Чаро дар Суғд ба 7 нафар иҷозаи бастани ақди никоҳ надодаанд?

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкМолодожены обмениваются кольцами во время карантинных мер
Молодожены обмениваются кольцами во время карантинных мер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.10.2022
Обуна шудан
Масъулони Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар Суғд хабар доданд, ки ба ҳафт ҷавони сокини ин вилоят иҷозаи издивоҷ карданро надодаанд
ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Табибон сабаби монеашавии худ дар бастани ақди никоҳи ин гурӯҳи ҷавононро пешгирӣ аз олудагӣ ба беморӣ ва паёмадҳои манфии он шарҳ доданд.
Абдумавлон Абдуллозода, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҳадаф аз манъи издивоҷи ин теъдод ҷавононро ба хотири пешгирӣ аз олудагӣ ва паёмадҳои ногувори ин маризӣ шарҳ дод.
“Муттаасифона дар ташхиси иммуноферментии ҳафт нафар никоҳшаванда зуҳуроти бемории ВНМО дарёфт шуд ва ба ҳамин далел издивоҷи онҳо манъ карда шуд. Ин танҳо ба хотири дар оянда ба вуҷуд наомадани нофаҳмӣ, ҷудошавӣ ва сироятӣ ВНМО аст”, - изҳор намуд, Абдуллозода.
Бино ба иттилоъи манбаъ аз ин ҳафт нафар чаҳор мард ва се зан будаанд.
Директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар Суғд гуфт, ки давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ 53, 4 ҳазор сокини ин вилоят аз ташхиси беморӣ гузаштаанд, ки 19, 3 ҳазори он никоҳшавандаҳо будаанд.
“Ҳафт нафаре, ки дар вақти гузаронидани ташхис нишонаҳои беморӣ пайдо гардид, ҳаркадоми онҳо ба маслиҳат ва табобат қарор дода шуданд”, - қайд намуд, директори марказ.

Омори ру ба камшавии БПНМ (СПИД) дар Суғд

Табибон дар вилояти Суғд таъкид меварзанд, ки солҳои охир мавридҳои сироятёбӣ ба ВНМО коҳиш ёфтааст.
Абдумавлон Абдуллозода, директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ дар вилояти Суғд, зимни суҳбат дар бораи омори сирояти ин маризӣ иттилоъ дод.
Палата в родильном доме отделения центральной больницы Нурободского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.05.2022
Дар Тоҷикистон коҳиши бемориҳои сироятӣ сабт шудааст
Ӯ гуфт, давоми нуҳ моҳи соли 2022 мавридҳои гирифторӣ ба ВНМО назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ дар як сатҳ буда, рақамҳои ин давра дар муқоиса ба панҷ соли гузашта то се баробар поён шудааст.
“Дар ин давра 182 ҳолати сироятёбӣ ба ВНМО ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод 120 мард ва 62 зан аст", - зикр кард, Абдуллозода..
Инчунин оқои Абдуллозода таъкид кардааст, ки ташхис ва тафтишоти эпидемиологӣ маълум намудааст, ки роҳҳои гузариши ин беморӣ аз ҳисоби алоқаи ҷинсӣ 172 ҳолат, аз шумори 182 маврид ҳисоб шуда, ин 74 дарсад и ҷамъи олудагиро ташкил медиҳад. Бо роҳи нашъаманди тазриқӣ 5 нафар ва мавридҳои сироятёбӣ аз модар ба кӯдак ҳам 5 ҳолат қайд шудааст.
Сабти бемории ВНМО дар Тоҷикистон аз соли 1991 шурӯъ шудааст. Бино ба омори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо БПНМ, дар вилояти Суғд 3410 ҳолати гирифторӣ ба ин беморӣ сабт шуда, айни ҳол 2420 нафар табобат мегиранд. Дар тули беш аз сӣ сол, 990 нафар фавтидаанд.
Молодые люди в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Нигаронии Раҳмон аз ҷинояткории хонандагони синфҳои болоӣ ва паҳншавии ВИЧ байни ҷавонон
Бино ба иттилоъи табибон аз шумори умумӣ, 2522 маврид бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ва 727 ҳолати дигар аз ҳисоби нашъамандӣ тазриқӣ сокинон ба ВНМО сироят шудаанд. Дар 129 ҳолати дигар кӯдакон сабт шудаанд, ки дар замони ҳомиладорӣ аз модар сироят ёфтаанд. Сабаби олудашавии 32 нафари дигар номаълум боқӣ мондааст.
Ҳукумати Тоҷикистон чанд сол қабл бо судури қарор ҳадафи ҳатмӣ намудани ташхис ва муоинаи қабл аз издивоҷро пешгирӣ аз сирояти бемориҳо ва ҳифзи сиҳатии сокинон маънидод кардааст.
Бино ба иттилоъи Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 8040 мавриди бастани ақди ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1095 адад кам будааст. Дар ин давра дар 2107 ҳолат бекоркунии ақди никоҳ сабт шудааст, ки ин рақам дар муоқиса ба шаш моҳи соли 2021, 148 маврид зиёд будааст.
Лентаи хабарҳо
0