“Эмин Сармоя” метавонад бо пули миллӣ ва арзи хориҷӣ амалиёти бонкӣ анҷом диҳад

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2022
Обуна шудан
Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ба “Эмин Сармоя” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва арзи хориҷӣ иҷозатнома додааст
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ахиран қарор дар бораи анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва арзи хориҷӣ ба Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Эмин Сармоя”-ро ба имзо расонидааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон қарори мазкур мутобиқи моддаи 42 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 14, 21 Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд”, бо қарори навбатии Раёсати БМТ ба имзо расидааст.
“Ба ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Эмин Сармоя” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.11.2022
Раиси “Алиф Бонк” нав шуд
Ҳамзамон Раёсати Бонк вобаста ба имзои қарори дахлдор, департаменти назорати бонкӣ уҳдадор кардааст, ки дар Феҳристи ташкилотҳои маблағгузории хурд ва идораи низоми пардохт дар Маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон” сабти дахлдорро ворид намоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир дар қаламрави Тоҷикистон 18 Ташкилоти амонатии қарзии хурд фаъолият мекунад.
Лентаи хабарҳо
0