https://sputnik.tj/20230221/dastur-putin-vazorati-difo-rosatom-ozmoish-silohi-hastai-1055095286.html
Дастури Путин ба вазорати дифоъ ва “Росатом”: ба озмоишҳои силоҳи ҳастаи омода бошед
Дастури Путин ба вазорати дифоъ ва “Росатом”: ба озмоишҳои силоҳи ҳастаи омода бошед
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия дар паёми ахираш ба вазорати дифои кишвараш ва “Росатом” дастур дод, ки ба озмоишҳои силоҳи ҳастаӣ омода бошанд
2023-02-21T18:35+0500
2023-02-21T18:35+0500
2023-02-21T18:35+0500
дар русия
владимир путин
има
озмоишгоҳ
аслиҳа
ҳастаӣ
озмоиши мушак
вазорати дифои русия
росатом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/15/1055090123_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_48aa5329884b1e1a7f1b4b41d85ea5b6.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Вазорати дифои Русия ва "Росатом" бояд барои озмоиши силоҳи ҳастаӣ омода бошанд, гуфт Владимир Путин, кишвардори Русия.Вай илова кард, ки озмоишҳои силоҳи ҳастаии Русия танҳо баъд аз озмоишҳои ИМА сурт мегирад.“Агар Иёлоти Муттаҳида ин корро аввал анҷом диҳад, мо ҳам бояд барои озмоиш омода бошем”, -қайд кард раҳбари Русия.Вай афзд, ки Русия дар бораи нақшаҳои Ғарб иттилои дақиқи дорад.“Баъзе шахсиятҳо аз Вашингтон, мо онҳоро аниқ медонем, аллакай дар бораи имкони озмоишҳои силоҳи ҳастаии худ фикр мекунанд, аз ҷумла бо дарназардошти он, ки Иёлоти Муттаҳида навъҳои нави силоҳи ҳастаӣ таҳия кардааст. Чунин маълумот вуҷуд дорад ", - гуфт Путин.Вай илова кард, ки дар ин вазъият вазорати дифоъи Русия ва "Росатом" бояд омодагии худро барои озмоиши силоҳи ҳастаии Русия бигиранд.Ҳамзамон Владимр Путин илова кард, ки Русия фаъолияташро мутобиқи паймони коҳиши таслиҳоти ҳастаии дуҷониба миёни ИМА ва Русияро муваққатан қатъ менамояд."Такрор мекунам: Русия шартномаро тарк намекунад, балки иштироки худро муваққатан қатъ менамояд. Вале пеш аз он ки ба муҳокима баргардем, мо бояд худамон фаҳмем, ки кишварҳои монанди Фаронса ва Бритониё чӣ даъво доранд ва мо чӣ тавр тавоноии стратегии онҳо яъне қудратмандии зарбазании НАТО-ро ба назар гирем”, - гуфт ӯ.Ҳамзамон раҳбари Русия ёдовар шуд, ки дар авоили моҳи феврал НАТО аз Русия тақозо кардааст, ки ба иҷрои паймон баргард, ва барои санҷиши иншоотҳои ҳастаии дифоии Русия иҷозат диҳад."Ман намедонам, дар ин бора чӣ гӯям - ин як театри бемаънӣ аст. Мо медонем, ки Ғарб дар талошҳои режими Киев барои зарба задан ба пойгоҳҳои ҳавопаймоҳои стратегии мо бевосита даст дорад", - гуфт Путин.
https://sputnik.tj/20230221/putin-jabha-iqtisodi-nizomi-ittilooti-rusiya-dastbolo-1055090895.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/15/1055090123_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_8a0436599dc49ebddb7927b2ab86de1f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, владимир путин, озмоиши ҳастаӣ, дастур, вазорати дифоъ, росатом, раисҷумҳур, паём
русия, владимир путин, озмоиши ҳастаӣ, дастур, вазорати дифоъ, росатом, раисҷумҳур, паём
Дастури Путин ба вазорати дифоъ ва “Росатом”: ба озмоишҳои силоҳи ҳастаи омода бошед
Раисҷумҳури Русия дар паёми ахираш ба вазорати дифои кишвараш ва “Росатом” дастур дод, ки ба озмоишҳои силоҳи ҳастаӣ омода бошанд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Вазорати дифои Русия ва "Росатом" бояд барои озмоиши силоҳи ҳастаӣ омода бошанд, гуфт Владимир Путин, кишвардори Русия.
Вай илова кард, ки озмоишҳои силоҳи ҳастаии Русия танҳо баъд аз озмоишҳои ИМА сурт мегирад.
“Агар Иёлоти Муттаҳида ин корро аввал анҷом диҳад, мо ҳам бояд барои озмоиш омода бошем”, -қайд кард раҳбари Русия.
Вай афзд, ки Русия дар бораи нақшаҳои Ғарб иттилои дақиқи дорад.
“Баъзе шахсиятҳо аз Вашингтон, мо онҳоро аниқ медонем, аллакай дар бораи имкони озмоишҳои силоҳи ҳастаии худ фикр мекунанд, аз ҷумла бо дарназардошти он, ки Иёлоти Муттаҳида навъҳои нави силоҳи ҳастаӣ таҳия кардааст. Чунин маълумот вуҷуд дорад ", - гуфт Путин.
Вай илова кард, ки дар ин вазъият вазорати дифоъи Русия ва "Росатом" бояд омодагии худро барои озмоиши силоҳи ҳастаии Русия бигиранд.
“Албатта, мо аввалин шуда ин корро анҷом намедиҳем, аммо агар Иёлоти Муттаҳида озмоише анҷом диҳад, мо ҳам онро озмоиш хоҳем кард", - гуфт кишвардори Русия.
Ҳамзамон Владимр Путин илова кард, ки Русия фаъолияташро мутобиқи паймони коҳиши таслиҳоти ҳастаии дуҷониба миёни ИМА ва Русияро муваққатан қатъ менамояд.
"Такрор мекунам: Русия шартномаро тарк намекунад, балки иштироки худро муваққатан қатъ менамояд. Вале пеш аз он ки ба муҳокима баргардем, мо бояд худамон фаҳмем, ки кишварҳои монанди Фаронса ва Бритониё чӣ даъво доранд ва мо чӣ тавр тавоноии стратегии онҳо яъне қудратмандии зарбазании НАТО-ро ба назар гирем”, - гуфт ӯ.
Ҳамзамон раҳбари Русия ёдовар шуд, ки дар авоили моҳи феврал НАТО аз Русия тақозо кардааст, ки ба иҷрои паймон баргард, ва барои санҷиши иншоотҳои ҳастаии дифоии Русия иҷозат диҳад.
"Ман намедонам, дар ин бора чӣ гӯям - ин як театри бемаънӣ аст. Мо медонем, ки Ғарб дар талошҳои режими Киев барои зарба задан ба пойгоҳҳои ҳавопаймоҳои стратегии мо бевосита даст дорад", - гуфт Путин.