https://sputnik.tj/20221009/putin-rusiya-faqir-ghizo-1051994245.html
Путин: Русия омодаи таъмини кишварҳои фақир бо ғизо аст
Путин: Русия омодаи таъмини кишварҳои фақир бо ғизо аст
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия аз дастовардҳои бахши агросаноатӣ тавсиф кард, ки масоили таъмини амнияти ғизоӣ дар дохили кишварро ба таври муваффақ ҳал кард
2022-10-09T09:36+0500
2022-10-09T09:36+0500
2022-10-09T09:42+0500
дар русия
ғизо
буҳрон
иқтисод
владимир путин
ғалла
фақир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1e/1051793327_0:0:3143:1768_1920x0_80_0_0_0f96b7b5074f6a8bd449214b6f674081.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Русия соли равон ҳосили рекордии ғалла - ҳудуди 150 млн тоннаро ҷамъоварӣ хоҳад кард. Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар паёмаш ба муносибати рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ зикр карда, афзуд, ки аз ин ҳаҷм ҳудуди 100 млн тоннааш гандум мебошад. Вай таъкид намуд, ки Русия омода аст, барои ҳалли мушкили буҳрони озуқа ба кишварҳои фақир кумак намояд. Ин дар ҳолест, ки ӯ қаблан изҳор дошта буд, ки таҳримҳо барои содироти ғалла ва нуриҳои Русия метавонанд бӯҳрони ҷаҳонии озуқа дар пай дошта бошанд, ки масъулияти ин ба дӯши Ғарб аст.Маврид ба зикр аст, ки тибқи шартномаи сеҷониба бо ҳузури Русия СММ ва Туркия аз бандарҳои Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои фақиру рӯ ба рушд бояд ғалла содирот мешуд. Путин гуфт, маҳз барои таъмини кишварҳои нодор созиш барои интиқоли ғаллаи Украина ҳосил шуда буд. Раисҷумҳури Русия гуфт, ба шарикони африқоӣ дар масъалаи таъминот бо ғалла мусоидаташро ваъда карда буду созиш барои интиқоли ғаллаи Украина ҳосил шуд.Аммо ба гуфтаи ӯ, феълан қариб ҳамаи ғаллаи содиршударо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гирифта истодаанд.Раисҷумҳури Русия таъкид намуд, ки кишварҳои ғарбӣ, ки ҳамеша чун мустамликадорон амал мекарданд, ҳамоно давом дода истодаанду бори дигар кишварҳои рӯй ба рушдро фиреб доданд. Вай ҳушдор дод, ки бо чунин бархӯрд масъалаи буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон шадидтар хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20221008/tojikiston-hosil-ghalla-kartoshka-elon-1051982719.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1e/1051793327_159:0:2890:2048_1920x0_80_0_0_780be2ce48a897456e08cf84c37b7a46.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ваъда, путин, кишварҳои фақир, таъмин, ғизо
ваъда, путин, кишварҳои фақир, таъмин, ғизо
Путин: Русия омодаи таъмини кишварҳои фақир бо ғизо аст
09:36 09.10.2022 (Навсозишуда: 09:42 09.10.2022) Раисҷумҳури Русия аз дастовардҳои бахши агросаноатӣ тавсиф кард, ки масоили таъмини амнияти ғизоӣ дар дохили кишварро ба таври муваффақ ҳал кард
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Русия соли равон ҳосили рекордии ғалла - ҳудуди 150 млн тоннаро ҷамъоварӣ хоҳад кард.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар паёмаш ба муносибати рӯзи кормандони хоҷагии қишлоқ зикр карда, афзуд, ки аз ин ҳаҷм ҳудуди 100 млн тоннааш гандум мебошад.
"То ба наздикӣ расидан ба чунин рақамҳо душвор ба назар мерасид. Дар дигар зироатҳо, аз қабили лаблабуи қанд, лубиё, офтобпараст низ нишондиҳандаҳои хубанд", - гуфт ӯ.
Вай таъкид намуд, ки Русия омода аст, барои ҳалли мушкили буҳрони озуқа ба кишварҳои фақир кумак намояд.
Ин дар ҳолест, ки ӯ қаблан изҳор дошта буд, ки таҳримҳо барои содироти ғалла ва нуриҳои Русия метавонанд бӯҳрони ҷаҳонии озуқа дар пай дошта бошанд, ки масъулияти ин ба дӯши Ғарб аст.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи шартномаи сеҷониба бо ҳузури Русия СММ ва Туркия аз бандарҳои Украина ба бозорҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишварҳои фақиру рӯ ба рушд бояд ғалла содирот мешуд.
Путин гуфт, маҳз барои таъмини кишварҳои нодор созиш барои интиқоли ғаллаи Украина ҳосил шуда буд. Раисҷумҳури Русия гуфт, ба шарикони африқоӣ дар масъалаи таъминот бо ғалла мусоидаташро ваъда карда буду созиш барои интиқоли ғаллаи Украина ҳосил шуд.
Аммо ба гуфтаи ӯ, феълан қариб ҳамаи ғаллаи содиршударо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гирифта истодаанд.
Раисҷумҳури Русия таъкид намуд, ки кишварҳои ғарбӣ, ки ҳамеша чун мустамликадорон амал мекарданд, ҳамоно давом дода истодаанду бори дигар кишварҳои рӯй ба рушдро фиреб доданд. Вай ҳушдор дод, ки бо чунин бархӯрд масъалаи буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон шадидтар хоҳад шуд.