Финляндия дар НАТО-муаммоҳои нави ин иттифоқ

© AP / Sergei GritsФлаг НАТО, и флаги Финляндии
Флаг НАТО, и флаги Финляндии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2023
Обуна шудан
Финландия ҳамчун узви нави Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) таҷрибаи харобиовари кишварҳои соҳили Балтика ва Лаҳистонро такрор хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ин кишвар хоҳад-нахоҳад, акнун ба майдони амалиёти ҷангии низомёни хориҷа барои ҳуҷум намудан ба Русия табдил меёбад-ба кишваре, ки 78 сол асоси амнияти милли он кишвар буд, менависад шореҳи низомии Sputnik Александр Хроленко.
Финляндия 4- апрели соли равон аъзои 31-уми НАТО гардид. НАТО соҳиби қаламрави камаҳолӣ (338400 км² ва 5,6 млн сокин), соҳиби аритиши хурд (24 ҳаз. хизматчиҳои ҳарбии амалкунанда) ва сарҳади умумӣ бо Русия дар тӯли 1271 км гардид (ду баробар зиёд).
Зерсохторҳои наздисарҳадӣ дар шарқи Финляндия рушд накардаанд. “Пардаи оҳанин”-и нав хароҷоти чандмиллондоллариро барои даҳсолаҳои наздик аз ҳамаи аъзоҳои ин иттифоқ талаб мекунад.Бо иловаи гузариши артиши Финляндия ба сохтори умумии НАТО ва васеъ намудани барнома вобаста ба қиркунандаҳои ноаёни F-35.
Символ НАТО в Брюсселе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
НАТО дар Украина банд монд
Дар тантана дар Брюссел президенти Финляндия Саули Ниинистё муҳокимарониҳои хушку холӣ бо дар бораи шиорҳои нав, дар бораи оғози давраи нав дошт ва қайд намуд: ”Аъзогӣ дар НАТО мавқеъҳои байналхалқии моро мустаҳкам менамояд ва фазоро барои ҳаракати артиш васеътар мегардонад.”
Тасавур кардан душвор нест, ки дар бораи кадом фазо президенти финнӣ сухан мегуфт-қариб ҳамаи кишварҳои аврупо имрӯз тобеи манфиатҳои Вашингтонанд, ҳамзамон-маҳкуми ҳамшарикӣ дар ҷанги бо дасти бегонагон бурдаистода бо Русия ва ҳам маҳкуми заволи иқтисодии худ мебошанд.
Ба артишҳои миллӣ нақши лӯхтаки беҳуқуқи Пентагон дода шудааст. Бехудона доман задани Паймони низомии ҷангҷӯй – стратегия ва хатогии фоҷиабори Ғарб аст, ки барои ин хатогӣ дуру дароз “ҳаракат” намудану арзиши баланд пардохт намудан лозим меояд.
Кремл аъзогии Финляндия ба НАТО-ро чун сӯиқасд ба амният ва манфиатҳои миллии худ баҳо медиҳад ва маҷбур аст, чораҳои ҷавобии тактикиву стратегӣ андешад.
Мавқеи ҷиддиву собити Русия (ҷаҳони бисёрқутба, маҷмааи ягона ва баробари амниятӣ) ба аъзоёни кӯҳнаву нави НАТО ягон чизи хуб ваъда карда наетавонад.

Қадами иғвоангез

Финляндияи дар назария бетараф таи сӣ сол бо НАТО наздик мешуд ва оҳиста ин Паймони низомиро ба артиши худ “насб” мекард. Президент Ниинистё дирӯз қайд намуд:”Ҳамчун шарик мо аллакай кайҳост, ки дар амалҳои НАТО иштироки фаъолона дорем. Дар оянда Финляндия саҳми худро барои тобоварии дастаҷамъӣ ва мудофиаи НАТО мегузорад.”
французский истребитель Мираж - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2023
НАТО дар Украина ба “Мираж”-ҳо умед мебандад
Дар ҳақиқат, Финляндия ва Шветсия дар 2020 бо Норвегияи ба НАТО аъзошудаистода иттифоқи низомӣ баст.
Пештар қисмҳои низомии финннӣ дар ҳайати қувваҳои НАТО дар амалиётҳои ҷангӣ дар қаламравҳои Афғонистон, Босния и Косово (дар солҳои 1995 ва 1999) иштирок намуда буданд, нақшаи ғасб намудани Косово аз Сербияро бошад собиқ президенти Финляндия Мартти Ахтисаари пешниҳод намуда буд.
Сардори Пентагона Ллойд Остин вақти дар бораи он, ки артиши финнӣ “ба таври назаррас НАТО-ро пурқувват месозад”, дурӯғ мегӯяд, лекин ба ҳар ҳол иттифоқи низомии Паймони Атлантикаи Шимолӣ нафақат қаламрав мегирад.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ финнҳо бо тезӣ қиркунандаҳои МиГ-21-ро ба чунин тайёраҳои ҷангии амрикоии F-18, танкҳои Т-55М-ро ба Leopard 2A4 ва Leopard 2A6-и олмонӣ иваз намуданд. Дар машқҳои муштараки НАТО дар Финляндия дар соли 2022 танкҳои бритонии Challenger-2-ро низ ҷойгир намуданд.
Нуқтаи тезонидани дигар намудани самти ҳаракат барои финниҳо – фармоиши калон барои 64 адад тайёраҳои навъи F-35A дар соли 2021 гардид. Ин тайёраҳо воситаҳои басо қулай барои бурдани яроқи ядроӣ ба ҳисоб мераванд ва дар тамоми ҷаҳон шабаки ягонаи ивази маълумот доранд –албатта таҳти назари Вашингтон.
Международные военные учения Summer Shield XIV в Латвии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Аҷалаи интиқоли "Абрамс"-ҳо ба Украина нишонаи шикасти стратегии артиши Украин ва НАТО аст
Тайёраҳои "нояён"-и F-35-и амрикоӣ аз омодагии ҷангӣ дуранд, дар сохторашон садҳо камбудӣ доранд, ва то имрӯз розигии Пентагонро барои истеҳсоли оммавӣ нагирифтаанд. Аммо мавқеи зиддирусиягии Финляндияро ин чиз ҳақ бароварда наметавонад.
Нашрияи The Diplomat қайд менамояд, ки ин ҳолат ба ҷойгиркунии яроқи ядроӣ дар кишварҳои Аврупои шарқӣ оварда мерасонад. Қиркунандаҳои F-35-и дар Финляндия ҷойгиршуда бошанд, зарбаи чуқур ба Русия зада метавонанад.
Амрикоиҳо умед доранд то соли 2030 F-35-ро аз бисёр муаммоҳои техникӣ раҳо намоянд ва онро интиқолдиҳандаи асосии яроқи термоядроии тактикӣ гардонанд. Дар баробари ин, ИМА кӯшиш доранд созишнома дар бораи истифодаи якҷояи яроқу аслиҳаи ядроиро бо аъзоёни НАТО васеъ намоянд.
Ёдовар мешавам, ки аз Санкт-Петербург то сарҳади финн 151 километр роҳ аст ё худ 10 дақиқа парвози F-35.
Вазири мудофиаи Дания Мортен Бёдсков чунин меҳисобад, ки аъзогии Финляндия ”НАТО-ро ба шимол пеш мебарад”, ва ишора ба кишварҳои минтақаи Балтика намуда, мегӯяд ки интизори “фаъолнокии бештар ба самти шарқ аст”.
Церемония приветствия многонационального батальона НАТО под руководством США в польском Ожише - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
МакГрегор гуфт, ки бе пуштибонии НАТО артиши Украинаро чӣ интизор аст
Вазири мудофиаи Норвегия Эйрик Кристофферсен пештар изҳор дошт, ки аъзогии Финляндия ва Швеция дар НАТО “имкониятҳои бисёреро фароҳам меоранд”, азҷумла - усули нави ҷойгирнамоиро – дар ҳолати ҷанг дар Антарктика ё худ дар Балтика.
Фармондеҳи қувваҳои кайҳониву низомии Норвегия Рольф Фолланд аллакай сари таъсиси созмони нави “Маркази Шимолии амалиётҳои ҳавоӣ” барои идоракунии супориши минтақавӣ андеша меронад.
Норвегия нақша дорад то соли 2025 52 қиркунандаи F-35 -ро, ки “таъсири иловагии хубе барои фишор ба воситаҳои русиягии мудофиаи зидди ҳавоӣ мерасонад ,” ҷойгир намояд.
Нашрияи Breaking Defense менавишад: ”Бисёр чизҳоро дар бораи сиёсати НАТО донистан барои Хелсинки дар пеш аст. Яке аз мавзӯъҳое, ки диққати ҷиддиро металабад, ин сиёати ядроӣ мебошад.” Ва Финляндия метавонад дар “мукаммалсозии мавқеи стратегии НАТО” иштирок намояд.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев пештар эълон дошт, ки Русия ба пайдо шудани яроқи ядроӣ дар ҳамсояҳои душманаш роҳ намедиҳад. Ин мавқеи устувори Русия аст.
Ҳукумати финнӣ дидаву дониста бо роҳи тезу тунд рафта истодааст. Бисёре аз сиёсатмадорони финнӣ бо нуқтаи назари ҷамъияти ProKarelia, ки талаби баргардонидани Виборг ва як қисми Карелия ба Финляндияро дорад, дуруст меҳисобанд.
Время Ч: Бесполезная встреча в Рамштайне, снарядный голод НАТО и смерть танковой коалиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2023
Вохӯрии бефоида дар "Рамштайн": чаро НАТО амалиёти фаъолро оғоз намекунад
Ғарби дастҷамъона кушоду равшан вазифаҳои ба Русия задани “стратегияи шикастовар”-ро расман изҳор медорад. Ва ҳамаи аъзоёни НАТО барои ҳамшарикӣ дар низоъи ҷангӣ, ки бо эҳтимолияти зиёд даври ниҳоияш ҳастаӣ хоҳад буд, ҷавобгариро бо ҳам хоҳанд дид.
Пайдост, ки на таҷрибаи лаҳистонии рафтан аз некҳамсоягӣ ва на таҷрибаи талхи украинӣ барои ҳамсояҳои Русия дарс нашуданд, ва муаммоҳои НАТО дар Аврупои Шарқӣ акнун оғоз мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0