https://sputnik.tj/20230330/bozor-bokhtar-qalamfur-tilo-mefurushand-1055856846.html
Дар бозори Бохтар қаламфури "тилоӣ" мефурӯшанд
Дар бозори Бохтар қаламфури "тилоӣ" мефурӯшанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозорҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон, хосатан шаҳри Бохтар нархи қаламфури булғорӣ дар моҳи Рамазон ба таври рекордӣ боло рафт
2023-03-30T14:57+0500
2023-03-30T14:57+0500
2023-03-30T14:57+0500
дар тоҷикистон
нарх
иҷтимоъ
бохтар
қаламфур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1e/1055856915_0:113:1200:788_1920x0_80_0_0_be899f9aee2c55fc55001a8108ddb34e.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар нархи як кило қаламфури булғорӣ 80-100 сомонӣ фурӯхта мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Фараж”.Манбаъ аз қавли сокинон менависад, ки дар моҳи Рамазон тоҷирон якбора нарху навои бозорро баланд карданд.Ҳоло як кило қулфинай дар бозори Бохтар ба нархи 30-50 сомонӣ фурӯхта мешавад.Дар ҳоле, ки ин навъ буттамева ҳамагӣ 18 километр дуртар аз шаҳри Бохтар дар ноҳияи Вахш парвариш мешавад. Харидорон мегӯянд, нархи гарони қулфинай берун аз инсоф аст ва онҳо тоҷиронро айбдор мекунанд, вале фурӯшандаҳо мегӯянд, бидуни далел нархро гарон намекунанд.Зимнан, арзиши чанд маҳсулоти дигари ғизоӣ, ки дар моҳи Рамазон зиёд истеъмол мешаванд, дар бозори Бохтар чунин аст:Манбаъ меафзояд, масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон ва масъулони бозорҳои Фаровону Ҳоҷи Шарифи шаҳри Бохтар гуфтанд, ки назоратро пурзӯр мекунанд.Қаблан хабар дода шуд, ки дар бозори шаҳри Бохтар нархи гӯшт аз 65 ба 68 сомонӣ боло рафт.Ҳамзамон арзиши як литр шир низ, ки қабл аз моҳи Рамазон 4-5 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло 8 сомонӣ нарх дорад.Ҳамасола дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулоти ниёзи авал аз ҷониби соҳибкорону баланд карда мешаваду ин ҳолат норозигии аксар сокинонро ба бор меоварад.
https://sputnik.tj/20230327/bad-gusht-narkhi-shir-ham-dar-khatlon-bolo-raft-1055788661.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1e/1055856915_0:0:1200:900_1920x0_80_0_0_e38df07284769dfbf4d82af8e9693f19.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бохтар қаламфур гарон
Дар бозори Бохтар қаламфури "тилоӣ" мефурӯшанд
Дар бозорҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон, хосатан шаҳри Бохтар нархи қаламфури булғорӣ дар моҳи Рамазон ба таври рекордӣ боло рафт
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар шаҳри Бохтар нархи як кило қаламфури булғорӣ 80-100 сомонӣ фурӯхта мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории “Фараж”.
Манбаъ аз қавли сокинон менависад, ки дар моҳи Рамазон тоҷирон якбора нарху навои бозорро баланд карданд.
Ҳоло як кило қулфинай дар бозори Бохтар ба нархи 30-50 сомонӣ фурӯхта мешавад.Дар ҳоле, ки ин навъ буттамева ҳамагӣ 18 километр дуртар аз шаҳри Бохтар дар ноҳияи Вахш парвариш мешавад.
Харидорон мегӯянд, нархи гарони қулфинай берун аз инсоф аст ва онҳо тоҷиронро айбдор мекунанд, вале фурӯшандаҳо мегӯянд, бидуни далел нархро гарон намекунанд.
Зимнан, арзиши чанд маҳсулоти дигари ғизоӣ, ки дар моҳи Рамазон зиёд истеъмол мешаванд, дар бозори Бохтар чунин аст:
помидору бодиринг - аз 15 то 20 сомонӣ;
картошкаву сабзӣ - 5 сомонӣ;
Манбаъ меафзояд, масъулони Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон ва масъулони бозорҳои Фаровону Ҳоҷи Шарифи шаҳри Бохтар гуфтанд, ки назоратро пурзӯр мекунанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар бозори шаҳри Бохтар нархи гӯшт аз 65 ба 68 сомонӣ боло рафт.Ҳамзамон арзиши як литр шир низ, ки қабл аз моҳи Рамазон 4-5 сомонӣ фурӯхта мешуд, ҳоло 8 сомонӣ нарх дорад.
Ҳамасола дар моҳи Рамазон нарху навои маҳсулоти ниёзи авал аз ҷониби соҳибкорону баланд карда мешаваду ин ҳолат норозигии аксар сокинонро ба бор меоварад.