айб эълон карда шуд
2023-04-05T11:40+0500
2023-04-05T11:40+0500
2023-04-05T11:41+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
доналд трамп
ҳабс
зиндон
иттиҳом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/05/1056190623_469:525:3176:2048_1920x0_80_0_0_338414dc6a26494f3a172aad9d7ce30b.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ҳадди аксари ҳукми эҳтимолие, ки ба президенти пешини ИМА Доналд Трамп аз рӯи маҷмӯи иттиҳомоти эълоншуда алайҳи ӯ, 136 соли зиндонро ташкил медиҳад. Ин оморро шабакаи телевизионии "Fox News" бар асоси таҳлили маҷмӯи иттиҳомот алайҳи Трамп пешниҳод кардааст. "Дар ин иттиҳом ҳукми ҳадди аксар 136 соли зиндон пешбинӣ шудааст, аммо ҳукми воқеӣ эҳтимолан сабуктар аз он аст, ки сиёсатмадор бо ҳама иттиҳомҳо маҳкум шуда бошад", - гузориш дод шабака. Доналд Трамп аввалин президенти собиқ дар таърихи ИМА шуд, ки боздошт шудааст, ҳарчанд ҳамагӣ барои 2 соат. Дар суди ҷиноии Манҳеттани Ню-Йорк, Трампро барои қалбакӣ кардани сабтҳои тиҷоратӣ аз рӯи 34 банд айбдор карданд. Ба гуфтаи додситони Манҳеттан, Алвин Брегг раисиҷумҳури собиқ ва шарикони ӯ дар соли 2015 ба мувофиқа расида, нақшаи ҷилавгирӣ аз иттилооти манфӣ ба хотири пирӯзӣ дар интихоботи президентии соли 2016-ро таҳия кунанд. Зидди Трамп инчунин барои "номаҳои таҳдидкунандаю суханронӣ" ва паёмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба унвонии додгоҳҳо ва додситонҳои шаҳри Ню Йорк айб эълон шудаст. Зимнан зикр мегардад, ки худи раисиҷумҳури собиқ ба гуноҳаш иқрор нашуда, мурофиаро "ҳайратовар" номид ва қайд кард, ки кишвар "ба дӯзах" равона шуда истодааст. Дарҳол пас аз мурофиа, Трамп ба бошишгощи худ дар Мар-а-Лаго ба Флорида баргашт ва бо тарафдорони он ҷо сӯҳбат кард. Вакили дифои сиёсатмадор Ҷо Такопин бар ин назар аст, ки иттиҳомоти алайҳи зерҳимояаш бедалел мебошанд. Мурофиаи навбатии ин парванда 4 декабр таъйин шудааст.
https://sputnik.tj/20230328/tramp-omoda-munoqisha-ukrainaro-hal-1055806067.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/05/1056190623_788:551:2784:2048_1920x0_80_0_0_41207c605cd850c0aa090bccb0ecfae0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
доналд трамп, сол, зиндон, таҳдид, хатар
доналд трамп, сол, зиндон, таҳдид, хатар
Таҳдиди 136 соли зиндон ба Трамп
11:40 05.04.2023 (Навсозишуда: 11:41 05.04.2023) Дар Додгоҳи ҷиноии Манҳеттан алайҳи собиқ раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои тақаллуби сабтҳои тиҷоратӣ аз рӯи 34 модда айб эълон карда шуд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Ҳадди аксари ҳукми эҳтимолие, ки ба президенти пешини ИМА Доналд Трамп аз рӯи маҷмӯи иттиҳомоти эълоншуда алайҳи ӯ, 136 соли зиндонро ташкил медиҳад.
Ин оморро шабакаи телевизионии "Fox News" бар асоси таҳлили маҷмӯи иттиҳомот алайҳи Трамп пешниҳод кардааст.
"Дар ин иттиҳом ҳукми ҳадди аксар 136 соли зиндон пешбинӣ шудааст, аммо ҳукми воқеӣ эҳтимолан сабуктар аз он аст, ки сиёсатмадор бо ҳама иттиҳомҳо маҳкум шуда бошад", - гузориш дод шабака.
Доналд Трамп аввалин президенти собиқ дар таърихи ИМА шуд, ки боздошт шудааст, ҳарчанд ҳамагӣ барои 2 соат.
Дар суди ҷиноии Манҳеттани Ню-Йорк, Трампро барои қалбакӣ кардани сабтҳои тиҷоратӣ аз рӯи 34 банд айбдор карданд.
Ба гуфтаи додситони Манҳеттан, Алвин Брегг раисиҷумҳури собиқ ва шарикони ӯ дар соли 2015 ба мувофиқа расида, нақшаи ҷилавгирӣ аз иттилооти манфӣ ба хотири пирӯзӣ дар интихоботи президентии соли 2016-ро таҳия кунанд.
Зидди Трамп инчунин барои "номаҳои таҳдидкунандаю суханронӣ" ва паёмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ба унвонии додгоҳҳо ва додситонҳои шаҳри Ню Йорк айб эълон шудаст.
Зимнан зикр мегардад, ки худи раисиҷумҳури собиқ ба гуноҳаш иқрор нашуда, мурофиаро "ҳайратовар" номид ва қайд кард, ки кишвар "ба дӯзах" равона шуда истодааст.
Дарҳол пас аз мурофиа, Трамп ба бошишгощи худ дар Мар-а-Лаго ба Флорида баргашт ва бо тарафдорони он ҷо сӯҳбат кард. Вакили дифои сиёсатмадор Ҷо Такопин бар ин назар аст, ки иттиҳомоти алайҳи зерҳимояаш бедалел мебошанд. Мурофиаи навбатии ин парванда 4 декабр таъйин шудааст.