https://sputnik.tj/20221030/rusiya-omodagi-tamin-kishvar-ghalla-1052519944.html
Русия омодагияш барои таъмини кишварҳои ниёзманд бо ғалларо эълон кард
Русия омодагияш барои таъмини кишварҳои ниёзманд бо ғалларо эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Маскав қатъи иштирокашро дар созиш барои интиқоли ғалла аз Украинаро эълон карда, омодагияшро барои таъминоти ғизо ба кишварҳои фақир аз ҳосили худӣ баён дошт
2022-10-30T11:30+0500
2022-10-30T11:30+0500
2022-10-30T11:31+0500
дар русия
иқтисод
ғалла
таъмин кардан
ниёзмандон
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102467/33/1024673384_0:139:3151:1911_1920x0_80_0_0_d95cf6db9fc5c65e043ba36541c1395b.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Русия омода аст ғаллаи Украинаро дар бозори ҷаҳонӣ комилан иваз кунад ва ба ҳамаи кишварҳои ниёзманд бо нархи дастрас таъмин созад. Ин нуктаро вазири кишоварзии Русия, Дмитрий Патрушев, дар пасманзари қатъи иштироки Маскав дар созиш барои интиқоли ғалла аз Украина баён дошт. Ба иттилои вазир, Русия аллакай 150 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ намуда, имкони содирот дар мавсими имсола беш аз 50 млн тонна арзёбӣ мешавад. Маврид ба зикр аст, ки баъди зуҳри 29 октябр Вазорати дифои Русия ширкат дар содироти маҳсулот аз бандарҳои Украинаро ба далели ҳамлаи террористӣ ба киштиҳо дар наздикии Севастопол мутаваққиф кардааст. Ба иттилои ин ниҳод, субҳи барвақти 29 октябр Киев ба киштиҳои флоти Баҳри Сиёҳ ва киштиҳои ғайринизомӣ, ки дар Севастопол буданд, ҳамла кард. Таъкид шудаст, ки киштиҳо ва зерсохторҳои мавриди ҳамла қарор гирифта, барои таъмини амнияти масири башардӯстонаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Украина истифода мешуданд.Пештар Маскав изҳор дошта буд, ки тибқи шартномаи сеҷониба бо ҳузури Русия СММ ва Туркия аз бандарҳои Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ бояд ғалла асосан барои бароварда кардани ниёзи кишварҳои фақир бароварда мешуд. Аммо дар асл кишварҳои ниёзманд хеле қисмати ками онро дастрас карда, ғалла аз Украина асосан ба кишварҳои мутараққӣ интиқол дода мешуд, афзуданд мақомдорони Русия.
https://sputnik.tj/20220927/putin-hosil-ghalla-rekordi-1051712165.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102467/33/1024673384_209:0:2940:2048_1920x0_80_0_0_f8c5392b891edcbf9a2f34272b008320.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омодагӣ, маскав, таъмин, интиқол, ғалла
омодагӣ, маскав, таъмин, интиқол, ғалла
Русия омодагияш барои таъмини кишварҳои ниёзманд бо ғалларо эълон кард
11:30 30.10.2022 (Навсозишуда: 11:31 30.10.2022) Маскав қатъи иштирокашро дар созиш барои интиқоли ғалла аз Украинаро эълон карда, омодагияшро барои таъминоти ғизо ба кишварҳои ниёзманд баён дошт
ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Русия омода аст ғаллаи Украинаро дар бозори ҷаҳонӣ комилан иваз кунад ва ба ҳамаи кишварҳои ниёзманд бо нархи дастрас таъмин созад.
Ин нуктаро вазири кишоварзии Русия, Дмитрий Патрушев, дар пасманзари қатъи иштироки Маскав дар созиш барои интиқоли ғалла аз Украина баён дошт.
"Бо дарназардошти ҳосили имсола, Русия омода аст, ғаллаи Украинаро комилан иваз кунад ва ба ҳамаи кишварҳои манфиатдор бо нархҳои қобили қабул интиқол диҳад", - гуфт ӯ.
Ба иттилои вазир, Русия аллакай 150 млн тонна ғалла ҷамъоварӣ намуда, имкони содирот дар мавсими имсола беш аз 50 млн тонна арзёбӣ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки баъди зуҳри 29 октябр Вазорати дифои Русия ширкат дар содироти маҳсулот аз бандарҳои Украинаро ба далели ҳамлаи террористӣ ба киштиҳо дар наздикии Севастопол мутаваққиф кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, субҳи барвақти 29 октябр Киев ба киштиҳои флоти Баҳри Сиёҳ ва киштиҳои ғайринизомӣ, ки дар Севастопол буданд, ҳамла кард. Таъкид шудаст, ки киштиҳо ва зерсохторҳои мавриди ҳамла қарор гирифта, барои таъмини амнияти масири башардӯстонаи содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Украина истифода мешуданд.
Пештар Маскав изҳор дошта буд, ки тибқи шартномаи сеҷониба бо ҳузури Русия СММ ва Туркия аз бандарҳои Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ бояд ғалла асосан барои бароварда кардани ниёзи кишварҳои фақир бароварда мешуд.
Аммо дар асл кишварҳои ниёзманд хеле қисмати ками онро дастрас карда, ғалла аз Украина асосан ба кишварҳои мутараққӣ интиқол дода мешуд, афзуданд мақомдорони Русия.