Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Амалиёти вижаи инизомӣ: "Скортсенӣ" аз Чернигов куҷо парвоз дошт

© Sputnik / Alexey Maishev / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие артиллерийского расчета РСЗО "Ураган" вооруженных сил РФ работают по позициям ВСУ в южном секторе СВО
Военнослужащие артиллерийского расчета РСЗО Ураган вооруженных сил РФ работают по позициям ВСУ в южном секторе СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Обуна шудан
Дар ҳудуди вилояти Брянск сатҳи "зард"-и хатари террористӣ ҷорӣ шудааст, хадамотҳои махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар реҷаи пурзӯркардашуда кор карда истодаанд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Қувваҳои низомии Украина амалан ба “задани зарбаҳои ҷавобӣ“ омода нестанд, ва режими киевӣ мекӯшад заифии низомии худро бо роҳи фаъол намудани амалиётҳои диверсионии хадамоти ҷосусӣ ва сохторҳои амниятии Украина дар ҳудудҳои наздисарҳадии Русия "саҳнасозона" ҷуброн намояд. Ба пентагон чунин амал писанд аст.
Дар ноҳияи Клинтсовскии вилояти Брянск 5 апрел низомиёни русиягӣ тайёраи муҳаррикаш сабуки украинии А-22-ро, ки сарнишинаш яроқноку беҳуҷҷат буд, “ба замин шинониданд”. Тайёра аз сӯи вилояти Чернигови Украина, ки ҳамсарҳади Русия аст, парвоз дошт.
Аз рӯи сару либос, яроқу таҷҳизоти ин “Сквортсенӣ”-и черниговӣ иҷрои супориши ҷосусӣ, бурдани диверсия ё худ бурдани мутахассиси идораи ҷосусии Украинаро аз Русия тахмин задан мумкин буд.
Боздоштшуда изҳор дошт, ки шахси ғайринизомӣ аст - Александр Морозов, 67 сола. Аз ҷониби қувваҳои мусаллаҳи Украина барои санҷиши ҳолати воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ киро карда шудааст. Ба ҳарими ҳавоии Русия бошад гӯё тасодуфан даромада бошад: ”Вазифа чунин буд - дар баландии на он қадар зиёд аз паи тайёраи роҳбаладӣ мекарда парвоз намудан ва бо фармони ин роҳбалад расм гирифтан.”
Военнослужащий артиллерийского расчета РСЗО Ураган вооруженных сил РФ работает по позициям ВСУ в южном секторе СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар Запороже гуфтанд, ки тарроҳони нақшаи ҳамлаи артиши Украина дар назди Азов кист
Барои иҷроиши ин супориши махсус 50 ҳаз. гривен (муодили 1,35 тыс. доллар) ваъда карданд. Милтиқро бошад барои “худмуҳофизаткунӣ” доданд.
Сарнишин ба пас аз нишасти иҷбории тайёра фавран милтиқро ба ҷангалзор партофт, дар ҳамон ҷо боз ду адад планшети электронӣ ва ду адад дастгоҳи наворбардориашро ёфтанд. Миллатчии ашаддии украинӣ Морозов аз соли 2014 инҷониб ба низомиёни Украина “кӯмак расонида истодааст” – бар ивази пул, албатта.
Имрӯз маълумоти боз ҳам муфассалтаре дар бораи ҳуҷуми 5 апрелии ду тайёраи варзишӣ ба ноҳияи Суражскии вилояти Брянск пайдо шуд, ки он ҷо “шабаҳҳои Киев” аз баландии хурд ду адад бомбаро ба қаламрави корхонаи "Слава" (“Росрезерв”) партофтанд.
Ҳеҷ кас осеб надидааст. Дар замин ду чуқурии андозааш чорметра боқӣ мондааст. Яқинан, дар ноҳияи Клинтсовский дар роҳи бозгашт як тайёраи украинӣ пас аз иҷрои супориши ҷосусӣ-диверсионӣ нишасти иҷборӣ дошт.
Воқеан, ба корхонаи “Слава”, ки дар масофаи тақрибан 70 километр дуртар аз сарҳади украинӣ ҷойгир аст, пештар низ бесарнишинони украинӣ ду маротиба ҳуҷум намуда буданд - 30 ноябр ва 6 декабри соли 2022.
Пас аз як ҳуҷуми ҳавоии диверсионӣ ба сӯхторнишинони брянскӣ лозим омад бо оташ дар се зарфҳои маҳсулоти нафтӣ дошта мубориза баранд.
Символ НАТО в Брюсселе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
НАТО дар Украина банд монд
Дар қаламрави вилояти Брянск сатҳи "зард"-и хатари террористӣ ҷорӣ карда шудааст, хадамотҳои махсус ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар реҷаи пурзӯркардашуда кор карда истодаанд. Бо вуҷуди ин, ин минтақа маҳали ҳуҷумҳои доимии диверсионии қувваҳои мусаллаҳи Украина боқӣ мемонад.
Ғайр аз воқеаҳо дар ноҳияҳои Сураҷский ва Клинтсовский , 5 апрел бесарнишинҳо-худкушҳо ба ноҳияи Сузимский низ (ҳамсарҳад бо вилояти Сум) ҳуҷум намуда буданд.
Субҳи дирӯз сарҳадбонони Раёсати Федеролии хадамоти бехатарии Русия дар шаҳри Брянск -дар ноҳияи Погарск- кӯшиши ба қаламрави Русия даромадани гурӯҳи ҷосусӣ-диверсиониро бо теъдоди 20 нафар пешгирӣ намуданд.
Дар ҳамон ҷо миллатгароёни украинӣ деҳаи наздисарҳадии Запесочеро як субҳ ду маротиба тирборон намуданд

Ҷанги тахрибкорӣ

Шабакаи амрикоии телевизионии CNN афзудани теъдоди амалиётҳои диверсионӣ ва зарбаҳои қувваҳои низомии Украина бо яроқи намуди HIMARS ба иншоотҳои боркашониву анборҳо дар ақибгоҳи дури Русия пешгӯӣ менамояд.
Время Ч: ядерное оружие России в Беларуси, обстановка в Артемовске, перспективы поставок оружия ВСУ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2023
Силоҳи ҳастаии Русия дар Беларус ва интиқоли силоҳ ба Украина: хулосаи коршиносон
Ба ин пешгӯи бовар кардан мумкин аст, охир ситоди генералии украинӣ – ин лӯхтаки дастисохти Пентагон мебошад.
Фармондеҳони қувваҳои мусаллаҳи Украина бесарнишинҳои зарбазани ғарбиро ҷамъ меоранд. Ва мӯшикофона роҳҳои чапғалат задан аз воситаҳои мудофиаи ҳавоии русиягиро таҳлил доранд.
Аз пайроҳаҳои пинҳонии ҷангалӣ ва аз ҳуҷумҳои ҳавоии ҷосусони черниговӣ, сумӣ, харковӣ истифода мебаранд. Ҳамчунин, аз диверсантҳо низ истифода мебаранд - дар ҳолати эҳтимолии истифодаи шадиди паҳбодҳо ва бесарнишинҳо дар ҷараёни “ҳуҷумҳои ҷавобӣ”-и баҳории низомиёни украинӣ.
Афзудани фаъолнокии диверсионии қувваҳои низомии Украина ва хадамоти амнияти Украина дар минтақаҳои наздисарҳадии Русия диққати махсус ва шиддати баландро талаб менамояд. Боз - андешидани чораҳои васеи ҷавобӣ зарур аст.
Хадамоти низомии ҷосусии Русия мунтазам захираҳои низомиёни украиниро ошкору нобуд месозанд – ба таври дооимӣ ҷои исти махфии тайёраҳо ва техникаҳои бесарнишини натогӣ дар фурудгоҳи одессагии "Школьний" ва дар дигар нуқтаҳои ҷойгиршавӣ дармегиранду метарканд.
Аммо сарҳади тӯлаш беш аз 1 ҳазор километрро –дар вилоятҳои Курск, Брянск ва Белгород – бо оддитарин воситаҳои оптикӣ, маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ва воситаҳои муборизаи радиоэлектронӣ - чунон бастан, ки “ҳатто магас нагузарад”, кори мураккаб аст.
Ҳоло дар бораи вазъи мураккаб дар чаҳор минтақаи нави Русия нагуфтаем.
французский истребитель Мираж - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2023
НАТО дар Украина ба “Мираж”-ҳо умед мебандад
Президенти ФР Владимир Путин 5 апрел даъват намуд дар қаламравҳои озодшудаи ҶХЛ, ҶХД, вилоятҳои Херсон ва Запорожетс бо "пинҳонкорони саркӯбнашуда" "сахту самаранок" мубориза барем.
Ҳамин гуна, дар вилоятҳои Курск, Брянск, Белгород ва Воронеж аз ҳисоби сокинон “амалиётчиён”-и фаврии мушоҳидакорро ҷалб намудан (ва ҳам аз ҷиҳати молиявӣ ҳавасманд кунонидан) зарур аст.
Алоқаи мобилиро ҳар нафар дорад ва посбонии сарҳад дар як муддат кори умумихалқӣ шуда метавонад.
Ғайр аз ин, макони ҷойгиршавии маркази идоракунии диверсантҳои раёсати давлатии ҷосусӣ дар Киев - кӯчаи Электриков, 33 (маҷмааи биноҳо дар нимҷазира, ки дар алоҳидагӣ аз иншоотҳои истиқоматӣ истодааст) - ба ҳама маълум аст.
Коршиносон боз якчанд суроғаро ном мебаранд.
Бе чуну чаро, барои ин гуна иншоотҳо “Кинжал”-ҳоро дареғ доштан лозим нест.
Агар амалиётҳои диверсиониро "дар ҷанинашон" нобуд созем, дар сарҳадҳои Русия якбора бесарнишинҳои украинӣ кам мешаванд – ҳавоӣ, баҳрӣ ва заминӣ.
Сардори департаменти давлатии ИМА Энтони Блинкен бошад, ба ҳар ҳол мефаҳмад, ки “дарҳои кушода” ба НАТО барои Украина – пӯшидаанд.
Лентаи хабарҳо
0