https://sputnik.tj/20230407/zaporozhe-tarrohon-naqsha-hamla-artish-ukraina-azov-1056287224.html
Дар Запороже гуфтанд, ки тарроҳони нақшаи ҳамлаи артиши Украина дар назди Азов кист
Дар Запороже гуфтанд, ки тарроҳони нақшаи ҳамлаи артиши Украина дар назди Азов кист
Sputnik Тоҷикистон
Дар нақшаи таҳияшудаи ҳамлаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, нақши асосӣ ба рахнашавии зуд бо ёрии мошинҳои зиреҳпӯш ба соҳили баҳри Азов гузошта шудааст
2023-04-07T15:58+0500
2023-04-07T15:58+0500
2023-04-07T15:58+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
запороже
ҷмд
ҷмл
има
нато
британияи кабир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0a/1055419262_0:0:3177:1788_1920x0_80_0_0_2f4371512ee071ecac57b8a61fd6e6d0.jpg
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Фармондеҳони артиши Украина танҳо як васила дар бозии Ғарб ҳастанд. Дар ин бора раҳбари ҷунбиши "Мо бо Русия ҳастем" дар Запороже Владимир Рогов изҳор дошт. Ба гуфтаи вай, ҷараёни амалиёти зиддиҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Иёлоти Муттаҳида ва Британияи Кабир ба нақша гирифта шуда буд. Рогов иддао дорад, ки дар нақшаи таҳияшуда нақши асосӣ ба рахнашавии зуд бо ёрии мошинҳои зиреҳпӯш ба соҳили баҳри Азов гузошта шудааст. "Мақсади асосии онҳо буридани долони заминӣ ва таъминоти гуруҳҳҳои мост <...> Савол танҳо дар самти зарба меравад", — таъкид намуд мавсуф. Вай ҳамчунин афзуд, ки артиши Русия аз ният ва омодагии душман огоҳ аст. Вилояти Запороже дар пайи як раъйпурсии моҳи сентябри соли 2022 субъекти Федератсияи Русия шуд, ки Киев натоиҷи онро эътироф намекунад ва тирпарронии қаламравро идома медиҳад. Зиёда аз 70 дарсади минтақа таҳти назорати Русия аст, дар ҳоле ки артиши Украина танҳо як шаҳрро дар ихтиёр дорад.Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард.Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Илова бар ин, вазифаҳои эълоншудаи амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина иборатанд.
https://sputnik.tj/20230406/vakil-duma-taloshho-kiev-tajovuz-qrim-posukhi-shadid-1056240729.html
русия
украина
запороже
ҷмд
ҷмл
има
британияи кабир
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0a/1055419262_48:0:2777:2047_1920x0_80_0_0_abd15ad716a23d664364a77a74fdafbe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тарҳ нақша зиддиҳамла украина таҳиягарон маълум
тарҳ нақша зиддиҳамла украина таҳиягарон маълум
Дар Запороже гуфтанд, ки тарроҳони нақшаи ҳамлаи артиши Украина дар назди Азов кист
Дар нақшаи таҳияшудаи ҳамлаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, нақши асосӣ ба рахнашавии зуд бо ёрии мошинҳои зиреҳпӯш ба соҳили баҳри Азов гузошта шудааст
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Фармондеҳони артиши Украина танҳо як васила дар бозии Ғарб ҳастанд.
Дар ин бора раҳбари ҷунбиши "Мо бо Русия ҳастем" дар Запороже Владимир Рогов изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, ҷараёни амалиёти зиддиҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Иёлоти Муттаҳида ва Британияи Кабир ба нақша гирифта шуда буд.
"Нақшаи ҳамлаи Азов дар минтақаи Запороже, ки режими Киев эълон кардааст, аз ҷониби низомиёни НАТО таҳия шудааст. Зеленский ва Залужний <...> танҳо он чизеро, ки ба онҳо иыозат додаанд, садо медиҳанд, аз дасти онҳо стратегҳои бузург тайёр кардан намеояд", - гуфт ӯ.
Рогов иддао дорад, ки дар нақшаи таҳияшуда нақши асосӣ ба рахнашавии зуд бо ёрии мошинҳои зиреҳпӯш ба соҳили баҳри Азов гузошта шудааст.
"Мақсади асосии онҳо буридани долони заминӣ ва таъминоти гуруҳҳҳои мост <...> Савол танҳо дар самти зарба меравад", — таъкид намуд мавсуф.
Вай ҳамчунин афзуд, ки артиши Русия аз ният ва омодагии душман огоҳ аст.
Вилояти Запороже дар пайи як раъйпурсии моҳи сентябри соли 2022 субъекти Федератсияи Русия шуд, ки Киев натоиҷи онро эътироф намекунад ва тирпарронии қаламравро идома медиҳад.
Зиёда аз 70 дарсади минтақа таҳти назорати Русия аст, дар ҳоле ки артиши Украина танҳо як шаҳрро дар ихтиёр дорад.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Илова бар ин, вазифаҳои эълоншудаи амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина иборатанд.