https://sputnik.tj/20230208/tojikiston-osebdidagoni-zaminlarza-turkiya-kumak-1054764061.html
Тоҷикистон ба осебдидагони заминларза дар Туркия кумаки аввалияи равон мекунад
Тоҷикистон ба осебдидагони заминларза дар Туркия кумаки аввалияи равон мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар рӯзҳои наздик нақша дорад ба осебдидагони зилзилаи ахир дар Туркиякумаки аввалияи башардӯстона ирсол намояд
2023-02-08T09:03+0500
2023-02-08T09:03+0500
2023-02-08T12:09+0500
дар тоҷикистон
туркия
кӯмак
заминларза
ирсол
кӯмаки башардӯстона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/07/1054763904_0:96:1201:771_1920x0_80_0_0_1d8e2dc3736dcbe357a0551b52825579.jpg
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Масъалаи ирсоли кумаки аввалия ба осебдидагони зилзилаи ахир дар Туркия дар мулоқоти роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон баррасӣ шуд, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷа.Бино бар иттилои манбаъ зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон бори дигар ҳамдардии амиқи хешро бино бар заминларзаи шадид дар минтақаи ҷанубу шарқи кишвари дӯсти Туркия, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, баён кард.Дар мулоқот омодагии Ҳукумати Тоҷикистон барои сафарбар намудани гурӯҳи ҳирфаии ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи мазкур, инчунин расонидани кумаки башардӯстона иборат аз маводи аввалияи зарурӣ иброз гардид.Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Анкара, ҳоло аз ҷониби мақомоти расмии Туркия дар бораи ҳалок ва захмӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари ин заминларза маълумот ворид нашудааст.Қайд карда шудааст, ки намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Туркия барои тамоси доимӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои Каҳраманмараш, Ҳатай, Османия, Адияман, Газиантеп, Шанлиурфа, Диярбакир, Малатия ва Адана қарор доранд, телефонҳои шабонарӯзиро фаъол намудааст.
https://sputnik.tj/20230207/bistarai-chiriki-kumak-safiri-afghoniston-saforat-turkiya-1054749522.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/07/1054763904_20:0:1087:800_1920x0_80_0_0_2d6477f21f807c4209901566340a3437.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, сафир, ирсол, кумак, аввалия, осебдидагон, замнларза
тоҷикистон, туркия, сафир, ирсол, кумак, аввалия, осебдидагон, замнларза
Тоҷикистон ба осебдидагони заминларза дар Туркия кумаки аввалияи равон мекунад
09:03 08.02.2023 (Навсозишуда: 12:09 08.02.2023) Мақомоти Тоҷикистон эълон кардааст, ки дар рӯзҳои наздик нақша дорад ба осебдидагони зилзилаи ахир дар Туркия кумаки аввалияи башардӯстона ирсол намояд
ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Масъалаи ирсоли кумаки аввалия ба осебдидагони зилзилаи ахир дар Туркия дар мулоқоти роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон баррасӣ шуд, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷа.
Бино бар иттилои манбаъ зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон бори дигар ҳамдардии амиқи хешро бино бар заминларзаи шадид дар минтақаи ҷанубу шарқи кишвари дӯсти Туркия, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, баён кард.
Дар мулоқот омодагии Ҳукумати Тоҷикистон барои сафарбар намудани гурӯҳи ҳирфаии ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи мазкур, инчунин расонидани кумаки башардӯстона иборат аз маводи аввалияи зарурӣ иброз гардид.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Анкара, ҳоло аз ҷониби мақомоти расмии Туркия дар бораи ҳалок ва захмӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари ин заминларза маълумот ворид нашудааст.
Қайд карда шудааст, ки намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Туркия барои тамоси доимӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои Каҳраманмараш, Ҳатай, Османия, Адияман, Газиантеп, Шанлиурфа, Диярбакир, Малатия ва Адана қарор доранд, телефонҳои шабонарӯзиро фаъол намудааст.