Дар Душанбе назорати мустаҳкам сохтани биноҳои бунёдшударо пурзур мекунанд

© SputnikСтроительство русской школы в Таджикистане, махалли (микрорайон) Зарафшон
Строительство русской школы в Таджикистане, махалли (микрорайон) Зарафшон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон эълон кард, ки пас аз заминларзаи маргбор дар Туркия дар шаҳри Душанбе назорати мустаҳкам сохтани биноҳои бунёдшударо пурзур хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Биноҳои баландошёнае, ки дар шаҳри Душанбе сохта шудаанд ё сохта мешаванд, барои тобовар ба заминларзаи 8,5-9 балл пешбинӣ шудаанд, гуфт дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Низом Мирзозода.
Ба гуфтаи вай, барои бунёди иншоот дар ҷумҳурӣ вобаста ба минтақа бо назардошти фаъолияти сейсмикии маҳаллӣ иҷозат дода мешавад.
Вай ҳамчунин дар ин нишасти матбуотӣ қайд кард, ки пас аз заминларза дар Туркия ба масъалаи мустаҳкамии биноҳо, аз ҷумла, биноҳои истиқоматӣ таваҷҷӯҳи хоса дода мешавад.
Кумита барои санҷидани мустаҳкамии таҳкурсӣ ва пайамиқ иншоотҳои сохташаванда озмоишгоҳи вижа ташкил хоҳад кард ва ин гуна санҷишҳо ҳатмӣ хоҳанд шуд.
Мулоқоти вазир бо сафири Туркия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2023
Тоҷикистон ба осебдидагони заминларза дар Туркия кумаки аввалияи равон мекунад
"Зилзилаи фоҷиабор дар Туркия нишон дод, ки баъзе биноҳо маҳз аз поён фурӯ рехтан, ҳарчанд биноҳо дар чунин вазъ аз боло тахриб мешаванд", - таъкид кард Низом Мирзозода.
Ёдовар мешавем, ки теъдоди қурбониёни заминларзаи шадид дар Туркия ба 5894 нафар расид.
Зимнан, дар Сурия 1250 нафар кушта шуда, даҳҳо ҳазор нафар дар ҳар ду кишвар осеб дидаанд.
Дар манотиқи харобшуда наҷотдиҳандагони кишварҳои мухталиф кор мекунанд.
Заминларзаи ахир, ки ҳазорҳо нафарро кушту теъдоди зиёди иншоотро хароб намуд, аз қавитарин ҷунбишҳои замин дар таърихи Туркия арзёбӣ мегардад.
Раисҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар пайи заминларзаи харобиовар дар кишвар то 12 феврали соли равон мотами миллӣ эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0