https://sputnik.tj/20230301/pentagon-bar-on-ast-ki-nizo-dar-ukraina-metavonad-chand-sol-davom-kunad-1055235577.html
Пентагон бар он аст, ки низоъ дар Украина метавонад чанд сол давом кунад
Пентагон бар он аст, ки низоъ дар Украина метавонад чанд сол давом кунад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар он аст, ки низоъ дар қаламрави Украина метавонад то се соли дигар идома ёбад
2023-03-01T16:30+0500
2023-03-01T16:30+0500
2023-10-02T17:12+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
дар русия
има
пентагон
амалиёти вижа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102562/36/1025623636_0:78:1500:922_1920x0_80_0_0_7643a7268be4e224a8130229c3baa4b5.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Низоъ дар Украина метавонад то се соли дигар идома ёбад, гуфт Колин Кал, муовини вазири дифои ИМА.Вай дар як ҷаласае дар Конгресси Амрико гуфт, "мо шеваи муноқишаро намедонем. Муноқиша метавонад дар шаш моҳ ё шояд баъд аз ду ё се сол ба поён расад".Кал афзуд, ки умедвор аст Конгресс ба Киев кумаки молӣ мерасонад ҳатто бо дарназардошти идомаи эҳтимолии низоъ.Русия қаблан ба далели интиқоли аслиҳа ба Украина ба кишварҳои НАТО нота фиристода буд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров афзуд, ҳар силоҳе, ки барои Украина ворид мешавад, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки интиқоли силоҳ ба Украина барои Ғарб ба муваффақияти музокироти Русияву Украина мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ хоҳад расонд. Лавров изҳор дошт, ки ИМА ва НАТО мустақиман дар низоъ дар Украина даст доранд, ки "аз ҷумла на танҳо таъмини силоҳ, балки омӯзиши кадрҳои низомӣ ба хусус дар қаламрави Британия, Олмон, Италия ва дигар кишварҳои Аврупо."
https://sputnik.tj/20230228/shonse-lukashenko-vazi-benazir-poyoni-nizo-ukraina-1055211586.html
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102562/36/1025623636_84:0:1417:1000_1920x0_80_0_0_89a798fc9e876dd4aa7506eca2456a3c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пентагон, има, дар ҷаҳон, украина, низоъ русия, амалиёти вижа, донбасс
пентагон, има, дар ҷаҳон, украина, низоъ русия, амалиёти вижа, донбасс
Пентагон бар он аст, ки низоъ дар Украина метавонад чанд сол давом кунад
16:30 01.03.2023 (Навсозишуда: 17:12 02.10.2023) Муовини вазири дифои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар он аст, ки низоъ дар қаламрави Украина метавонад то се соли дигар идома ёбад
ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Низоъ дар Украина метавонад то се соли дигар идома ёбад, гуфт Колин Кал, муовини вазири дифои ИМА.
Вай дар як ҷаласае дар Конгресси Амрико гуфт, "мо шеваи муноқишаро намедонем. Муноқиша метавонад дар шаш моҳ ё шояд баъд аз ду ё се сол ба поён расад".
Кал афзуд, ки умедвор аст Конгресс ба Киев кумаки молӣ мерасонад ҳатто бо дарназардошти идомаи эҳтимолии низоъ.
Русия қаблан ба далели интиқоли аслиҳа ба Украина ба кишварҳои НАТО нота фиристода буд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров афзуд, ҳар силоҳе, ки барои Украина ворид мешавад, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки интиқоли силоҳ ба Украина барои Ғарб ба муваффақияти музокироти Русияву Украина мусоидат намекунад ва таъсири манфӣ хоҳад расонд. Лавров изҳор дошт, ки ИМА ва НАТО мустақиман дар низоъ дар Украина даст доранд, ки "аз ҷумла на танҳо таъмини силоҳ, балки омӯзиши кадрҳои низомӣ ба хусус дар қаламрави Британия, Олмон, Италия ва дигар кишварҳои Аврупо."