https://sputnik.tj/20230402/hushdor-shuro-ulamo-tojikiston-garonfurush-ramazon-1055918209.html
Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, гаронфурӯшҳоро чӣ интизор аст
Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, гаронфурӯшҳоро чӣ интизор аст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки беасос боло бурдани нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи Рамазон чӣ паёмад дорад
2023-04-02T15:30+0500
2023-04-02T15:30+0500
2023-04-02T16:38+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
нарх
рамазон
шӯрои уламо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337188_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_dd167391ff2794f32884f9850020245e.jpg
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Соҳибкорон, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоташонро беасос боло мебаранд, муртакиби гуноҳ мешаванд. Ин нуктаро муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Усмоналӣ Нурзода дар суҳбат бо нашрияи расмии вилоят баён доштаст. Зикр гардидаст, ки бо фаро расидани моҳи Рамазон гарон шудани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардум давоми чанд соли охир анъана шудааст ва савдогарон бесабаб нархи маҳсулотро боло мебардоранд. Нурзода дар шарҳи масъала аз ҳазрати Абуамома ривоят овардааст, ки он нафаре ҳаққи касеро мехӯрад, пас бар гуноҳ мемонад. Вай тавзеҳ додаст, ҳангоме ки маҳсулотро бо нархи гарон пешниҳод мекунанд ва харидор бо сабаби эҳтиёҷ доштанаш норозиёна маҳсулотро харидорӣ мекунад, албатта, ин ҳаққи касеро хӯрдан мебошад. "Пас, маълум мешавад, ки дар ҳоли ба бародари худ дар моҳи муборак раҳм накардану ҳаққи ӯро хӯрдан ба гуноҳ олуда мешавем. Паёмбари Худо мегӯяд, ки беҳтарин шахс ҳамон нафаре ҳаст, ки манфиаташ ба ҷомеа мерасад", - таъкид намудаст руҳонӣ. Вай аз соҳибкорон хостааст, дар пешниҳоди маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум боинсофона амал кунанд, то тамоми қишрҳои ҷомеа имкони хариди маҳсулоташонро дошта бошанд.
https://sputnik.tj/20230329/video-iftor-tojikon-khayma-ramazon-maskav-1055832899.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/15/1040337188_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_c3785e9281cb568d4ff98007f5cc75c5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, шӯрои уламо, тоҷикистон, нарх, баланд, моҳ, рамазон
ҳушдор, шӯрои уламо, тоҷикистон, нарх, баланд, моҳ, рамазон
Шӯрои уламои Тоҷикистон гуфт, гаронфурӯшҳоро чӣ интизор аст
15:30 02.04.2023 (Навсозишуда: 16:38 02.04.2023) Мақомдори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки беасос боло бурдани нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар моҳи Рамазон чӣ паёмад дорад
ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Соҳибкорон, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоташонро беасос боло мебаранд, муртакиби гуноҳ мешаванд.
Ин нуктаро муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Усмоналӣ Нурзода дар суҳбат бо нашрияи расмии вилоят баён доштаст.
Зикр гардидаст, ки бо фаро расидани моҳи Рамазон гарон шудани нархи маҳсулоти мавриди ниёзи мардум давоми чанд соли охир анъана шудааст ва савдогарон бесабаб нархи маҳсулотро боло мебардоранд.
Нурзода дар шарҳи масъала аз ҳазрати Абуамома ривоят овардааст, ки он нафаре ҳаққи касеро мехӯрад, пас бар гуноҳ мемонад.
"Агар мо гарон фурӯхтани маҳсулотро мисол биёрем ва маҳсулотро аз арзишаш дида болотар мефурӯшем, ин ҳаққи касеро хӯрданро мемонад", - изҳор доштаст ӯ.
Вай тавзеҳ додаст, ҳангоме ки маҳсулотро бо нархи гарон пешниҳод мекунанд ва харидор бо сабаби эҳтиёҷ доштанаш норозиёна маҳсулотро харидорӣ мекунад, албатта, ин ҳаққи касеро хӯрдан мебошад.
"Пас, маълум мешавад, ки дар ҳоли ба бародари худ дар моҳи муборак раҳм накардану ҳаққи ӯро хӯрдан ба гуноҳ олуда мешавем. Паёмбари Худо мегӯяд, ки беҳтарин шахс ҳамон нафаре ҳаст, ки манфиаташ ба ҷомеа мерасад", - таъкид намудаст руҳонӣ.
Вай аз соҳибкорон хостааст, дар пешниҳоди маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум боинсофона амал кунанд, то тамоми қишрҳои ҷомеа имкони хариди маҳсулоташонро дошта бошанд.