Президент РФ Владимир Путин выступает во время военного парада на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Русия
Русия бузургтарин кишвари ҷаҳон аст, ки дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Шимолӣ ҷойгир аст. Манзараи Русия бениҳоят гуногун аст: дар ҳудуди он тундра, ҷангалҳо ва соҳилҳои субтропикӣ мавҷуданд. Охирин хабару гузоришҳои вобаста ба Русия дар ин пайванд гирд оварда шудаанд.

Володин хостори муҷозоти ИМА барои ҷиноёт алайҳи башарият шуд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонк Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин
 Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.02.2023
Обуна шудан
Раиси Думаи давлатии Русия аз билоди дурӯғи сиёсати ғарби дастаҷамъӣ гуфта, хостори муҷозоти масъулини ғарбӣ барои ҷиноёт алайҳи башарият шуд
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. СММ бояд ҷиноятҳои ИМА алайҳи башариятро тафтиш кунад, изҳор дошт раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия, Вячеслав Володин.
Вай чунин ташаббусро дар саҳифааш дар "Telegram" баён дошта, аз дурӯғҳои созишномаи Минску ҳамла ба Ироқ зикр намуд.
Володин гуфт, собиқ котиби давлатии ИМА, Колин Пауэлл дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид найчаеро намоиш дод, ки гӯиё аз ҳомили силоҳи қатли омми ироқӣ будааст, баъдан дурӯғ баромад.
Сарбозони амрикоӣ инро ҳамчун баҳона барои ҳамла ба Ироқ истифода карданд, гарчанде ки Шӯрои Амният ба Иёлоти Муттаҳида иҷозаи истифодаи нерӯ надода буд.
"СММ бояд ҷиноятҳои Вашингтон алайҳи башариятро таҳқиқ кунад ва сиёсатмадороне, ки тасмим гирифтанд, бояд барои миллионҳо қурбониҳо, гурезагон, сарнавишти шикаста, давлатҳои харобшуда муҷозот шаванд", - гуфт Володин.
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Медведев гуфт, Амрико аз анҷоми низоъ дар Украина манфиатдор нест
Раиси Думаи давлатӣ ёдовар шуд, ки ним миллион ғайринизомиён қурбонии таҷовузи Вашингтон ба Ироқ шуданд, раисиҷумҳур эъдом шуд ва кишвар дигар нест.
Дар ҳоле, ки баъдтар худи Пауэлл иқрор шуд, ки саҳнаи найча бо силоқи қатли ом дурӯғ буд, аммо ИМА ҳеҷ муҷозоте барои ин кор нашуд.
Тамоми сиёсати Иёлоти Муттаҳида ва Ғарби дастаҷамъӣ ба дурӯғ асос ёфтааст, чунон ки дар мавриди "васеъ накардани"-и НАТО ба шарқ буд, гуфт раиси Дума.
Вай илова намуд, ки созишномаҳои Минск низ дурӯғ баромад, танҳо ин дафъа дар нақши Пауэлл, собиқ садри аъзами Олмон, Ангела Меркел ва президенти пешини Фаронса, Франсуа Олланд будаанд.
Лентаи хабарҳо
0