Хуруҷи вабо дар ҷаҳон: Мақомоти Тоҷикистон чӣ мегӯянд?

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкПодготовка школы к новому учебному году
Подготовка школы к новому учебному году  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2023
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон бо зикри он, ки феълан сарҳад бо Афғонистон баста мебошад, таҳдиди вуруди вабо ба кишварро ночиз арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Тоҷикистон дар масъалаи хуруҷи бемории вабо дар бархе аз кишварҳо бо Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар тамос буда, вазъиятро пайгирӣ мекунад.
Ин нуктаро сардори Раёсати амнияти эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии ҶТ, Наврӯз Ҷаъфаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъкид кард.
Вай афзуд, ки феълан таҳдиди воқеии вуруду хуруҷи бемории вабо дар Тоҷикистон ҷой надорад, чун ҳаво сард асту бо кишварҳое, ки ин беморӣ хуруҷ кардааст, рафтуомад нест.
Ҷаъфаров дар феҳрасти манбаи эҳтимолии вуруди вабо ба Тоҷикистон аз Афғонистон зикр кард, аммо изҳор дошт, ки феълан марз бо ин кишвар баста мебошад.
Инвалид-колясочник. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2023
Акси садои "COVID-19”: теъдоди маъюбон дар Тоҷикистон афзуд
Дар баробари ин ҳолатҳои гирифторӣ ба вабо ҳам дар қисматҳои ҷанубии Афғонистон, дар наздикии марз бо Покистон ҷой доранд, ки таҳдиди воқеии сирояти ин маризӣ барои Тоҷикистонро надорад, афзуд ӯ.
Мутахассис таъкид намуд, ки феълан ниҳоди назорати санитарию эпидемиологии кишвар дар марз бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият доранд. Вай зикр намуд, наздики 18 - 19 кишвари ҷаҳон, ки феълан ин беморӣ дар қаламравашон сабт шудааст, асосан дар қитъаи Африқо ҷойгир мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти санитарию эпидемиологии Қазоқистон изҳор доштаанд, ки назорат дар марзро пурзӯр кардаанд, гарчанде ҳолатҳои фавқулодаи марбут ба бемории вабо сабт нашудааст.
Вабо бемории сироятии ҳалокатовари меъда ва рӯда аст, ки боиси дарунравӣ, қай ва умуман вайроншавии мубодилаи обу намак ва таби баланд мегардад.
Лентаи хабарҳо
0