Гунаҳкорони асосии буҳрони ҷаҳонии ғизо кистан? Посухи коршинос

© Sputnik / Stringer / Гузариш ба медиабонкПустые полки в одном из супермаркетов Львова
Пустые полки в одном из супермаркетов Львова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.10.2022
Обуна шудан
Ғарб ҳама корро анҷом дод, то ҳама савдои озоди ғизо дар бозорҳои ҷаҳонӣ маҳз то расидан ба сарҳади Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида хотима ёбад
Барои мушкилоти амнияти озуқавории мамлакатҳои дар ҳоли рушд, давлатҳои собиқи мустамликадор, пеш аз ҳама Англия ва Фаронса айбдоранд.
Дар ин бора узви вобастаи Академияи илмҳои Русия, профессори Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав Алексей Кузнетсов Sputnik изҳор дошт.
Вай қайд кард, ки мушкили ғизо на аз рӯйдодҳои Украина, балки даҳсолаҳои зиёд пеш пайдо шудааст.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2022
Путин: Русия омодаи таъмини кишварҳои фақир бо ғизо аст
"Онҳо аз охири асри 19 то солҳои 1960 ва 70-ум тавре идора карданд, ки кишварҳои соҳибистиқлол натавонистанд худро бо ғизо таъмин кунанд", - афзуд коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, Иттиҳодияи Аврупо ва то андозае Иёлоти Муттаҳида ҳама корро карданд, ки Ҳама тиҷорати либералии ғизо дар бозорҳои ҷаҳонӣ маҳз то расидан ба сарҳади ИА ва Иёлоти Муттаҳида ба охир расад.
Ба гуфтаи вай, ҳимоят аз соҳаи кишоварзӣ дар кишварҳои пешрафтаи ғарбӣ ба ҳама маълум аст.
"Муваффақиятҳои ба истилоҳ "дастовардҳои" худтаъминкунӣ дар ИА дар аксари соҳаҳои саноати хӯрокворӣ инчунин бар он асос ёфтаанд, ки онҳо рақобати муқаррариро барои онҳое, ки дар бозорҳои берун аз Иттиҳоди Аврупо ҳастанд, иҷозат намедоданд. Гап танҳо дар бораи "ҷангҳои банан" нест, ин ба бозори ғалла низ дахл дорад", - гуфт коршинос.
Вай хостори тафовути дақиқ миёни ҳаводиси Украина ва ҳалли мушкилоти ҷаҳонии ғизо шуд.
Уборка зерновых. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2022
Русия омодагияш барои таъмини кишварҳои ниёзманд бо ғалларо эълон кард
Мавриди зикр аст, ки қаблан Владимир Путин низ изҳор дошта буд, ки буҳрони ғизоро Ғарб бо аҳдофи хеш сунъӣ ташкил кардааст, аммо Маскав омодаи кумак ба кишварҳои ниёзманд аст.
Раисҷумҳури Русия таъкид намуд, ки кишварҳои ғарбӣ, ки ҳамеша чун мустамликадорон амал мекарданд, ҳамоно давом дода истодаанду бори дигар кишварҳои рӯй ба рушдро фиреб дода, бештари ғаллаи Украинаро кашиданд.
Вай ҳушдор дод, ки бо чунин бархӯрд масъалаи буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон шадидтар хоҳад шуд
Лентаи хабарҳо
0