https://sputnik.tj/20210521/nigaroni-rahmon-jinoyatkori-honandagon-1039616329.html
Нигаронии Раҳмон аз ҷинояткории хонандагони синфҳои болоӣ ва паҳншавии ВИЧ байни ҷавонон
Нигаронии Раҳмон аз ҷинояткории хонандагони синфҳои болоӣ ва паҳншавии ВИЧ байни ҷавонон
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ миёни ноболиғону ҷавонон изҳори нигаронӣ кард
2021-05-21T13:57+0500
2021-05-21T13:57+0500
2021-08-10T16:01+0500
эмомалӣ раҳмон
ҷавонон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032156704_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_5e77812c376ff29256ba91e2450f0d3f.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар Рӯзи ҷавонон гуфтааст, ки танҳо дар соли 2020 аз ҷониби ҷавонон ё бо иштироки онҳо беш аз 4900 ҷиноят содир шудааст, ки қисми зиёди онро ҷавонони бекор содир намудаанд.Миёни ҷавонон паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ, аз қабили вируси норасоии масунияти одам ва нашъамандиро низ раҳбари кишвар ташвишовар хондБа гуфтаи президент, масъалаи даст ба ҷиноят задани ноболиғон низ нигаронкунанда мебошад, зеро шумораи зиёди ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ содир карда мешавад.“Дар панҷ соли охир аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 4437 ҷиноят содир гардидааст”,- гуфтааст президент.Президент гуфтааст, ки шумораи ҷиноятҳои дар соли 2020 содиршуда нисбат ба соли 2019 қариб 16 фоиз кам шудааст, вале 754 ҳолати ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда ҳанӯз ҳам ташвишовар мебошад.
https://sputnik.tj/20210204/Ombudsmen-2020-noboligon-jinoyat-sodir-kardaand-1032757469.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032156704_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_9e1a9581b46779dffcdd4da58e0e4834.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нигарон, раҳмон, ҷинояткорӣ, хонандагон, вич, ҷавонон
нигарон, раҳмон, ҷинояткорӣ, хонандагон, вич, ҷавонон
Нигаронии Раҳмон аз ҷинояткории хонандагони синфҳои болоӣ ва паҳншавии ВИЧ байни ҷавонон
13:57 21.05.2021 (Навсозишуда: 16:01 10.08.2021) Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ миёни ноболиғону ҷавонон изҳори нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, зимни суханронӣ дар Рӯзи ҷавонон гуфтааст, ки танҳо дар соли 2020 аз ҷониби ҷавонон ё бо иштироки онҳо беш аз 4900 ҷиноят содир шудааст, ки қисми зиёди онро ҷавонони бекор содир намудаанд.
“Вақтҳои охир нисбат ба 1660 нафар шаҳрвандони то 30 – сола, ки 41 нафари онҳо ноболиғ мебошанд, барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд”,- афзудааст президент.
Миёни ҷавонон паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ, аз қабили вируси норасоии масунияти одам ва нашъамандиро низ раҳбари кишвар ташвишовар хонд
Ба гуфтаи президент, масъалаи даст ба ҷиноят задани ноболиғон низ нигаронкунанда мебошад, зеро шумораи зиёди ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ содир карда мешавад.
“Дар панҷ соли охир аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 4437 ҷиноят содир гардидааст”,- гуфтааст президент.
Президент гуфтааст, ки шумораи ҷиноятҳои дар соли 2020 содиршуда нисбат ба соли 2019 қариб 16 фоиз кам шудааст, вале 754 ҳолати ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда ҳанӯз ҳам ташвишовар мебошад.