https://sputnik.tj/20230330/mask-dollar-sabab-siyosat-ima-mavqe-gum-1055862165.html
Маск: доллар аз сабаби сиёсати ИМА мавқеи худро аз даст медиҳад
Маск: доллар аз сабаби сиёсати ИМА мавқеи худро аз даст медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Соҳибкори амрикоӣ навиштаи як таҳлилгари молиявӣ, ки иддао дошт, доллар мақоми асъори захиравии худро дорад аз даст медиҳад, шарҳ дод 30.03.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-03-30T17:26+0500
2023-03-30T17:26+0500
2023-03-30T17:26+0500
илон маск
има
дар ҷаҳон
сиёсат
доллар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/17/1032875665_0:275:2995:1960_1920x0_80_0_0_87cfd4804d27b770707ee4a3eb0b6027.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Сиёсати сахти пулию қарзии ИМА кишварҳои хориҷиро маҷбур мекунад, ки аз доллар даст кашанд. Директори генералии Tesla ва соҳиби Twitter Илон Маск дар ин бора хабар дод. "Сиёсати ИМА хеле сахт буд, ки кишварҳоро хоҳони даст кашидан аз доллар кард. Ин дар якҷоягӣ бо хароҷоти зиёдатии давлатӣ, ки кишварҳои дигарро маҷбур мекунанд, ки қисми муҳими таварруми моро пӯшонанд",- навштааст, соҳибкори амрикоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ҳамин тавр, Маск навиштаи таҳлилгари молиявӣ Женевева Роше-Дектеро шарҳ дод, ки гуфт, доллар ҳамчун асъори захиравӣ мавқеи худро дар ҳоли аз даст додан аст.Қаблан яке аз сарватмандтарин афроди сайёра изҳор дошта буд, ки "сиёсати хориҷии Амрико аз сатҳи сеюм низ поин рафтааст". Барои раҳоӣ аз вобастагии доллар бисёр кишварҳо ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ мегузаранд. Масалан, дар охири моҳи октябри соли 2022 дар биржаи Маскав ба муомилот бо пули тоҷикӣ оғоз кард. Ин далел як унсури муҳими инфрасохтори рушди ҳисоббаробаркуниҳои Русия ва Тоҷикистон шудааст. Савдои биржавӣ бо пули миллӣ имкони конвертсияи мустақими бонкҳо, миёнаравҳо ва мизоҷони онҳо – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро васеъ мекунад. Дар навбати худ, барои мубориза бо таваррум, Захираи Федералии ИМА аз соли 2022 инҷониб меъёри тахфифро пайваста боло мебарад. Дар баробари ин, суръати афзоиши нархҳои истеъмолӣ ҳанӯз аз "ҳадаф" 2% захоири федеролӣ дур аст. Таварруми солона дар Иёлоти Муттаҳида дар моҳи феврали соли 2023 аз 6,4% дар моҳи январ то 6% коҳиш ёфт.
https://sputnik.tj/20230317/volodin-jahon-dollarzudoi-davat-1055584918.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/17/1032875665_264:0:2995:2048_1920x0_80_0_0_92600f173275bd21fb66ce3a98ead697.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маск доллар сиёсат има қурб коҳиш
маск доллар сиёсат има қурб коҳиш
Маск: доллар аз сабаби сиёсати ИМА мавқеи худро аз даст медиҳад
Соҳибкори амрикоӣ навиштаи як таҳлилгари молиявӣ, ки иддао дошт, доллар мақоми асъори захиравии худро дорад аз даст медиҳад, шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Сиёсати сахти пулию қарзии ИМА кишварҳои хориҷиро маҷбур мекунад, ки аз доллар даст кашанд. Директори генералии Tesla ва соҳиби Twitter Илон Маск дар ин бора хабар дод.
"Сиёсати ИМА хеле сахт буд, ки кишварҳоро хоҳони даст кашидан аз доллар кард. Ин дар якҷоягӣ бо хароҷоти зиёдатии давлатӣ, ки кишварҳои дигарро маҷбур мекунанд, ки қисми муҳими таварруми моро пӯшонанд",- навштааст, соҳибкори амрикоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ҳамин тавр, Маск навиштаи таҳлилгари молиявӣ Женевева Роше-Дектеро шарҳ дод, ки гуфт, доллар ҳамчун асъори захиравӣ мавқеи худро дар ҳоли аз даст додан аст.
Қаблан яке аз сарватмандтарин афроди сайёра изҳор дошта буд, ки "сиёсати хориҷии Амрико аз сатҳи сеюм низ поин рафтааст".
Барои раҳоӣ аз вобастагии доллар бисёр кишварҳо ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ мегузаранд.
Масалан, дар охири моҳи октябри соли 2022 дар биржаи Маскав ба муомилот бо пули тоҷикӣ оғоз кард. Ин далел як унсури муҳими инфрасохтори рушди ҳисоббаробаркуниҳои Русия ва Тоҷикистон шудааст.
Савдои биржавӣ бо пули миллӣ имкони конвертсияи мустақими бонкҳо, миёнаравҳо ва мизоҷони онҳо – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро васеъ мекунад.
Дар навбати худ, барои мубориза бо таваррум, Захираи Федералии ИМА аз соли 2022 инҷониб меъёри тахфифро пайваста боло мебарад.
Дар баробари ин, суръати афзоиши нархҳои истеъмолӣ ҳанӯз аз "ҳадаф" 2% захоири федеролӣ дур аст.
Таварруми солона дар Иёлоти Муттаҳида дар моҳи феврали соли 2023 аз 6,4% дар моҳи январ то 6% коҳиш ёфт.