https://sputnik.tj/20230312/dargiri-marzi-tojikiston-afghoniston-1055440706.html
Даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар даргирии ахир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду нафар қочоқчиён кушта ва 70 килограм маводи мухаддир кашфу забт шуд
2023-03-12T09:30+0500
2023-03-12T09:30+0500
2023-03-13T09:25+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
марз
маводи мухаддир
даргирӣ
кдам
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101950/34/1019503488_0:0:2000:1125_1920x0_80_0_0_43b019c753fa5d59cabbdbb9cf64f600.jpg
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар ҷануби Тоҷикистон, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар (КДАМ) бо сарбозони неруҳои марзӣ талошҳо барои қочоқи 70 килограми маводи мухаддирро ба дохили ин кишвар мутавақиф карданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Манбаъ хабар додааст, ки дар натиҷаи ин даргирии ду қочоқчии афғон кушта шудаанд.Ин ҳодиса дар масири Фархор дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рух дод ки як гуруҳи ҷинояткори муташаккил аз панҷ нафар атбоъи Афғонистон қасд доштанд як маҳмулаи бузурги маводи мухаддир ба вазни 70 килограмро ба Тоҷикистон мунтақил кунанд.Ин манбаъ гуфт, ки марзбонони Тоҷикистон ба сӯйи қочоқчиҳо тирандозӣ карданд ва ду нафар аз онҳоро киштанд.Ба гуфта вай, дар натиҷаи тирандозии мутақобил, ду тан аз аъзои ин гурӯҳи ҷинояткор кушта шуданд ва се қочоқчии дигар муваффақ ба фирор ба самт Афғонистон шуданд.Дар бозрасӣ аз маҳали ҳодиса, ҷасади ду қочоқчии афғон як қабзаи аслаҳаи шикорӣ бо 8 мармӣ ва як бомби дастии Ф-1 ва 70 кило чарс аз маҳали даргирӣ кашф шуд.Ёдовари мекунем, ки ба иттилои Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноёти Созмони Милали Муттаҳид баъди ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон кишту истеҳсоли афъюн дар ин кишвар ба маротиб афзудааст.СММ гузориш додааст, ки дар ин замон парвариши афюн дар Афғонистон нисбат ба соли гузашта 32% афзуда, ба 233 ҳазор гектар расидааст.Ба гуфтаи ин дафтар, даромади кишоварзони афғон аз фурӯши ин мавод аз 425 миллион доллар дар соли 2021 то ба 1,4 миллиард доллар дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220111/nizomi-tekhnika-tojikiston-marz-afghoniston-1044732593.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101950/34/1019503488_233:0:1804:1178_1920x0_80_0_0_8293e2568d38e4e764237b0413f0ae99.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, афғонистон, даргирӣ, марз, кочоқчиён, маводи мухаддир, кашф, забт
тоҷикистон, афғонистон, даргирӣ, марз, кочоқчиён, маводи мухаддир, кашф, забт
Даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
09:30 12.03.2023 (Навсозишуда: 09:25 13.03.2023) Дар даргирии ахир дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду нафар қочоқчиён кушта ва 70 килограм маводи мухаддир кашфу мусодира шуд
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Дар ҷануби Тоҷикистон, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар (КДАМ) бо сарбозони неруҳои марзӣ талошҳо барои қочоқи 70 килограми маводи мухаддирро ба дохили ин кишвар мутавақиф карданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Манбаъ хабар додааст, ки дар натиҷаи ин даргирии ду қочоқчии афғон кушта шудаанд.
Ин ҳодиса дар масири Фархор дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рух дод ки як гуруҳи ҷинояткори муташаккил аз панҷ нафар атбоъи Афғонистон қасд доштанд як маҳмулаи бузурги маводи мухаддир ба вазни 70 килограмро ба Тоҷикистон мунтақил кунанд.
Ин манбаъ гуфт, ки марзбонони Тоҷикистон ба сӯйи қочоқчиҳо тирандозӣ карданд ва ду нафар аз онҳоро киштанд.
Ба гуфта вай, дар натиҷаи тирандозии мутақобил, ду тан аз аъзои ин гурӯҳи ҷинояткор кушта шуданд ва се қочоқчии дигар муваффақ ба фирор ба самт Афғонистон шуданд.
Дар бозрасӣ аз маҳали ҳодиса, ҷасади ду қочоқчии афғон як қабзаи аслаҳаи шикорӣ бо 8 мармӣ ва як бомби дастии Ф-1 ва 70 кило чарс аз маҳали даргирӣ кашф шуд.
Ёдовари мекунем, ки ба иттилои Идораи мубориза бо маводи мухаддир ва ҷиноёти Созмони Милали Муттаҳид баъди ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон кишту истеҳсоли афъюн дар ин кишвар ба маротиб афзудааст.
СММ гузориш додааст, ки дар ин замон парвариши афюн дар Афғонистон нисбат ба соли гузашта 32% афзуда, ба 233 ҳазор гектар расидааст.
Ба гуфтаи ин дафтар, даромади кишоварзони афғон аз фурӯши ин мавод аз 425 миллион доллар дар соли 2021 то ба 1,4 миллиард доллар дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.