https://sputnik.tj/20230330/artishi-chin-omoda-neruho-rusiya-hamkori-1055852744.html
Мақомот: Артиши Чин омодааст бо нерӯҳои Русия ҳамкорӣ кунад
Мақомот: Артиши Чин омодааст бо нерӯҳои Русия ҳамкорӣ кунад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи вазорати дифои Чин мегӯяд, Артиши ин кишвар омодааст бо нерӯҳои Русия барои таҳкими бештари ҳамоҳангии стратегӣ ҳамкорӣ кунад
2023-03-30T13:20+0500
2023-03-30T13:20+0500
2023-03-30T13:49+0500
дар ҷаҳон
русия
амният ва мудофиа
артиш
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1d/1041269991_0:1:2989:1682_1920x0_80_0_0_2a8de84d63649142acb54dfbac620012.jpg
ДУШАНБЕ, 30 март — Sputnik. Артиши Чин омода аст, бо нерӯҳои Русия барои таҳкими бештари ҳамоҳангии стратегӣ ҳамкорӣ кунад. Дар ин бора зимни як ҳамоиш Тан Кефей намояндаи Вазорати мудофиаи Чин хабар дод.Тавре намояндаи вазорати дифои Чин афзуд, ин ҳамкорӣ барои ҳифзи адолат ва адолати байналмилалӣ зарур аст. Ёдовар мешавем, ки Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин бо як сафари давлатӣ ба Русия сафар кард. Федератсияи Русия аввалин кишваре буд, ки ӯ пас аз дубора ба мақоми раисиҷумҳур интихоб шуданаш ба он парвоз кард. Сафари ӯ аз 20 то 22 март давом кард. Раисиҷумҳури Чин ва раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқоти ғайрирасмӣ доир намуда, баъдан музокирот дар ҳайати васеъ сурат гирифт. Дар поёни мулоқот Си Ҷинпин ва Владимир Путин изҳорот дар бораи нақшаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амиқсозии шарикиро имзо карданд. Илова бар ин, раиси ҷумҳурии Чин Путинро барои боздид аз Чин даъват кардааст. Вай бар ин назар аст, ки ин сафар метавонад то соли 2023 дар форуми сеюми сатҳи баланд дар доираи "Ташаббуси як камарбанд ва роҳ" сурат гирад.
https://sputnik.tj/20230326/putin-rusiya-bo-chin-ittihodi-nizomi-namesozad---video-1055765291.html
русия
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/1d/1041269991_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_338c14dfe77f958ec007daae8fba7f0a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин русия артиш
Мақомот: Артиши Чин омодааст бо нерӯҳои Русия ҳамкорӣ кунад
13:20 30.03.2023 (Навсозишуда: 13:49 30.03.2023) Намояндаи расмии Вазорати дифои Чин мавқеи кишварро дар робита ба ҳамкориҳои артиши Чин ва Русия баён кард
ДУШАНБЕ, 30 март — Sputnik. Артиши Чин омода аст, бо нерӯҳои Русия барои таҳкими бештари ҳамоҳангии стратегӣ ҳамкорӣ кунад.
Дар ин бора зимни як ҳамоиш Тан Кефей намояндаи Вазорати мудофиаи Чин хабар дод.
"Артиши Чин омода аст, ки дар якҷоягӣ бо артиши Русия барои иҷрои комили тавофуқи раҳбарони ду кишвар ҷиҳати таҳкими бештари ҳамоҳангӣ ва иртибототи стратегӣ саъй кунад", - афзуд ӯ.
Тавре намояндаи вазорати дифои Чин афзуд, ин ҳамкорӣ барои ҳифзи адолат ва адолати байналмилалӣ зарур аст.
Ёдовар мешавем, ки Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин бо як сафари давлатӣ ба Русия сафар кард. Федератсияи Русия аввалин кишваре буд, ки ӯ пас аз дубора ба мақоми раисиҷумҳур интихоб шуданаш ба он парвоз кард. Сафари ӯ аз 20 то 22 март давом кард.
Раисиҷумҳури Чин ва раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқоти ғайрирасмӣ доир намуда, баъдан музокирот дар ҳайати васеъ сурат гирифт. Дар поёни мулоқот Си Ҷинпин ва Владимир Путин изҳорот дар бораи нақшаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амиқсозии шарикиро имзо карданд.
Илова бар ин, раиси ҷумҳурии Чин Путинро барои боздид аз Чин даъват кардааст. Вай бар ин назар аст, ки ин сафар метавонад то соли 2023 дар форуми сеюми сатҳи баланд дар доираи "Ташаббуси як камарбанд ва роҳ" сурат гирад.