https://sputnik.tj/20221223/bonki-milli-shukr-moliya-ijozatnoma-1053753683.html
Бонки миллӣ ба “Шукр Молия” иҷозатнома дод
Бонки миллӣ ба “Шукр Молия” иҷозатнома дод
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти амонатии қарзии хурди “Шукр Молия” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва арзи хориҷӣ иҷозатнома дод
2022-12-23T20:35+0500
2022-12-23T20:35+0500
2022-12-23T20:35+0500
дар тоҷикистон
бонк
амалиёт
пули хориҷӣ
ташкилот
иҷозатнома
бонки миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101658/97/1016589736_0:92:1600:992_1920x0_80_0_0_3acbb33b085738f6289e52a0921f051e.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ташкилоти амонатии қарзии хурди “Шукр Молия” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома гирифт, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Бонки миллӣ.Тибқи иттилои манбаъ қарори дахлдор дар ин бора аз ҷониби раёсати Бонк ба имзо расидаст.Қарори мазкур мутобиқи моддаи 42 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 14, 21 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ба имзо расидааст.Таъкид шудааст, ки дар асоси қарори мазкур департаменти назорати бонкӣ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва идораи низоми пардохт дар Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон” сабти дахлдорро ворид намоянд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Бонки миллӣ чунин як иҷозатномаро ба Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Эмин Сармоя” дода буд.Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон 18 Ташкилоти амонатии қарзии хурд фаъолият мекунад.
https://sputnik.tj/20221222/emin-sarmoya-puli-milli-amaliyoti-bonki-1053708657.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101658/97/1016589736_195:0:1546:1013_1920x0_80_0_0_79d1e9cd561b057cff54116448034df0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, иҷозатнома, “шукр молия”, амалиёти бонкӣ, арзи хориҷӣ, пули миллӣ, бонк
тоҷикистон, бонки миллӣ, иҷозатнома, “шукр молия”, амалиёти бонкӣ, арзи хориҷӣ, пули миллӣ, бонк
Бонки миллӣ ба “Шукр Молия” иҷозатнома дод
Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти амонатии қарзии хурди “Шукр Молия” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва арзи хориҷӣ иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 23 дек - Sputnik. Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ташкилоти амонатии қарзии хурди “Шукр Молия” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома гирифт, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти Бонки миллӣ.
Тибқи иттилои манбаъ қарори дахлдор дар ин бора аз ҷониби раёсати Бонк ба имзо расидаст.
Қарори мазкур мутобиқи моддаи 42 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 14, 21 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” ба имзо расидааст.
Таъкид шудааст, ки дар асоси қарори мазкур департаменти назорати бонкӣ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва идораи низоми пардохт дар Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон” сабти дахлдорро ворид намоянд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Бонки миллӣ чунин як иҷозатномаро ба Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Эмин Сармоя” дода буд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон 18 Ташкилоти амонатии қарзии хурд фаъолият мекунад.