https://sputnik.tj/20230403/bulghori-bokhtar-yarmarka-mahsulot-kishovarzi-1056064637.html
Пас аз 100 сомонӣ шудани булғорӣ: дар Бохтар ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ доир мекунанд.
Пас аз 100 сомонӣ шудани булғорӣ: дар Бохтар ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ доир мекунанд.
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳр ҳафтае як маротиба, ҳар рӯзи шанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти гуногуни хоҷагии қишлоқ барпо карда мешаванд, то сокинон ба он дастрасӣ дошта бошанд
2023-04-03T18:45+0500
2023-04-03T18:45+0500
2023-04-03T18:45+0500
дар тоҷикистон
бохтар
ярмарка
маҳсулот
кишоварзӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/35/1031323529_0:66:3076:1796_1920x0_80_0_0_78cc1dffc305d20a058aff3639bf055c.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои мардуми маҳаллӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар". Аввалин чунин иқдом аллакай дар маркази маъмурии вилояти Хатлон баргузор гардидааст. Аз он раиси вилоят Давлаталӣ Саид дидан намуда, ба масъулин дастур додааст, ки ҳар рӯзи шанбе ярмаркаҳоро мунтазам ташкил намоянд, то сокинон молҳои заруриро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд. Ба аҳолӣ пиёз, картошка, равған, орд, тухм, гӯшт барин маҳсулоти озуқавӣ пешкаш карда шуд. Ҳамаи молҳо дар худи маҳал истеҳсол карда шуда, нисбат ба молҳои бозор қариб 15—20% арзонтаранд. Ҳамин тариқ, мақомот ба болоравии чашмраси қимати бархе аз маводи ғизоӣ дар бозорҳои маҳаллӣ вокуниш нишон додан мехоҳанд. Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, гаронфурӯшҳоро чӣ интизор астҚаблан хабар дода шуда буд, ки аз оғози моҳи Рамазон дар вилояти Хатлон шир ду баробар гарон шудааст. Як литри ин маҳсулоти маъруф дар бозорҳои шаҳри Бохтар аз 4 то 8 сомонӣ қимат шудааст.Ҳамзамон ба гуфти сокинон дар ин шаҳр, нархи як кило қаламфури булғорӣ 80-100 сомонӣ фурӯхта мешуд.Таъкид шудааст, ки тоҷирон бо истифода аз Рамазон анвоъи дигар маҳсулотро низ гарон карданд.
https://sputnik.tj/20230330/bozor-bokhtar-qalamfur-tilo-mefurushand-1055856846.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103132/35/1031323529_188:0:2920:2048_1920x0_80_0_0_d4bc88458aa5dccf4f7aa8f043160dfe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бохтар ярмарка маҳсулот кишоварзӣ
бохтар ярмарка маҳсулот кишоварзӣ
Пас аз 100 сомонӣ шудани булғорӣ: дар Бохтар ярмаркаҳои маҳсулоти кишоварзӣ доир мекунанд.
Дар шаҳр ҳафтае як маротиба, ҳар рӯзи шанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти гуногуни хоҷагии қишлоқ барпо карда мешаванд, то сокинон ба он дастрасӣ дошта бошанд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ барои мардуми маҳаллӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Аввалин чунин иқдом аллакай дар маркази маъмурии вилояти Хатлон баргузор гардидааст.
Аз он раиси вилоят Давлаталӣ Саид дидан намуда, ба масъулин дастур додааст, ки ҳар рӯзи шанбе ярмаркаҳоро мунтазам ташкил намоянд, то сокинон молҳои заруриро бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.
Ба аҳолӣ пиёз, картошка, равған, орд, тухм, гӯшт барин маҳсулоти озуқавӣ пешкаш карда шуд.
Ҳамаи молҳо дар худи маҳал истеҳсол карда шуда, нисбат ба молҳои бозор қариб 15—20% арзонтаранд.
Ҳамин тариқ, мақомот ба болоравии чашмраси қимати бархе аз маводи ғизоӣ дар бозорҳои маҳаллӣ вокуниш нишон додан мехоҳанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки аз оғози моҳи Рамазон дар вилояти Хатлон шир ду баробар гарон шудааст. Як литри ин маҳсулоти маъруф дар бозорҳои шаҳри Бохтар аз 4 то 8 сомонӣ қимат шудааст.
Ҳамзамон ба гуфти сокинон дар ин шаҳр, нархи як кило қаламфури булғорӣ 80-100 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Таъкид шудааст, ки тоҷирон бо истифода аз Рамазон анвоъи дигар маҳсулотро низ гарон карданд.