Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Низомӣ кофист, техника лозим: Тоҷикистон барои ҳифзи марз бо Афғонистон чӣ кор кард?

© AP / Emrah GurelАфганистан, граница
Афганистан, граница - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон вазъият дар марз бо Афғонистонро пайваста таҳти назорат доранд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Тоҷикистон тадобири кофӣ барои ҳифзи марзаш бо Афғонистонро андешидааст, навиштааст РИА "Новости" бо такя ба манобеаш дар мақомоти қудратии кишвар.
"Чораҳо дар мавриди ҳайати шахсӣ, ки то ҳол амалӣ шудаанд, феълан кофиянд. Мутахассисони тайёр, низомиёни таҳсилдидаи кофӣ дорем", - гуфт мусоҳиб.
Вай афзуд, ҳифзи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон бояд аз нуқтаи назари техникаи низомӣ таҳким ёбад, ки раисҷумҳури Беларус, Александр Лукашенко низ дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви СААД аз он гуфта буд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в неформальной встрече руководителей государств - участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Посухи толибон ба Раҳмон дар мавриди ҳузури террористҳо дар марз
Манбаъ дар мавриди "ячейкаҳои хуфта" таъкид намудааст, ки назорати пайваста ва бартарафсозии онҳо ҳанӯз аз соли 2011 ёфтааст, ки он замон сафари шаҳрвандони кишвар ба Сурия ва Ироқ оғоз шуда буд.

"Ячейкаҳои хуфта метавонанд гуногун бошанд. Аз террористу экстремистҳо то аҳзоби мухолифин, ки ҳаракаташон дар кишвар мамнуъ шудааст. Ҳамаи онҳое, ки метавонанд оромиро халалдор кунанд, таҳти назортанд", - таъкид намудааст мусоҳиб.

Ин дар ҳолест, ки Эмомомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти онлайнии сарони кишварҳои узви СААД аз "ячейкаҳои хуфта"-и террористҳо ҳушдор дода, инчунин таъкид намуд, вазъ дар минтақаи марзии Афғонистон майли мураккабшавӣ дорад.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз он гуфт, ки Барномаи байнидавлатии таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон қабулу татбиқ нагардидааст. Вай аз роҳбарони кишварҳои узви СААД даъват намуд, ки дар марзҳои ҷанубии созмон камарбанди амниятӣ ташкил карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0