Муҳоҷирон дар Русия аз бемории хатарнок моякӯбӣ мешаванд

© Sputnik / Наталья Горшкова / Гузариш ба медиабонкКрупный центр вакцинации от COVID-19 открылся в Тюмени
Крупный центр вакцинации от COVID-19 открылся в Тюмени - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2022
Обуна шудан
Дар Новосибирск барои кормандони муассисаҳои савдо, омӯзгорон, табибон ва муҳоҷироне, ки то ҳол ваксина нагирифтаанд, моякӯбӣ гузаронда мешавад
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Идораи "Роспотребнадзор" пас аз сабти хуруҷи сироят дар минтақаҳо дастур додаст, ки ваксинагузаронии оммавӣ бар зидди сурхакон баргузор шавад.
Ҳамин тавр, дар вилояти Новосибирск аллакай аз сабаби ин беморӣ вазъи номусоиди эпидемиологиро эълон кардаанд.
Ба иттилои "Роспотребнадзор" дар минтақа, дар моҳҳои ноябр-декабр 14 ҳолати бемории сурхакон сабт шудааст.
Вазорати тандурустӣ муваззаф шудааст, ки дар давраи то 1 январи соли 2023 эмкунӣ бар зидди бемории сурхаки муҳоҷирони меҳнатиро анҷом диҳад.
Начало учебного года в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2022
Мактабҳоро қарантина кунем ё не? – дархости вазорати тандурустӣ аз вазорати маориф
Инчунин коркунони нуқтахои савдо, муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, ки аз сурхча ваксина нагирифтаанд, моякӯбӣ хоҳанд шуд.
Ба ин робита сардухтури санитарии вилоят Александр Шербатов қарор барои эмгузаронии оммавӣ бар зидди бемории хавфнокро имзо кардааст.
Таъкид шудааст, ки асосан бузургсолони ваксинанашуда бемор мешаванд. Сироят аксаран ҳангоми боздид аз нуқтаҳои савдо, бозорҳои маҳаллӣ ва марказҳои савдо сурат мегирад.
Ҳамзамон қайд карда мешавад, ки дар бархе ҳолатҳо ҳамаи аъзои оила беморанд, зеро ин маризӣ хеле сирояткунанда аст. Ин беморӣ метавонад дигар мушкилот, аз қабили ларингит, илтиҳоби шуш, стоматит ва дигар маризиҳоро барангезонад.
Лентаи хабарҳо
0