https://sputnik.tj/20230404/chin-afzoish-qudrat-uan-cholish-dollar-1056141776.html
Чин дар ҳоли афзоиши қудрати юан барои ба чолиш кашидани доллар аст
Чин дар ҳоли афзоиши қудрати юан барои ба чолиш кашидани доллар аст
Sputnik Тоҷикистон
Чин талош дорад, ки юанро дар тиҷорати дуҷониба бо шариконаш, аз ҷумла фурӯши нафти хом бо кишварҳои Ховари Миёна истифода бибарад
2023-04-04T13:39+0500
2023-04-04T13:39+0500
2023-04-04T13:41+0500
иқтисод
дар ҷаҳон
доллар
чин
има
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102893/81/1028938170_0:136:3069:1862_1920x0_80_0_0_8d9d998a3fccba81307d7724c282990c.jpg
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Пекин аз афзалиятҳои тиҷоратӣ барои пешбурди юан дар ҳисоббаробаркуниҳои дуҷониба истифода мебарад. Ин кор бо мақсади мубориза бо бартарии доллар дар низоми байналмилалии асъор сурат мегирад, навиштааст, нашрияи South China Morning Post. Нашрия қайд мекунад, ки Чин ҳамчунин барои истифодаи юан дар муомилоти дуҷонибаи нафти хом бо кишварҳои Ховари Миёна, як чолишҳои эҳтимолӣ барои нафти долларӣ аст.Пекин аллакай дар ин самт бо баъзе мамлакатҳои аъзои Ассотсиатсиям давлатхои Осиёи Ҷануби Шарқӣ (АСЕАН) дар бораи ҳисобу китоб бо асъорҳои миллӣ шартномахо бастанд. Он аллакай бо Индонезия, Ветнам ва Камбоҷа шартномаҳо бастааст. Ҳамин тариқ, ин ҳавасмандии кишварро ба густариши муомилоти молии тиҷоратӣ бо асъори миллӣ нишон медиҳад. Аммо рӯзнома таъкид мекунад, ки тавсеаи қурби юан ба фарқ аз доллар ё евро камтар мубодилашавандаи асъор маҳдуд мешавад. Гузашта аз ин, Чин назорати қатъии сармояро амалӣ мекунад. Дар ҳоли ҳозир ба пули Чин ҳамагӣ 2,19% пардохтҳои ҷаҳонӣ, 3,5% муомилоти асъории ҷаҳонӣ, 2,69% захираҳои бонки марказӣ рост меояд. Ёдовар мешавем, ки 25 кишвар, аз ҷумла Русия, аллакай бо Чин бо юан ҳисоббаробаркуниро анҷом медиҳанд. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқот бо раҳбарияти Чин эълом дошт, ки давлаташ ҷонибдори истифодаи юан дар ҳисоббаробаркуниҳо байни худ ва кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин аст.
https://sputnik.tj/20230330/mask-dollar-sabab-siyosat-ima-mavqe-gum-1055862165.html
чин
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102893/81/1028938170_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_1246b0ccd4980c1c22641eb471094bf6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин афзоиш қудрат юан чолиш доллар
чин афзоиш қудрат юан чолиш доллар
Чин дар ҳоли афзоиши қудрати юан барои ба чолиш кашидани доллар аст
13:39 04.04.2023 (Навсозишуда: 13:41 04.04.2023) Чин талош дорад, ки юанро дар тиҷорати дуҷониба бо шариконаш, аз ҷумла фурӯши нафти хом бо кишварҳои Ховари Миёна истифода бибарад
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Пекин аз афзалиятҳои тиҷоратӣ барои пешбурди юан дар ҳисоббаробаркуниҳои дуҷониба истифода мебарад.
Ин кор бо мақсади мубориза бо бартарии доллар дар низоми байналмилалии асъор сурат мегирад, навиштааст, нашрияи South China Morning Post.
""Ҳаракати истифодаи юан дар тиҷорат ва сармоягузорӣ ба ҷои доллари амрикоӣ ба ҳайси миёнарав яке аз роҳҳое мебошад, ки Пекин барои коҳиш додани вобастагии худ аз дороиҳои доллари амрикоӣ нақша дорад", — менависад рӯзнома.
Нашрия қайд мекунад, ки Чин ҳамчунин барои истифодаи юан дар муомилоти дуҷонибаи нафти хом бо кишварҳои Ховари Миёна, як чолишҳои эҳтимолӣ барои нафти долларӣ аст.
Пекин аллакай дар ин самт бо баъзе мамлакатҳои аъзои Ассотсиатсиям давлатхои Осиёи Ҷануби Шарқӣ (АСЕАН) дар бораи ҳисобу китоб бо асъорҳои миллӣ шартномахо бастанд.
Он аллакай бо Индонезия, Ветнам ва Камбоҷа шартномаҳо бастааст.
Ҳамин тариқ, ин ҳавасмандии кишварро ба густариши муомилоти молии тиҷоратӣ бо асъори миллӣ нишон медиҳад.
Аммо рӯзнома таъкид мекунад, ки тавсеаи қурби юан ба фарқ аз доллар ё евро камтар мубодилашавандаи асъор маҳдуд мешавад.
Гузашта аз ин, Чин назорати қатъии сармояро амалӣ мекунад. Дар ҳоли ҳозир ба пули Чин ҳамагӣ 2,19% пардохтҳои ҷаҳонӣ, 3,5% муомилоти асъории ҷаҳонӣ, 2,69% захираҳои бонки марказӣ рост меояд.
Ёдовар мешавем, ки 25 кишвар, аз ҷумла Русия, аллакай бо Чин бо юан ҳисоббаробаркуниро анҷом медиҳанд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқот бо раҳбарияти Чин эълом дошт, ки давлаташ ҷонибдори истифодаи юан дар ҳисоббаробаркуниҳо байни худ ва кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин аст.