Мактабҳоро қарантина кунем ё не? – дархости вазорати тандурустӣ аз вазорати маориф

© Sputnik / Амир ИсаевНачало учебного года в Таджикистане
Начало учебного года в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.12.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Эпидемиологи тоҷик Наврӯз Ҷаъфаров иттилоъ дар бораи баста шудани мактабҳо дар ҷумҳурӣ бар асари зукоми мавсимиро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 20 дек – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо аз вазорати маориф пурсон шудааст, ки оё зарурати қатъи дарсҳо дар мактабҳо пеш омадааст ё хайр.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сардори Раёсати амнияти эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров хабар дод.
“Мо аз вазорати маориф дархост кардем, ки ҳисобу китобатонро бубинед. Агар ширкати хонандагон дар дарсҳо аз 50% пойин дар як ҳафта бошад, пешниҳоди худро кунед, то мо қарори заруриро ба тасвиб расонем. Ҳамчунин назорат аз сӯи духтурони муассисаҳои мактабӣ ба роҳ монда мешавад. То ба ҳол мо посух нагирифтаем”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Масъалаи мутаваққиф шудани дарс дар Тоҷикистон дар иртибот ба афзоиши ибтило ба зукоми мавсимӣ дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Қирғизистон ба миён омадааст.
Қаблан вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дода буд, ки аз 16 то 24 декабр мактабҳои кишвар баста шуда, дарсҳо ба формати онлайн гузаронида мешаванд.
Истифодабарандагони сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ аз афзойиши мавориди гирифтории хонандагон ва омӯзгорони мактабҳо дар Тоҷикистон бонги изтироб мезананд ва пешниҳод мекунанд, ки дарсҳо қатъ карда шаванд.
Медицинский сотрудник держит в руках шприц с вакциной от COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2022
Маълум шуд, ки дар вилояти Суғд чанд кӯдак алайҳи бемории хатарнок моякӯбӣ шудааст
Бино ба таҳлилҳои вазорати тандурустии Тоҷикистон, имсол зукоми мавсимӣ дар қиёс бо солҳои оянда, ки бештар дар моҳи ноябр зуҳур мекард, дар аввалҳои моҳи декабр шуруъ шуд ва имшабу рӯзҳо шиддат гирифтааст.
Онро вируси барангезандаи “А” ва “Б” арзёбӣ мекунанд, ки дар шуруъи фасли сармо хуруҷ мекунад ва роҳи ҷилавгирӣ аз он фақат гирифтани тадобири сиҳӣ, аз қабили пӯшидани ниқоб, дур нигаҳ доштани мариз аз бақия узви хонавода ё ҷамъи дигар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0