Мақомоти Суғд гуфт, ба зарардидагон аз муноқишаи марзӣ чӣ кумакҳо дастрас гардид

© Пресс-служба администрации Согдийской областиГуманитарная помощь жителям Согда
Гуманитарная помощь жителям Согда   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2022
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд ба сокинони зарардида аз муноқишаи марзӣ кумакҳои модии раисҷумҳури кишвар дастрас гардидааст
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба зарардидагони даргириҳои марзӣ кӯмакҳои моддии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дастрас карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, ба ҳар як оилаи зарардида барои барқарор кардани хонаҳои истиқоматӣ 10 тоннагӣ семент, 120 донагӣ шифер, 2 тоннагӣ арматура, 20-30 ҳазор донагӣ хишт, дару тирезаҳо ҷудо гардид.
Қайд карда шудааст, ки манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон дар кутоҳтарин муддат бунёд ва бо тамоми ҷиҳози зарурӣ таъмин хоҳад шуд.
Гуфта шуааст, ки барои зимистонгузаронии ҳар як оилаи зарардида ба миқдори 100 кг орд , 50 кг биринҷ, 50 равған, инчунин пиёз, сабзӣ, картошка, макарон шакар тақдим карда шудааст.
Эмомали Рахмон президент РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Супориши Раҳмон: Хонаҳои зарардида дар марз то 1 ноябр барқарор шаванд
Тибқи супориши Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои наздик кӯмакҳои моддии навбатӣ ба шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид мегардад.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури кишвар ба ҳукумати кишвар супориш дод, ки Хонаҳои зарардида дар марз то 1 ноябр барқарор шаванд
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фармонеро имзо кард, ки тибқи он ба 300 оилаи зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кумаки навбатии моддӣ ҷудо карда шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотӣ раисҷумҳур.
Манбаъ хабар додааст, ки дар натиҷаи низоъҳои сарҳадии чанд рӯз пеш рухдода шумораи зиёди сокинони мавзеъҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд хисороти ҷонию молӣ диданд, аз ҷумла манзилҳои истиқоматиашон хароб гардиданд.
Вобаста ба ин, Президенти Тоҷикистон фармоиши Ҳукумати Тоҷикистонро имзо карданд, ки дар асоси он ба 300 оилаи зарардидаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кумаки навбатии моддӣ ҷудо карда шуд.
Житель Худжанда Рустам Олимзод, добровольно пришедший сдать кровь для пострадавших в конфликте на таджикско-кыргызской границе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.09.2022
Масъулин: Ба сокинони зарардидаи муноқишаи марзӣ саривақт хун расонидем
“Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Комиссияи давлатии Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳар яке аз оилаҳои манзили зисташон пурра ё қисман зарардида масолеҳи сохтмон ва маводи ғизоӣ дастрас карда мешавад”,- таъкид кардааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки кумаки Президенти кишвар барои дастгирии сокинони деҳоти Чоркӯҳ, Лаккон, Чилгазӣ, Кулканд, Зумрад, Сурх, Ворухи шаҳри Исфара ва деҳоти Овчиқалъача ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷудо гардидааст.
Лентаи хабарҳо
0