Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Медведев гуфт, Амрико аз анҷоми низоъ дар Украина манфиатдор нест

© Sputnik / Екатерина Штукина / Гузариш ба медиабонкЗампред Совбеза РФ Д. Медведев
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.02.2023
Обуна шудан
Муовини раиси Шӯрои Амнияти Федератсияи Русия бар ин бовар аст, ки Амрико метавонад бо як ишораи ангушт ба низоъ дар Украина хотима бахшад
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои Амнияти Федератсияи Русия мутмаин аст, ки "пирони Вашингтон” дар маъмурияти Амрико ва “шоҳиён” дар Конгресс ба хатми амалиёти вижа дар Украина манфиатдор нестанд.
Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Надана Фридрихсон, ки дар канали Telegram-аш нашр кардааст, изҳор дошт.
"Агар Вошингтон воқеан мехост ҷангеро, ки худи ӯ барангехтааст, хотима диҳад, метавонист бо як зарбаи ангушти худ ин корро анҷом диҳад. Аммо "пирони Вашингтон" дар маъмурияти ИМА ва "шоҳиён" дар Конгресс ба ин манфиатдор нестанд", - гуфт Медведев.
Қаблан, ин сиёсатмадори рус зикр намуда буд, ки "Амрико ҳамеша дӯстон ва беҳтарин "фарзандон"-и худро тарк кардааст. Дер ё зуд ин дафъа низ чунин хоҳад буд".
Зампред Совбеза РФ Д. Медведев провел заседание межведомственной комиссии Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2023
Фақат зӯрӣ мефаҳманд: Вокуниши Медведев ба ради оташбас аз сӯи Киев
Ба ақидаи ӯ, маҳз ин воқеият гиряҳои ашковари масхарабозон дар Киевро ба вуҷуд овардааст.
Аз ин пеш, Маскав аз бесамарии таҳримоту таъминоти аслиҳаю пули низоми Киев гуфта, таъкид намуд, ки ин танҳо амалиёти вижаро тӯл медиҳад, аммо барои бароварда кардани аҳдофи он халал ворид нахоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0