Аҷалаи интиқоли "Абрамс"-ҳо ба Украина нишонаи шикасти стратегии артиши Украин ва НАТО аст

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкМеждународные военные учения "Summer Shield XIV" в Латвии
Международные военные учения Summer Shield XIV в Латвии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2023
Обуна шудан
Пентагон эълон дошт,ки Украина, чуноне, ки ба нақша гирифта шуда буд, аввали соли 2024 на, тирамоҳи соли 2023 танкҳои Abrams-ро мегирад
ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Дастоварҳои низомиёни русиягӣ дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ,камшавии захираҳои яроқу аслиҳаи НАТО ва ба таври чашмрас гум шудани қобилияти ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Украина-ин ҳама ИМА-ро маҷбур месозад, ки интиқоли танкҳои Abrams-ро тезонад.
30 адад мошинҳои кӯҳнаи тамғаи M1A1 дар театри мамалёти ҳарбии Украина ба баробарвазнии қувваҳо таъсиргузор буда наметавонад, аммо шахси ғарқшудаистода ҳатто хасро ҳам медорад.
Пентагон эълон дошт,ки Украина, чуноне, ки ба нақша гирифта шуда буд, аввали соли 2024 на, тирамоҳи соли 2023 танкҳои Abrams-ро мегирад.
Тезонидани ин амал ба пастшавии тавоноии ҷангӣ оварда мерасонад, охир ба ҷои танкҳои нави тамҳғаи M1A2-и ваъдакардаи амрикоиҳо ба Украина танкҳои нимдошти тамғаи M1A1-ро“бо баданаҳои аз таъмир баромада” аз парки артиши ИМА мефиристанд. Ин мошинҳо 32 сол пештар дар амалиёти “Тӯфон дар биёбон” иштирок намуда буданд.
Церемония приветствия многонационального батальона НАТО под руководством США в польском Ожише - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
МакГрегор гуфт, ки бе пуштибонии НАТО артиши Украинаро чӣ интизор аст
Котиби матбуоти Пентагон Пэт Райдер қайд намуд, ки Abrams M1A1 “имкониятҳои хело наздик” ба M1A2-ро дорад. Аз ҷумла, бо яроқҳои системаи навтарин тӯпи 120-миллиметра ва пулемети тираш 12,7 миллиметра ҷиҳозонида шудааст.
Ин навъи танк зиреҳи ҳастаи надорад.Аммо дар бастаи аслиҳаи худ гулӯлаҳои М829-и дилакашон дорои урани тиҳашударо дорад.Ҳадафро дар масофаи то 3500 метр нобуд месозад.
Дар бастаи ҷангии ин танк 40 адад гулӯлаи тӯпҳо, аз ҷумла, гулӯлаи ҷамъшавандаи дуриаш кӯтоҳи М830 (то 3000 метр), гулӯлаи сангшикани таркандаи М908 ва гулӯлаи сочмадори М1028 дорад. Дар ин танкҳо комплекси мушакии зиддитанкӣ ва гулӯлапуркуни таври автоматикӣ кор мекарда мавҷуд нест.
Пас аз партофтани гулӯла боқимондаҳои гилзаҳои тасфон дар дохили танк “месӯзанд”. Танкҳо ваъдагии пештараи навъи M1A2 таҷҳизоти оптикии тепловизорӣ барои сардори ҳайати даста ва ронанда доранд, ки дар майдони ҷанг огоҳии дастаро дар сатҳи баланд таъмин менамояд.
Системаи идоракунии танкҳои "Абрамс" барои қувваҳои мусаллаҳи Украина то ҳадди имкон(барои тез омода намудани ҳайати экипаж)сода карда шудааст. Дар дохили танк фақат масофасанҷи лазерӣ ва ҳисобкунаки элекронии баллистикӣ барои аз тӯп тир кушодан боқӣ мемонаду халос.
Самолет МиГ-29 ВВС Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2023
МиГ-29-и лаҳистонӣ ва Су-25-и мақдунӣ кумакрасони Украина буда наметавонанд
Хислатномаи асосии техникии "Abrams M1A1" афсонаро бобати иқтидори яроқи амрикоӣ ба бод медиҳад. Вазни мошини ҷангӣ 63 тонна буда, хело вазнин ҳам ҳаст ва на ҳар як кӯпрук имкони бардошти онро дорад. Танаи танк ва манорааш кафшер карда шудаанд.
Зиреҳи манори танк ҳамагӣ 38 миллиметр,зиреҳи танаи танк бошад ҳамагӣ 30 миллиметр, дар мавзеи паҳлӯи ҷангӣ бошад танк 32 миллиметр зиреҳ дорад,ки ин ҳама осебпазир аст. Муҳофизат ба таври таркиши ҷавобӣ ё худ ҳимояти динамикӣ надорад.
Муҳаррики газотурбинии иқтидораш 1500 қувваи асп дорад, ки имкони афзудани суръати ниҳоиро то 72 км/соат медиҳад (суръатьи крейсериаш-40 км/соат). Метавонаддар роҳи сангфарш то 440 км ҳаракат намояд.
Муқоисаи Abrams ва Т-90М
Танкҳои НАТО аз ҳад зиёд“афмсонанмонанд” тасвир шудаанд ва бо танкҳои русиягӣ рақобатнопазиранд. Бархӯрди як ба яки эҳтимолии"Абрамс”-и амрикоӣ в Т-90М-и русиягӣ дар театри амалиёти ҷангии Украина ривояти афзалияти технологии яроқҳои ғарбро тамоман барбод медиҳад.
Танкҳои "Прорив" Т-90М аллакай худро дар амалиётҳои низомӣ ба сифати беҳтарин мошини ҷангӣ муаррифӣ карадатавонистанд. Ва имрӯз беҳуда ҷонишини раиси Шӯрои амнияти ФР Дмитрий Медведев аз Т-90М “чун аз беҳтарин танки ҷаҳон” ном набурдааст.
Танки ҷангии русиягии "Прорив" Т-90М аз чунин мошинҳои ҷангии НАТО дар мавриди иқтидори ҷангӣ, дурии нобудсозии нишон, суръат ва гардиш бартариятҳои зиёд дорад.Яроқи асосии Т-90М тӯпи суфтамили 125-мм, ки ҳадафро аз масофаи то 4000 метр ба нишон мегирад, мебошад(бо гулӯлаҳои пуртиккаи тарканда аз рӯи ҳаракати баллистикӣ бошад –то 10 ҳазор метр).
Президент Украины Владимир Зеленский, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Зеленский иқрор шуд, ки ҳамлаи ҷавобии Украина ғайриимкон аст
Ҳамчунон гулӯлаҳо ҳадафро бо мушаки идоракунандаи "Рефлекс"-и дорои нишонгираки лазерӣ дар масофаи то 5000 метр(азҷумла-чархболҳоро) нобуд карда метавонад.
Ёдовар мешавам, ки дурии парвози гулӯлаи "Абрамс" ва дигар танкҳои НАТО аз 3500 ҳазор метр зиёд нест, мушакҳои намуди мушакҳои идоракунандаи зиддитанкӣ ро бошад танкоҳи русиягӣ ва танки олмонии "Леопард" доранд. Албатта,самаранокии танкҳои русиягӣ баландтар аст.
Вазни ҷангии Т-90М наздик 48 тоннро ташкил медиҳад. Ихчам будани сохти танки асосии ҷангӣ , маҷмааи зиреҳи динамикии "Реликт" Т-90М-ро аз тири тӯпу аз гулӯлаву хумпораҳои зиреҳзан ба таври боэътимод муҳофизат менамоянду онро дар майдони ҷанг осебнопазир гардонидаанд.
Хислатҳои олии ҷангӣ танки содиротии Т-90МС-ро дар ҷаҳон аз ҳама номдор гардониданд. Ин тонкро дар артиши давлатҳои Озарбойҷон, Алжир, Арманистон, Ветнам, Туркманистан, Уганда, Ироқ бомуваффақият истифода мебаранд.Қувайт ва Арабистони Саудӣ низ нияти онҳоро харидорӣ карданро доранд.
Таи солҳои охир дар Русия зиёда аз 2000 танкҳои Т-90 истеҳсол гардид ва бисёре кившарҳои дигар низ дар орзуи харидории ин мошини ҷангианд.
Военнослужащий артиллерийского расчета РСЗО Ураган вооруженных сил РФ работает по позициям ВСУ в южном секторе СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2023
Амалиёти низомии вижа: Имконияти зарбаҳои қувваҳои низомии Украина
Тибқи иҷозатнома истеҳсоли Т-90М-ро дар Ҳиндустон ба роҳ мондаданд. Кушодани заводи худро барои васлкунии қисмҳои Т-90М бо иқтидори 500 ададро Миср дар нақша дорад.Вазорати дифои Русия садҳо чунин танк дорад ва мунтазам теъдоди онҳоро афзоиш медиҳад.Чуноне, ки Дмитрий Медведев мегӯяд,соли равон Русия 1500 танк истеҳсол менамояд.

Таҷрибаи ҷангии "Abrams"

Амалиёти “Тӯфон дар биёбон” (соли 1991) барои 18 танки Abrams амалиёти охирини ҷангӣ буд-якчанд адади онҳо бо оташи танкҳои Т-72-и Ироқ нобуд гардиданд,ҳашт мошин бошад бар асари“оташи дӯстона”аз кор баромаданд.
Истифодаи ҷангии беш аз ду ҳазор танкҳои "Abrams"-и навъи M1A1 (соли 1984) дар Ироқ татмоман беэътимод будани муҳаррики газотурбинии онҳоро нишон доданд(бо сабаби чанг мошинаҳо ба таври оммавӣ аз кор баромаданд).
Дар ҷараёни ҷанги Ироқ (солҳои 2003 – 2011) танкҳои гурӯҳи Abrams бисёр талаф меёфтанд. Фақат дар ду соли аввали ин ҷанг 70%-и парки танкҳои амрикоии 1135"Абрамс"(аз тирҳои тӯпҳои гранотомётҳои зиддитанкии истеҳсоли шӯравӣ)нобуд карда шуданд.
Боевая работа танка Т-72 вооруженных сил РФ в южном секторе специальной военной операции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар ИМА бобати пешгӯиҳои Ғарб дар бораи Украина ва Русия хулосаҳои ногаҳонӣ бароварданд
Минбаъд боз ИМА ба артиши амрикогарои Ироқ 140 танки M1A1 Abrams фиристод,ки аз ин теъдод танҳо дар охири соли 2016 47ададашон фақат бо истифода аз мушакҳои идоракунандаи зиддитанкӣ нобуд карда шуданд.Як сабаби дигари соебпазирии M1A1 "Abrams" аз мушакҳои зиддитанкӣ –ин шикофи калони байни манора ва танаи танк гардид.
Бар хилофи наворҳои тарғиботӣ, ҳатто замонавитарин навъҳои Abrams дар майдони ҷанг хело осебпазир будаанд. Арабистони Саудӣ соли 2015 ба гурӯҳҳои ямании зидди хусидон ҷангидаистода даҳҳо танки навъи M1A2 дод.Тайи як сол "исёнгарон" 20 адад чунин мошинҳои ҷангии саудӣ, азҷумла- се танки навъи M1A2S Abarms-ро фақат бо истифода аз мушакҳои зиддитанкӣ нобуд сохтанд.

Баргардем ба Украина.

Дар ин ҷо танкҳои НАТО ягон маротиба бе дастгириву муҳофиза аз ҳаво ба ҷанг набаромадаандва бинобар ин,боре нашудааст, ки онҳоро тайёраҳои зарбазани тарафи муқобил, ки аз ҷиҳати технологӣ бартарияти зиёд доранд,нобуд карда бошанд.
Пайдо шудани аввалин танкҳои олмонии "Leopard 2A4" дар театри амалиётҳои ҷангӣ ба афзалияти зарбазаниву тактикиву стратегии артиши Русия ягон таъсире гузошта натавонист.Ёдовар мешавам, ки дар Сурия“ҷиҳодиён”танҳо дар ҷангҳо барои шаҳри Эл-Боб 10 танки "Leopard 2A4" бо истифода аз маҷмааҳои мушакии зиддитанкии истеҳсоли шӯравии"Фагот"ва "Конкурс"нобуд карда шуданд.
Бемуболиға,танкҳои амрикоии M1A1 Abrams қодир нестанд ба ҷарён ва ё худ ба натиҷаи амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина дигаргунӣ ворид созанд-ҳатто дар сурате, ки Пентагон ба режими киевӣ 30 неву 300 танкҳои худро диҳад. Ва истифодаи гулӯлалҳои M829-и дилакашон аз урани тиҳишуда омодакардашуда низ барои ИМА ягон оқибати нек надорад.
Здание Пентагона в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пентагон бар он аст, ки низоъ дар Украина метавонад чанд сол давом кунад
Ҳолати дар театри амамлиётҳои ҷангӣ баамаломада аз шикасти стратегии қувваҳои низомии Украина ва НАТО шаҳодат медиҳад. Низомиёни русиягӣ“ горди ҳуҷумкунандаи”осемасар дар қаламрави таҳти назорати Киев ҷамъ овардашуда,анборҳои яроқу аслиҳа ва сӯзишворӣ, техникаи кӯҳнаву нимдошти кишварҳои Ғарб додаро мунтазам ва ба таври барнагарданда нобуд карда истодаанд.
Агар котиби генералии НАТО Йенс Столтенберг ҳоло нақшаҳои низомии дарозмуддати ғарби дастҷамъонаро алайҳи Русия “тасвир дорад”, пас аъзоёни НАТО бобати ба охир расидани имкониятиҳои кӯмаки низомиашон ба Украина ҳар чӣ бештар садо баланд мекунанд.
Ҳатто нашрияҳои амрикоӣ, аз ҷумла маҷаллаи Foreign Policy, моҳияти он чӣ , ки гузашта истодааст, пинҳон намедаранд: ”Артиши осемасар аз ашхоси пешомада ташкилнамудаи Украина ҳар чӣ бештар бозичаҳои корношоям мегирад.”
Лентаи хабарҳо
0