Дабири кулли НАТО дар шарикии Русияву Чин таҳдидҳо мебинад

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкГенеральный секретарь НАТО Йенс Столтенберг
Генеральный секретарь НАТО Йенс Столтенберг  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2023
Обуна шудан
Дабири кулли НАТО ахиран эълон кардааст, ки ҳамкорӣ ва равобити Русия ва Чин ба кишварҳои Ғарб таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад
ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг бар он аст, ки тақвияти ҳамкориҳо миёни Русия ва Чин ба тартиботи ҷаҳоне, ки кишварҳои Ғарб ташкил додаанд, таҳдид мекунад.
"Онҳоро бо он муттаҳид мекунад, ки онҳо мехоҳанд тартиботи дигари ҷаҳонӣ ташкил кунанд. Гап дар он аст, ки онҳо арзишҳои моро қабул надоранд ва кӯшиш мекунанд, манфиатҳоеро, ки эътиқоди моро ба озодӣ ва демократия хароб мекунанд, дифоъ кунанд. Дар ин ҷаҳони хатарнок кишварҳои ҷаҳон бояд иттифоқ бошад”, - гуфт ӯ дар конфроне дар Норвегия.
Тавре Столтенберг қайд кард, далели асосии муттаҳидшавии ду давлат саркашии Пекин аз маҳкум кардани амалиёти вижаи Русия дар Украина буд.
"Чин баръакс достони Русияро тарғиб дорад ва НАТО-ро дар вазъияти кунунӣ муттаҳам мекунад ва бори аввал аз талаби Русия дар бораи бастани дарҳои паймон ба рӯи аъзоҳои нав пуштибонӣ мекунад", - гуфт дабири кулли СММ.
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2023
Генерали собиқи НАТО замони созиш дар Украинаро пешгӯӣ кард
Илова бар ин, Столтенберг ба амиқтар шудани равобити Маскав ва Пекин дар бахшҳои низомӣ ва иқтисодӣ таъкид кардааст.
Дар остонаи Соли нави милодӣ Владимир Путин ва Си Ҷинпин тавассути алоқаи видеоӣ гуфтугӯ карданд. Раисиҷумҳури Чин аз ҷумла гуфт, Пекин омода аст ҳамкориҳои стратегиро бо Маскав таҳким бахшад ва барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва амнияти ду кишвар ҳамкорӣ кунад.
Владимир Путин дар навбати худ қайд кард, ки аҳамияти шарикии стратегии Русия ва Чин ҳамчун омили устуворкунанда дар шароити афзояндаи танишҳои геополитикӣ афзоиш меёбад. Ба ақидаи вай, ҳамоҳангии Маскав ва Пекин барои ба вуҷуд овардани тартиботи одилонаи ҷахон хизмат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0