Ҳушдори Трамп аз наздикӣ ба нуқтаи оғози ҷанги ҷаҳонӣ

© AP / Julia NikhinsonБывший президент Дональд Трамп и его жена Мелания Трамп после похорон Иваны Трамп в Нью-Йорке
Бывший президент Дональд Трамп и его жена Мелания Трамп после похорон Иваны Трамп в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2023
Обуна шудан
Президенти собиқи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳукуматдорони Вашингтонро дар таҳрики ҷанги сеюми ҷаҳонӣ муттаҳам карда, бархеяшонро ном бурд
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Ҷаҳон ҳеч гоҳ ба ин ҳад наздик ба муноқишаи ҷаҳонӣ набудааст, изҳор дошт президенти собиқи ИМА Доналд Трамп зимни ироаи як паёми видеоӣ.
Трамп дар муроҷиати видеоияш "ташкилоти фасодзадаи Вашингтон" таҳти сарварии раиси кунунии Кохи Сафед Ҷо Байденро дар сар задани ин вазъият гунаҳкор кард.
"Дар Амрико мо бояд аз намояндагони сохторҳои фасодзада, ки ҳар як тасмими муҳими сиёсати хориҷиро вайрон кардаанд, халос шавем", - таъкид кард президенти собиқ.
Вай қайд кард, ки ҳатто "чеҳраҳои худӣ" дар бораи Байден мегӯянд, ки ӯ дар заминаи дигар кишварҳо ва ҷангҳо як тасмими хубе қабул накардааст.
Послание президента РФ Владимира Путина Федеральному собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2023
Дастури Путин ба вазорати дифоъ ва “Росатом”: ба озмоишҳои силоҳи ҳастаи омода бошед
Трамп инчунин гуфт, ки ҳангоми президент буданаш ҳама гуна "маслиҳати фалокатовар"-и генералҳо, бюрократҳо ва "ба истилоҳ дипломатҳо"-и Вашингтонро рад кардааст.
Вай афзуд, ин одамон танҳо медонанд, ки чӣ тавр Амрикоро ба даргириҳо ҷалб кунанд, аммо касе намегӯяд, ки чӣ гуна аз он берун равад.
Ба унвони мисол, ӯ муовини вазири хориҷаи Амрико Виктория Нуланд ва бисёриҳое мислашро зикр намуд, ки "бо тела додани Украина ба сӯи НАТО машғуланд". Маҳз онҳо муддати тӯлонӣ дар ҷустуҷӯи муқовимат буданд.
"Ва ҳоло мо дар остонаи ҷанги сеюми ҷаҳонӣ қарор дорем", - гуфт ӯ ва бори дигар таъкид кард, ки муноқишаи ҷаҳонӣ ҳеҷ гоҳ ин қадар наздик набуд.
Лентаи хабарҳо
0