Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Зеленский иқрор шуд, ки ҳамлаи ҷавобии Украина ғайриимкон аст

© AP / Andrew KravchenkoПрезидент Украины Владимир Зеленский, архивное фото
Президент Украины Владимир Зеленский, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2023
Обуна шудан
Роҳбари Украина шарҳ дод, ки бинобар мавҷуд набудани силоҳу муҳимотии кофии ҷангӣ қувваҳои мусаллаҳи кишвар имкони гузаштан ба ҳамлаи ҷавобиро надоранд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Киев ба далели камбуди ҷиддии аслиҳа ҳанӯз ҳамлаи ҷавобиро оғоз карда наметавонад.
Дар ин бора Владимир Зеленский президенти Украина ба рӯзномаи ҷопонии "Йомиури" хабар додааст.
"Мо ҳоло наметавонем оғоз кунем. Мо наметавонем сарбозони ҷасури худро бидуни танку тӯпхона ва системаҳои мушакҳои сершумори HIMARS ба хатти ҷабҳа бифиристем. Мо мунтазири интиқоли силоҳ аз шарикон ҳастем. Вазъият дар шарқи кишвар номусоид аст", - тавзеҳ додааст ӯ.
Зеленский дар шарҳи интиқоли силоҳ ба Украина таъкид кард, ки "агар иродаи сиёсӣ вуҷуд дошта бошад, роҳи дастгирӣ пайдо мешавад", аммо Киев "дар ҳолати даргирии мусаллаҳона қарор дорад ва наметавонад интизор шавад."
Мусоҳибаи хабарнигори ҷопонӣ бо Зеленский дар қатора дар роҳ аз сӯи Киев самти Херсон сурат гирифт. Зимни суҳбат Зеленский ба дархостҳои кӯмаки бештар ба Украина, бахусус, аз Ҷопон таъкид кард.
Қаблан муовини Денис Пушилин, раиси муваққати ҶМД гуфта буд, ки Ғарб Украинаро ба ҳамлаи ҷавобӣ водор мекунад, то таъмини молӣ ва логистикии Киевро сафед кунад.
Сотрудники Управления специальных операций НАБУ приняли присягу в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Украина барои ҳамлаи ҷавобӣ дар ҶМД низомиёни кофӣ надорад - мушовири Пушилин
Тавре Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия қайд кард, Киев ба амалиёти ҳамла омода мешавад, Маскав аз ин огоҳ аст ва Ситоди генералӣ дар посух тасмимҳои худро омода мекунад.
Коршиносони амрикоӣ дар як мақолаи "Foreign Affairs" ҳушдор додаанд, ки дар ҳоле ки Киев ба ҳамла омодагӣ мегирад, талафоти инсонӣ ва моддӣ метавонад муваффақияти эҳтимолии онро маҳдуд кунад.
Лентаи хабарҳо
0